Cадриддин Муллоев, муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ", ки ба гуфтаи наздиконаш бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргашта буд, боздошт шудааст. Мақомоти интизомӣ ин қазияро шарҳ намедиҳанд, аммо наздикони Муллоев гуфтанд, ӯ як ҳафта аст, ки дар боздошт аст.
Наздикони Cадриддин Муллоев, сокини 35-солаи шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Муллоевро рӯзи 21-уми сентябр ба Додситонии кулл барои пурсиш даъват намуда, дастгир кардаанд. Вале дар ин ниҳод аз шарҳи боздошти Муллоев худдорӣ намуданд.
Хайриддин Муллоев, падари Садриддин рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш бо ваъдаи мақомот бовар карда, аз шаҳри Истанбули Туркия ба Душанбе баргашта буд. Ӯ афзуд: "Ба ваъдаву ҳарфҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ бовар карда омад ва ҳафт моҳ ба зиндагии маъмулӣ машғул буд. Намедонем барои чӣ боз додситонии кулл ӯро боздошт кардааст. Дар боздоштгоҳи Душанбе нигаҳдорӣ мешавад."
Неъматулло Муллоев, бародари Садриддин Муллоев ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти қариб як ҳафта сабаби боздошти бародарашонро ба онҳо шарҳ надоданд ва иҷозаи мулоқот бо ӯро низ надоранд. Танҳо иттилое, ки хонавода пайдо кардааст, ин аст, ки қазияи Муллоев "дар баррасӣ қарор дорад."
Дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, афроде, ки ба зидди онҳо парванда боз шудаасту бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон бармегарданд, набояд боздошт шаванд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, боздошти Садриддин Муллоевро таҳқиқ намуда, баъдан иттилои бештар хоҳанд дод, ки бо чӣ далел дастгир шудааст.
Боздошти Садриддин Муллоев дар ҳолест, ки ӯ пас аз ба Душанбе омадан дар як навори видеоӣ, ки Вазорати умури дохилӣ таҳия кард, мегӯяд, баъди баргаштан ба кишвар мавриди афв қарор гирифтааст. Ӯ дар ин навор, ки моҳи феврали соли равон дар шабакаи Ютуб пахш шуд, мегӯяд, "бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, бо моддаҳои 307, 187 ва 401-и Кодекси ҷиноӣ нисбаташ парвнда боз шуда буд ва баъд аз сӯҳбатҳо бо кормандони УБОП ба мақсади афв шудан, бо хоҳиши худ баргаштааст". Ин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҷавобгариро барои кирдорҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва зархаридӣ пешбинӣ намудааст.
Муллоев он замон дар навори видеоӣ таъкид мекунад, ки ҳоло аз узвият дар созмони "Ҷамоати таблиғ" пушаймон аст ва аз он даст кашида ба зиндагии оддӣ рӯ овардааст. Вай аз афроди дигаре, ки дар хориҷ аз кишваранду нисбаташон парванда боз шудааст, даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд, мақомот онҳоро низ афв хоҳанд кард.
"Ҷамоати таблиғ" як созмони мазҳабист, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди кишвар аз соли 2006 мамнӯъ эълон шудааст. Даҳҳо пайрави ин созмон аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Садриддин Муллоев соҳиби чаҳор фарзанд буда, домоди руҳонии маъруф Мулло Ҳайдар Шарифзода аст. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб бо номи мулло Садриддин мешиносанд. Муллоев ба гуфтаи наздиконаш соли 2013 ба Русия сафар мекунад ва баъди як соли муҳоҷират ба Туркия меравад. Ба қавли наздиконаш, пас аз 5 соли зиндагӣ дар Туркия бо даъвати мақомоти Тоҷикистон, соли 2019 ба кишвар бармегардад. Худи ӯ дар навори видеоии мақомот тасдиқ мекунад, ки аъзои созмони мамнуи "Ҷамоати таблиғ" буд. Маълум нест, ки ин видео дар чӣ шароит сабт шуда, эътирофии Садриддин Муллоев ба узвият дар созмони мамнуъ ихтиёрӣ аст.
Давлати Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар созмонҳои ифротию террористӣ дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар оғози соли равон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки афроди, ба гуфтаи ӯ, "гумроҳшуда"-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Дар гузашта хабарҳо дар бораи афроде, ки ба нияти афв шудан аз хориҷ ба кишвар омада, аз ҷониби мақомот боздошт шуданд расонаӣ шудааст.
Қаблан наздикони Муҳтадӣ Абдулқодиров, писари бародари раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода низ гуфта буданд, ки Муҳтадӣ охири ноябри соли гузашта бо ваъдаи афв аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргашт, вале боздошт ва аз рӯи моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбар эълон шуд. Ҳарчанд баъдан хабарҳо пахш шуд, ки Муҳтадӣ Абдулқодиров шартан аз боздошт раҳо шуд.
Бархе аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, афроде, ки ба умеди ваъдаи афв ба Тоҷикистон бармегарданду бидуни шарҳу тавзеҳи бештар боздошт мешаванд, бо чунин шеваи кор барномаи бозгашти ихтиёрӣ ва замонати афв ва озод шудани гумонбарони дигар зери савол меравад.