ӯзи 25 октябр дар варзишгоҳи шаҳри Бодканд бозии дӯстонаи футбол байни марзбонҳои тоҷику қирғиз баргузор шуд. Дар ин бозӣ тими марзбонҳои отрдяи сарҳадии Исфараи Тоҷикистон бар тими марзбонон аз отряди марзбонии Лайлаки Қирғизистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шудаанд.
Соҷира Ҷақолоева, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 27 октябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, баргузории чунин бозиҳои рафиқона байни марзбонҳои қирғизу тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳадаф аз он таҳкими дӯстӣ байни марзбонҳои қирғиз бо ҳамтоёни онҳо аз кишварҳои ҳамсоя мебошад. Соҷира Ҷоқолоева гуфт, ба зудӣ баргузории мусобиқоти мини-футбол байни тими отряди марзбонии Ҳайдаркон бо марзбонҳои Узбакистон дар нақша гирифта шудааст.
Бозии футбол пеш аз шурӯи музокирот?
Хабари мусбати баргузории бозии рафиқонаи тимҳои футболи марзбонҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле нашр шуд, ки рӯзи 28 октябр дар шаҳри Бодканд, бино ба гузориши ҳукумати Қирғизистон, музокироти марзии ин ду кишвар аз сар гирифта мешавад. Як намояндаи ҳукумати Қирғизистон ба хабаргузории 24kg гуфтааст, "паҳлуҳои зиддунақизи сохтмони роҳҳо алакай ҳаллу фасл шуданд. Дар ин даври музокирот мо фақат рӯи минтақаҳои қаблан матраҳнашуда тамаркуз мекунем."
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тайи қариб яксоли охир марзи ин ду кишвар ба яке аз доғтарин нуқтаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ва яке аз танишзотарин қисматҳои ин марз маҳз минтақаи Исфара ба шумор меравад.
Ноамниҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистион моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи тирпаронии марзбонҳои қирғизу тоҷик дар марзи Исфараву Бодканд оғоз шуда, моҳи август бо задухӯрду тирпаронӣ дар марзи рустои Қалъачаи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки панҷ захмӣ ва ду кушта боқӣ гузошт, идома кард.
Дар маҷмӯъ дар тӯли соли 2014 дар 31 таниши марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 3 нафар, ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Баҳси тӯлонии марз
Қисматҳои мушаххаснашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мояи асосии нофаҳмӣ ва задухӯрдҳо дар марз медонанд. То имрӯз аз 971 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 506 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шуда, тайи 8 соли охир Душанбеву Бишкек ба далели ихтилофоти назар дар амри таъйини хутути марзиашон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
Тоҷикистон дар баҳси масоили марзиаш бо Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 20, замони тақсимоти марзӣ-ҳудудии Осиёи Марказӣ такя мекунад. Аммо Қирғизистон дар муқобил харитаҳои навтари марбут ба солҳои 50 ва 80-умро меорад, ки бар асоси он, ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара пурра дар дохили қаламрави Қирғизистон мемонад.
Ин дар ҳолест ки бино ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, дар харитаҳои қадимтар Ворух анклав набуд. Мояи дигари баҳс заминҳоест, ки дар замони Шӯравӣ ҷумҳуриҳои дар он айём “дӯсту бародар” ба якдигар ба иҷора медоданд. Баъди суқути Шӯравӣ тақрибан 143 000 гектар замини Тоҷикистон дар дасти Қирғизистон ва ҳудуди 2600 гектар замини Қирғизистон дар дасти Тоҷикистон монд.
Намояндагони ду кишвар инак аз соли 1991 ба ин сӯ, дар тӯли 23 сол наметавонанд хутути ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дақиқ кунанд. Дар натиҷа ҳар дафъа оғоз ё идомаи сохтмони ягон иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз, ва ҳатто як таниши маишӣ байни сокинони ду тарафи марз дар нуқоти баҳсӣ ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар мешавад.