Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Домулло Хайриддин бозпурсӣ мешавад


Хайриддин Абдуллоҳ ҳамроҳ бо хоҳарзодаҳояш
Хайриддин Абдуллоҳ ҳамроҳ бо хоҳарзодаҳояш

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Хайриддин Абдуллоҳ, як руҳонии 35-солаи тоҷики муқими Русия пас аз бозгашт ба Душанбе ба бозпурсӣ даъват шудааст. Наздикони ин руҳонии ҷавон мегӯянд, бо гузашти ду рӯз аз бозгашти Хайриддин Абдуллоҳ ӯро надидаанд ва аз сарнавишташ нигаронанд.

Парвина Илолиева, ҳамсари Хайриддин Абдуллоҳ рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари ӯ ду рӯз қабл тариқи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе омад, вале то ҳол ӯро надидаанд.

Ба гуфтаи хонум Илолиева, ду хоҳарзодаи ҳамсараш, ки ҳамроҳи ӯ буданд, ба наздикон супурданд, вале аз худи Домулло Хайриддин хабаре нест.

“Соати 9-и субҳи 29-уми декабр шавҳарам ба ман акс равон кард ва навишт, ки аллакай дар Душанбе аст. Баъди он нопадид шуд. То бегоҳ сабр кардам ва баъдан ба хешовандон хабар додам, ки шавҳари ман куҷост? Хешовандон гуфтанд, ки мо ӯро надидем,”--афзуд ҳамсари руҳонии ҷавон.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти Хайриддин Абдуллоҳро рад карданд ва гуфтанд, ки ӯ танҳо барои "сӯҳбат" даъват шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Хайриддин Абдуллоҳ "баъзе ҳолатҳоро мепурсанд ва ҷавоб медиҳанд."

Дар ВКД нагуфтанд, ки манзур "аз баъзе ҳолатҳо" чӣ аст.

Дар аксе, ки Хайриддин Абдуллоҳ ба ҳамсараш ирсол кардааст, ӯ дар дохили ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" ҳамроҳ бо ду наврас, ки хоҳарзодаҳояш будаанд, дида мешавад. Ҳамсари ин руҳонии ҷавон мегӯяд, шавҳараш бегоҳи 30-юми декабр дар тамоси кутоҳе ба ӯ гуфтааст, дар Вазорати корҳои дохилӣ аст. Ҳамчунин ин руҳонии ҷавон аз ҳамсараш хостааст, дигар ба ӯ нанависад, чун телефон дигар дар дасташ нест.

"То рӯзи 3-юм (январ) Худо агар хоҳад мумкин телефонро диҳанд. Дигар нанавис, телефон дар дасти ман нест,"--гуфтааст, Хайриддин Абдуллоҳ.

Баҳром Ҳамроев, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, қабл аз сафар ба Душанбе бо Домулло Хайриддин тамос дошт. Ба гуфтаи Ҳамроев, руҳонии ҷавон аз рафтан ба Тоҷикистон нигарониҳо дошт ва аз ӯ хоста буд, дар сурати боздошт барояш кӯмаки ҳуқуқӣ расонад.

Хайриддин Абдуллоҳ таҳсилкардаи Эрон буда, дар Русия кору зиндагӣ мекард. Дар ин кишвар чанд маротиба ба ҷони ӯ суиқасд низ сурат гирифта буд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба таблиғи мазҳаби шиа дар миёни муҳоҷирон муттаҳам мекарданд, вале худи ӯ борҳо ин иддаоро бепоя хонда буд.

Домулло Хайриддин то ду соли пеш роҳбари бахши дини Федератсияи муҳоҷирони СНГ буд, ки Каромат Шарипов онро сарварӣ мекард.

XS
SM
MD
LG