Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки шумораи гирифторон ба коронавирус дар саросари ҷаҳон то кунун ҳадди ақал ба 87 ҳазор нафар расида, теъдоди қурбониён аз 3 ҳазор нафар гузашт. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Чин гуфтаанд, ки барои нахустин бор аз моҳи январ ба ин тараф дар вилояти Ҳубей, ки маркази аслии паҳншавии ин вирус мебошад, шумораи гирифторони рӯзона ба ин вирус камтар аз 200 нафар будааст.
Субҳи 2-юми март Комиссияи тандурустии Чин эълом кард, ки рӯзи душанбе 196 нафар дар ин кишвар ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Дар саросари Чин рӯзи гузашта 202 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда буданд. Дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар Чин беш аз 80 ҳазор нафар гуфта мешавад. Ҳамзамон шумораи қурбониёни вирус дар Чин низ ба 2912 нафар расид.
Пас аз Чин коронавирус аз ҳама бештар дар Эрон қурбонӣ доштааст. То рӯзи душанбе 54 нафар дар Эрон ҷон бохта, ҳудуди 1000 тани дигар мубтало шудаанд. Субҳи рӯзи душанбе расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки Муҳаммад Мирмуҳаммадӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва собиқ раҳбари дастгоҳи президенти он кишвар, бар асари гирифторӣ ба вирус даргузашт.
Шумори дигар аз масъулон ва мақомҳои баландпояи Эрон дар рӯзҳои гузашта аз гирифтории худ ба коронавирус хабар доданд ва то ба ҳол марги Ҳодӣ Хусравшоҳӣ, сафири пешини Ҷумҳурии исломӣ дар Ватикан ва Муҳаммадалӣ Рамазонӣ, намояндаи пешини порлумон, бар асари ин беморӣ таъйид шудааст.
Бархе аз кишварҳо ҳам рӯзҳои ахир аз гирифтории шаҳрвандонашон ба ин вирус хабар доданд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Чех эълом кард, ки се нафар ба вируси корона дар ин кишвар гирифтор шудаанд. Ҳар се нафар ахиран аз Итолиё баргаштаанд.
Мақомоти иёлати Вашингтон дар Амрико рӯзи шанбе аз аввалин мавриди марг дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба коронавирус хабар доданд. Рӯзи якшанбе масъулони шаҳри Ню-Йорк иттилоъ доданд, ки як зан ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин зан ахиран ба Эрон сафар карда буд.
Дар Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ҳам мавридҳои зиёди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумораи гирифторон ба вирус дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 4200 нафар нафар буда, 26 кас ҷон бохтаанд. Дар Итолиё, ки дар Аврупо бештарин мизони гирифторӣ ва маргро доштааст, 1696 нафар ба ин беморӣ мубтало шуда, 34 кас ҷон бохтанд.
Бемории коронавирус авохири соли гузашта дар Вуҳани Чин пайдо шуд ва мавридҳои гирифторӣ дар 40 кишвари ҷаҳон сабт шудааст. Дар ин муддат беш аз 3000 нафар ҷон бохта, ҳудуди 87 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.