Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Таъмир дар бинои консулгарӣ дар Кундуз ҷараён дорад


Харитаи вилояти Кундуз
Харитаи вилояти Кундуз

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки бинои консулгарии кишвар дар Кундуз дар таъмир аст, аммо дар сурати зарурат ба умури консулӣ дар ин минтақаи Афғонистон расидагӣ мешавад.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар пайи ҷангҳои ахир дар Кундуз бинои консулгарии Тоҷикистон осеб дида буд ва ба ҳамин далел, ҳоло корҳои таъмиру тармим ва бозсозии он ҷараён дорад".

Ба гуфтаи Атоӣ, дар номае ҷониби Афғонистон низ дар ҷараён гузошта шудааст, аммо дар сурати зарурат Ятимшоҳ Мусофиров, консули Тоҷикистон дар Кундуз ба он ҷо сафар мекунад ва умури консулӣ миёни ду кишварро анҷом медиҳад. Ӯ афзуд, вазъи амниятӣ дар Кундуз дар муқоиса ба пештара беҳтар аст ва умед аст, ки консулгарии Тоҷикистон дар ин минтақаи Афғонистон ба зудӣ корашро ба таври комил фаъол кунад.

Бинои консулгарии Тоҷикистон дар ҷангҳои Кундуз дар авоили моҳи ҷорӣ тахриб ва баста шуда буд. Ҳатто масъулони вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар ҳоли ҳозир консули Тоҷикистон Ятимшоҳ Мусофиров дар Душанбе қарор дорад.

Ба гуфтаи ин масъулон Ятимшоҳ Мусофиров қабл аз ҳамлаи Толибон ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиш дар масъалаи муҳоҷирон, ба Душанбе омада буд. Зимнан, дар шаҳри Кундуз консулгарии Тоҷикстон ягона намояндагии дипломатии хориҷӣ мебошад, ки он ҳам ҳамакнун бинобар нооромиҳо ба таври муваққатӣ фаъолият надорад.

Он замон масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буданд, ки аз саргирии фаъолияти консулгарӣ дар Қундуз ба вазъи амниятӣ бастагӣ дорад. Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул, ҳамчунин консулгариҳои худро дар шаҳрҳои Файзобод, Мазори Шариф ва Кундуз дорад.

Ҷангиёни Толибон рӯзи 28 сентябр шаҳри Қундуз – маркази маъмурии вилояти Қундузи ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистонро тасарруф карданд. Талошҳои нерӯҳои давлатии Афғонистон бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико ва НАТО барои касби дубораи назорат бар ин шаҳр то ба ҳол идома дорад. Ин шаҳр ҳамакнун ба тасарруфи нерӯҳои давлатии афғон даромадааст, аммо дар минтақаҳои атрофи он амалиётҳои берун рондани Толибон, ҷараён дорад.

Қундуз, ки бо 300 ҳазор аҳолиаш панҷумин шаҳри бузурги Афғонистон ба шумор меравад, дар ҳамагӣ 62-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир шудааст. Қундуз нахустин маркази маъмурии як вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон уфтод.

XS
SM
MD
LG