Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қории "Қуръон" ба "говдуздӣ" муттаҳам шуд


Яке аз кӯчаҳои Чоркӯҳ
Яке аз кӯчаҳои Чоркӯҳ

Як сокини ноҳияи Исфара аз сӯи марбонони Қирғизистон бо гумони "говдуздӣ" дастгир шудааст. Аммо пайвандони Шероз Тӯлаков мегӯянд, ӯ қории "Қуръон" аст ва касе ба дуздӣ карданаш бовар намекунад.

Сарҳадбонҳои Қирғизистон як сокини марзии Исфараро бо иттиҳоми қасди дуздӣ дастгир карда, 5 шабонарӯз боз дар боздошт медоранд. Аммо пайвандонаш мегӯянд, Шероз Тӯлаковро замоне дастгир карданд, ки ба ҷустуҷӯи гӯсфандони худ ба деҳаи сарҳадии қирғизҳо рафта буд.

Шероз Тӯлаков, сокини 34-солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараро 3 марзбони мусаллаҳи қирғиз нимаи дуюми рӯзи шанбеи 8 - уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд, ки он ҷо барои ҷустуҷӯи гӯсфандони гумшудааш рафта буд, дастгир кардаанд.

Ин ду маҳали Тоҷикистону Қирғизистонро танҳо як дашти чандсадметрӣ аз ҳам ҷудо мекунад, ки сокинони ҳар ду ҷониб дар он ҳайвоноти хонагии худро ба чаро сар медиҳанд.

Нӯъмон Тӯлаков, бародари Шероз рӯзи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародарашро дар пеши чашмони вай 3 сарҳадбони мусаллаҳи қирғиз дастгир карда, бо худ бурданд: “Мо соати тахминан 3 ба ҷустуҷӯи 3 сар гӯсфанди бародарам ба деҳаи Кӯктош, чандсад метр дуртар аз деҳаи худамон рафтем. Чунки пештар як сокини ин деҳа гӯсфандонамонро ба замини мо даромад гуфта, дар оғилаш маҳкам мекард ва баъди рафтани мо сар медод. Бародарам ин навбат оғилашро рафта, ба чашмаш диданӣ шуд. Аммо ҳамин вақт сарҳадбонҳои қирғиз пайдо шуда, вайро дастгир карданд. Онҳо 3 нафар буданд ва дар даст аслиҳа доштанд. Гуфтанд, ки вай гови соҳиби хонаро дуздинаӣ буд. Ман аз дуртар ба онҳо фаҳмонданӣ шудам, ки бародарам ин хел мақсад надошт, аммо гӯш накарданд. Маълум, ки сарҳадбонҳоро пешакӣ оварда буданд. Чунки як рӯз пеш падарам ҳам ба он ҷо рафта буд.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, сарҳабонҳои қирғиз Шероз Тӯлаков, шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамон рӯз ба Бодканд бурда, ба дасти пулис супурдаанд: “Падарам ҳамроҳи сардорони милисаи Чоркӯҳ 3 рӯз Бодканд рафта меомад, ки бародарамро бинанд. Аммо то имрӯз ягон бор вайро нишон надоданд. Фақат як милисаи қирғиз ба падарам гуфтааст, ки бародарамро сахт лату кӯб кардаанд, ки айби ба мақсади говдуздӣ рафтанаш ва чанд дуздии пештараи чорвои қирғизҳоро ҳам ба гардан гирад. Барои ҳамин аз нишон додани вай тарсидаанд, доғу ҷароҳатҳои баданашро милисаҳои тоҷику падарам набинанд. Бародарам ба милисаҳои қирғиз гуфтааст, ки агар парронед ҳам, ман дуздии нокардаамро ба гардан намегирад.”

Мусоҳибам мегӯяд, Шероз оиладор аст ва се фарзанд дорад. Вай ба наздикӣ аз муҳоҷирати кории Русия баргашта буд.

Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, ки Шероз Тӯлаковро чун қории “Қуръон” ва як ҷавони парҳезгору оромтабиат мешиносанд ва бовар намекунанд, ки ба мақсади дуздӣ ба деҳаи қирғизнишин рафта бошад.

Мақомоти пулиси Суғд мегӯянд, пулиси Бодканд онҳоро дар бораи боз кардани парванда алайҳи Шероз Тӯлаков, шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми “қасди дуздии гов” дар ҷараён гузоштааст. Мақомоти Суғд барои гирифтани ин парванда барои идомаи таҳқиқ ба дасти худ, бо ҳамзамон бозгардонидани ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан талош доранд. Аммо ба назар мерасад, ки ин талоши онҳо то ҳол ба ҷое нарасидааст.

Баъди тавофуқи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон моҳи сентябри соли равон сари бунёди ҳамзамони роҳҳои марзии ба ҳар ду ҷониб муҳим, ки сари пайдо кардани роҳҳали он ҷонибҳо 4 сол музокира мекарданд ва аз сар гирифтани муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ ва равуои озод ин бори аввал мақомоти Бодканд як шаҳрванди марзии Тоҷикистонро дастгир карда дар маҳкама медоранд.

Сокинони марзии Исфара мегӯянд, пештар ҳам ҳодисаи дуздӣ ва гум шудани чорпои сокинони марзии тоҷику қирғиз рух медод ва соҳибон чорпои худро пайдо карда наметавонистанд. Ба ҳайси мисол, Малика Мазоҳидова, сокини деҳкадаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ба радиои Озодӣ гута буд, ки нимашаби 1 - ум ба 2 - юми июли соли равон 2 гови ҷӯшоияшро аз ҳавлиаш афроди номаълум дуздидаанд. Ба гуфтаи вай, изи пойи гов ба самти замини қирғизҳо мебурд, аммо сарҳадбонҳои қирғиз ӯву писарашро ба маҳали худ раҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG