Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши бепули "12 соли интизорӣ" дар деҳаҳои Тоҷикистон. ВИДЕО


“Дар назди мактаби рақами 16 филми “Дувоздаҳ соли интизорӣ” намоиш дода мешавад. Биёед, бепул.” Бо чунин нидо кормандони “Суғдсинамо” филми худро барои тамошо ба назди мардуми деҳаҳои вилоят бурдаанд. Даъват тавассути баландгӯяк сурат мегирад ва ин кор барои сокинони баъзе деҳаҳо ҳодисаи нав аст.

  • Саҳна низ дар кӯчаву хиёбонҳо ороста мешавад. Бисёр деҳаҳои Тоҷикистон толори синамо надоранд. Толорҳои пешина харобу баста шудаанд ваё ба тӯйхонаву марказҳои фарҳангӣ табдил ёфтаанд.
Дилошӯб Орифзода
Дилошӯб Орифзода

Дилошӯб Орифзода, продюсери “Суғдсинамо” мегӯяд, ҳадаф аз бурдани филмҳо ба назди мардум эҳёи бовари сокинон ба синамои худӣ аст. “Ҳангоми намоиш мебинем, ки мардум чӣ қадар ташнаи тамошои филми хуб аст. Пас аз намоиш баъзе пиронсолон меоянд ва моро мебӯсанд. Мардум дубора ба синамо бовар мекунанд”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Намоиши бепули филмҳо дар деҳаҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Филми “12 соли интизорӣ” аз рӯзгори духтаре бо номи Фаришта нақл мекунад, ки пас аз хатми мактаби миёна бо хоҳиши хонаводааш оиладор шуда, аммо ба шикаст рӯ ба рӯ гардидааст. Фаришта орзуи таҳсил дар Донишгоҳи тиббиро дошт, то дар оянда пизишк шуда, ба дарди қалби падараш даво бахшад. Аммо пас аз оиладор шудан шавҳару хушдоманаш натанҳо нагузоштанд, ки ӯ ба таҳсил идома диҳад, балки бо вай ба ҳайси ғулом ё канизи худ бархӯрд карданд.

Мушкиле, ки дар рӯзҳои мо низ ҷомеаи Тоҷикистон бо он рӯ ба рӯ аст. Абдуқайюм Қодиров, сокини деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан, мегӯяд, “тамошои ин филм барои фарзандони мо, ки ҳоло онро тамошо мекунанд, як дарси ҳаёт аст. Ин филми тарбиявист.”

Шоҳолим Оқилов, сармутахассиси шуъбаи идеологии ҳукумати Истаравшан ҳам гуфт, агар ин гуна филмҳо дар тамоми деҳаҳо намоиш дода шавад, “хуб аст”.

Набуди бозори фурӯши филм ва риояи ҳаққи муаллиф аз мушкили аслии филмсозони тоҷик аст. Муаллифон филми нави худро дар толорҳои камшумор ба намоиш мегузоранд ва тариқи диск паҳн мекунанд. Вале аз онки дискҳо ғайриқонунӣ нусхабардорӣ мешаванд, ҳатто маблағи буҷети филми сохтаи худро ҷамъ оварда наметавонанд.

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” низ мегӯяд, аз 5 филми ҳунарии сохтаи худ ҳанӯз даромад ба даст наовардаст. Вале дар ин ҳол назди мардум бепул намоиш додани филмҳои худ ба онҳо чӣ медиҳад?

Дилошӯб Орифзода, продюсери “Суғдсинамо” гуфт, “мо медонем, ки замони Шӯравӣ ҳамаи деҳаҳову колхозу мактабҳо толорҳои кино доштанд. Имрӯз “Тоҷикфилм” мехоҳад, ҳамаи инро барқарор кунад. Тасаввур кунед, вақте толорҳо аз нав боз мешаванд, вале мардум ба синамои миллӣ бовар надорад, толорҳо бе тамошобин ва холӣ мемонанд. Барои ҳамин, мақсади мо бедор кардани шавқу завқи мардум ба тамошои филмҳои худӣ аст, ки баъди фаъол шудани шабакаҳои синамо дар кишвар ба толорҳо биёянд.”

Ин тобистон сокинони даҳҳо деҳа дар вилояти Суғд филмҳои “Суғдсинамо” – ро дар толорҳои боз бепул тамошо карданд. Онҳо ният доранд, худро ба назди сокинони деҳаҳои минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ бубаранд.

XS
SM
MD
LG