Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсати редаксионии расонаҳо бозбинӣ шавад? (ВИДЕО)


Мавзӯи таъмини озодии баён ва матбуот баҳси гармеро миёни намояндагони ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва худи хабарнигорон ба бор овард.

Таъмини озодии баён ва матбуот, ки яке аз мавзӯъҳои муколамаи миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, баҳси гармеро миёни намояндагони ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва худи хабарнигорон ба бор овард. Дар ин нишаст, ки бо ташаббуси САҲА рӯзи 30 май дар Душанбе баргузор шуд, хабарнигорони расонаҳои мустақил аз маҳдудияти бесобиқаи озодии баён ва андеша дар кишвар шикоят карда гуфтанд, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалии озодии баён ба якборагӣ 30 банд поин рафтааст.

Хуршеди Атоулло, раиси Шӯрои васоити ахбори омма дар як суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт, дастрасӣ ба иттилои расмӣ хеле маҳдуд шудааст ва хабарнигороне, ки ин ё он матлаби танқидӣ таълиф мекунанд, барои

бозпурсӣ ба мақомоти қудратӣ даъват карда мешаванд. Вай гуфт, “шантаж ва сабтҳои пинҳонӣ ва, аз ҷумла, сабти равобити маҳрамонаи журналистон, далели нақзи ҳуқуқи онҳо ва дахолат ба ҳаёти шахсии онҳо маҳсуб мешавад. Танҳо дар давоми як соли охир, ба итиллои НАНСМИТ - Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон 9 ҳолати шикастани почта ва ё саҳифаҳои хабарнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабт шудааст. Аксаран ҳолатҳои шикастани почта қабл аз интихоботҳо рӯй медиҳад”.

Ҷаноби Атоулло гуфт, ҳукумат даст доштанаш ба шикастани почтаи хабарнигронро пайваста рад мекунад. Вале ахиран тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ эътироф кард, ки барои мақомоти қудратии Тоҷикистон дастгоҳи муқтадири гӯш кардани гуфтугӯҳои телефониро тақдим кардааст. Аммо намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, ки низ дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, иддаои маҳдуд шудани озодии баёнро дар Тоҷикистон бепоя хонданд.

Сиёсати редаксионии расонаҳо бозбинӣ шавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Шараф Каримзода, як масъули дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо такя ба ҳар гуна раддабандиҳои байналмилалӣ намешавад вазъи воқеии озодии баёнро дар Тоҷикистон баҳо дод. Вай гуфт: “Ба ҳар гуна раддабандиҳо такя кардан даркор нест. Ин гуна раддабандӣ аз рӯи маҳакҳои гуногун тартиб дода мешавад. Барои чӣ мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандиҳо тағйир ёфт? Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин натиҷаи ҳодисаҳои як соли охир аст. Вақте сиёсатро бо ҳуқуқи инсон омехта мекунанд, албатта натиҷааш ҳамин хел аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз паи чунин раддабандиҳо намеравад, то замоне, ки боварӣ ҳосил накунад, ки мӯҳтавои онҳо беғараз ва воқеъбинона аст”.

Каримзода гуфт, ки дар аксарияти мавридҳо, маҳдуд шудани дастрасӣ ба торнамоҳои хабарӣ, ки, ба гуфтаи ӯ, бархе ин ҳолатро маҳдуд шудани озодии баён мешуморанд, тибқи қонуҳои кишвар сурат мегирад ва онро нашояд далели маҳдуд шудани озодии баён пазируфт. Ба гуфтаи Каримзода, ҳам қонунҳои байналмилалӣ ва ҳам дохилӣ ба давлат ҳақ додаанд, ки “ба хотири таъмини амнияти давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро маҳуд созад”. ё

Дар идомаи ин муколама Саидалӣ Сиддиқ, раиси Оҷонсии давлатии “Ховар” аз ҷанги, ба гуфтаи ӯ, иттилоотии расонаҳои хориҷӣ алайҳи

Тоҷикистон ҳушдор дод ва аз моликони нашрияҳои дохилӣ хост, ки дар ин мубориза аз ҳукумат тарафдорӣ кунанд. Ӯ зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт, расонаҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ба тундӣ интиқод доранд ва ҳамаи редаксияҳои ахбори умуми кишвар дар ин шароит бояд сиёсати кори худро бозбинӣ кунанд.

“Бо назардошти равандҳои кунунӣ бояд сиёсати редаксионии расонаҳои Тоҷикистон бозбинӣ шавад. Бархе аз гурӯҳҳои манфиатдор расонаҳоро барои мубориза бо давлати милли тоҷикон истифода карда истодаанд. Аз ин рӯ, расонаҳои Тоҷикистонро зарур аст, барои ҳимояи кишвар аз ҳамлаҳои иттилоотӣ бештар иқдом кунанд”. Сиддиқов дар идомаи суханронӣ гуфт, кишварҳое, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб мешаванд, наметавонанд амнияти давлатро таъмин созанд. Раиси Оҷонсии давлатии “Ховар” мегӯяд, ки ин изҳороти ӯ ба маънои маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон нест. Ӯ гуфт, Тоҷикистон ба озодии баён ва андеша эҳтиром қоил аст ва ин нукта дар Қонуни асосӣ ва қонунҳои дигари кишвар низ дарҷ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG