Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либосҳои made in Tajikistan бо тарроҳии муосир


Жан-Мишел Гласмэн, тарроҳи машҳури либос аз Фаронса, раиси Иттиҳоди тарроҳони мӯди фаронсавӣ ва мушовири ширкатҳои маъруфи либос дар саросари ҷаҳон, ба корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон оид ба таҳия ва тарроҳии либосҳои нави муосир ва посухгӯ ба мӯди ҷаҳонӣ ёрӣ медиҳад.

Рӯзи 8-уми декабр дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон»-и Маркази байнулмилалии тиҷорат давраи омӯзишии интерактивӣ дар ин мавзӯъ доир шуд.

Намояндаҳои корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, тарроҳони мӯд, намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ниҳодҳои ғайриҳукуматии хадамотрасон ва донишҷӯъни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин давра иштирок карданд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба сомонаи Озодӣ гуфт, мутахассиси маъруфи фаронсавӣ бо мисолҳои воқеъӣ аз ҷаҳони мӯди имрӯз ба иштирокдорони давра нишон дод, то чӣ бояд кард ва чӣ гуна либоси наверо бояд тарҳ рехт, то дар бозор мавқеъ пайдо намуд ва дили муштариро ба даст овард.

Лоиҳаи нави МБТ, ки ёрии фаннӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро дар назар дорад, аз ҷониби Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Ба қавли ҷаноби Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, ҳадафи умумии ин тарҳ дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад.

Лоиҳа таваҷҷӯҳи худро ба дастгирии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар қабули як равиши стротежӣ барои рушди соҳа, беҳтар намудани вазъ ва иқтидори корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва ниҳодҳои хадамотрасони марбут ба ин соҳа ҷиҳати коркарди маҳсулот ва бозорёбӣ, ва ҳамчунин беҳбуд бахшидани зерсохтори идораи сифат равона хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG