“Духтари Сайҳун” филмест роҷеъ ба Фарзона, шоираи маъруф ва аз пуркортарин адибони муқими шаҳри Хуҷанд. Созандагони ин филми мустанади 40-дақиқаӣ бо номи “Духтари Сайҳун” талош кардаанд чеҳраи Фарзонаи шоирро ба дӯстдорони шеъру адаби тоҷик муаррифӣ кунанд.
Далери Имомалӣ, ҳунарвар ва рӯзноманигори тоҷик муаллифи филмнома буда, ӯро дар ин амр Муҳиддини Музаффар, раҳбари студияи “Суғд Синамо” ҳамдастӣ кардааст. Далери Имомалӣ рӯзи 22 - юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба сохтани ин филм бо омодагии тӯлонӣ, баъди ҳудуди 6 моҳи ошноӣ бо шахсият, ашъор ва зиндагии Фарзона даст задаанд.
Вай афзуд, “билохира, чунин дарёфтем, ки шахсияти Фарзона, шеър, дунёи ботинии ӯ, ки софу беолоиш боқӣ мондааст, ҳар яке мавзуъҳои арзандаи филмҳои ҷудогонаанд. Ва мо дар маҷмӯъ дар як филми мустанад хостем ӯ ва зиндагиашро ба ҳайси як шоири дурахшони тоҷик, аз замони кӯдакиаш то ба имрӯз муаррифӣ намоем.”
Ба гуфтаи мусоҳибам, Фарзона дар филм чанд шеъри худ, аз ҷумла дар бораи рӯди Сайҳун, ки номи қадимии Сир аст, шеъри дӯстдоштаашро, ки дар танҳоӣ барои худ мехонад, қироат мекунад ва ба саволҳое ҳам посух мегӯяд. Масалан, дар бораи он ки дар зиндагӣ кӣ барояш аз ҳама азиз аст ва аз чӣ метарсад.
Фарзона, шоираи тоҷик, дорандаи унвони “Шоираи халқии Тоҷикистон” ва ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бо нашри нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Тулӯи хандарез” дар соли 1987 ба ҳайси як шоири тозагӯ ва навпардоз ҷойгоҳе пайдо кард. То кунун беш аз 20 китоби ашъори вай, аз ҷумла “Қатрае аз Мӯлиён”, иборат аз 3 ҷилд, “Муҳри гули мино” ва “Себарга” ва китобҳои гулчини ашъори ӯ ба забонҳои анлисиву русӣ дар Маскаву Лондон ба чоп расидааст. Моҳи ноябри соли гузаштаи 2014 50 - умин солгарди зодрӯзи Фарзона дар як маҳфили расмии мутантан дар Қасри Арбоби Хуҷанд таҷлил шд.
Дилошӯби Орифпур, продюсери филми “Духтари Сайҳун” мегӯяд, дар ин филм адибон ва ҳунарварони маъруфи тоҷик, мисли Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва Барзуи Абдураззоқ ва бархе адабиётшиносон ва шарқшиносони хориҷӣ шеър ва чеҳраи ҳунарии Фарзонаро муаррифӣ мекунанд.
Фарзона рӯзи 22-юми декабр дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, заҳмати сохтани ин филм дар бораи ӯро созандагонаш бар дӯш гирифта, вай фақат дар лаҳзаҳое дар филмсозӣ иштирок кардааст. “Ман аслан аз аввал ба ин филмсозӣ муқобил будам. Ва ба Далерҷон ҳам гуфтам, беҳтар нест агар маблағе барои филмсозӣ ба даст овардааст, барои сохтани илми бадеӣ сар кунад ва устодонро ҳам заҳмат надиҳем. Вале гуфт, ки бо онҳо мувофиқат кардааст. Инҳо худшон инондорӣ карданд ва сенария навиштанд ва ман дар таҳияи онфилмсозӣ ягон саҳми фаъол ҳам гирифта натавонистам.”
Филми мустанади "Духтари Сайҳун", ба гуфтаи созандагонаш, моҳҳои ноябру декабри соли равон ба навор гирифта шуда, феълан дар дасти бандубаст қарор дорад.
Дилошӯби Орифпур мегӯяд, ин нахустин таҷрибаи гурӯҳи эҷодии “Суғд Студия” ба таври дастҷамъона сохтани филми мустанад дар бораи як чеҳраи адаб ва шеъри тоҷик аст.
Ин гурӯҳ таҳти раҳбарии Муҳиддини Музаффар, коргардони ҷавони тоҷик ба ҳайси созандаи филми ҳунарии “Паймон”, ки соли гузаштаи 2014 ба намоиш даромад, байни бинандаҳои тоҷик маъруфият касб кард. Филмшиносони тоҷик “Паймон”-ро беҳтарин филми ҳунарии сохташуда дар як музофоти Тоҷикистон дар 2 даҳсолаи охир арзёбӣ карданд.
Нахустин филми ҳунарии Муҳидини Музаффар - «Ормонҳо» соли 2010 бо ҳудуди 90 ҳазор сомонӣ пули қарз наворбардорӣ шуда, ба гуфти худаш, он вомро танҳо баъди 6 моҳи гардиши филм тавонистааст баргардонад.
Дилошӯби Орифпур, продюсери филми мустанади “Духтари Сайҳун” мегӯяд, соли равон ду филми дигари ҳунариро низ ҳамроҳ бо муассисаи давлатии “Синамо” (Душанбе) ва телевизионҳои маҳаллии “Азия” ва “Танин” ба навор гирифтанд, ки нахустнамоиши филми кӯтоҳи “Коса” тобистон баргузор гардида, таҳияи филми дуюми “12 соли интизорӣ” ҳанӯз идома дорад. Вай мегӯяд, бандубасти филми мустанади “Духтари Сайҳун” моҳи январи соли 2016 анҷом хоҳад ёфт.