Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Садриддин, ки бо ваъдаи афв баргашт, 12 сол зиндонӣ шуд. САДО


Садриддин Муллоев
Садриддин Муллоев

Додгоҳе дар Душанбе Cадриддин Муллоев маъруф ба Мулло Садриддинро бо айбномаи “терроризм“ ва “ифротгароӣ” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора хешовандони ӯ рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки ҳукм одилона нест.

Муллоеви 35-сола, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам мешуд, ба гуфтаи наздиконаш, соли гузашта бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябри соли 2019 боздошт гардид.

Хайриддин Муллоев, падари Садриддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷазое, ки додгоҳ барои писараш таъйин кардааст, бисёр сахт аст ва онҳо аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд.

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеи Садриддин Муллоев рӯзи 8-уми январ дар сӯҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, танҳо пас аз дастрас намудани нусхаи ҳукми додгоҳ, қазияи зерҳимояашро шарҳ хоҳад дод.

Рӯҳонии тоҷик зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00
Линки мустақим

Хайриддин Муллоев афзуд, фарзандаш Cадриддин сухани охирашро рӯзи 2-юми январ баён дошт ва худи ҳамин рӯз, пас аз чанд соати танаффус додраси парванда Мирзо Одиназода ҳукмро содир кардааст. Дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтанд, дар воқеъ ҳукми Садриддин Муллоевро содир кардаанд, вале ҷузъиёти онро нагуфтанд. Мирзо Одиназода, додраси парванда ҳозир нашуд, ҳукмро шарҳ диҳад.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари вакили дифои Садриддин Муллоевро ҳам бигирад. Хонаводаи Садриддин Муллоев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ қабл аз эълони ҳукм, ҳангоми сухани охираш иброз доштааст, ки бо ваъдаи афв аз хориҷа ба Тоҷикистон омадааст, фарзандони хурдсол дорад, ӯро озод намоянд.

Додситонии кулли Тоҷикистон Садриддин Муллоевро ба "терроризм", "зархаридӣ" ва "ташкили иттиҳоди ифротӣ ва иштирок дар он" муттаҳам кардааст. Бо назардошти ин иттиҳомот, додситон октябри соли 2019 аз додгоҳ тақозо кард, ки рӯҳонии тоҷикро ба 18 соли зиндон маҳкум кунад.

Ваъдаи авфе, ки иҷро нашуд?

Хонаводаи Садриддин Муллоев мегӯянд, мақомот бо ваъдаи афв ӯро ба кишвар баргардониданд ва умед доштанд, ки ӯ озод мешавад ва ба зиндагии маъмулӣ бармегардад.

Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар узвият созмонҳои ифротию террористӣ дар сурати иқрори гуноҳ ва изҳори пушаймонӣ афв мешаванд.

Парвандаи Садриддин Муллоев аз он сабаб ҷанҷолӣ шуд, ки ӯ баъди бозгашт аз Туркия ба Душанбе дар як навори видеоӣ гуфт, ки ӯро афв кардаанд. Ӯ дар ин навор мегуфт, аз узвият дар созмони "Ҷамоати таблиғ" пушаймон аст ва аз он даст кашида, ба зиндагии оддӣ рӯ овардааст. Видео дар маркази Душанбе сабт шуда буд, вале маълум нест, ки онро ихтиёрӣ сабт кардааст ва ё бо дастури касе.

"Ҷамоати таблиғ" як созмони мазҳабиест, Додгоҳи олии Тоҷикистон онро созмони ифротӣ хонда ва фаъолияташро аз соли 2006 мамнӯъ кардааст. Дар гузашта ҳам даҳҳо пайрави созмон дар кишвар ба зиндон маҳкум шудаанд.

Садриддин Муллоев, падари чаҳор фарзанд, домоди руҳонии маъруф Мулло Ҳайдар Шарифзода аст. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб бо номи мулло Садриддин мешиносанд. Ба гуфтаи наздиконаш, Муллоев соли 2013 ба Русия ва сипас аз онҷо ба Туркия рафта буд.

Давлати Тоҷикистон солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва таъқибу фишор ба рӯҳониён мавриди танқиди созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.

Моҳи декабри соли гузашта, Амрико Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос аз назари муроот накардани ҳуқуқи динӣ шомил кард. Вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 20-уми декабр гуфт, Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон дигарбора ба феҳрасти кишварҳои мояи нигаронии хос шомил шуданд, чунки “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё помол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”

XS
SM
MD
LG