Маҳмадсафар падар надорад ва мисли қаҳрамони афсонаҳои қадимӣ бо бародараш ҳезум ҷамъ меораду мефурӯшад, то ба модари танҳояшон кӯмак кунанд.
“Ба шарофати ҳамин бачаҳоям зинда ҳастам, 5 сол аст, кор намекунам, чун фишори баланд ва бемории дил дорам. Шукри ҳарду бачаҳоям” – мегӯяд, Ҷумъагул аз ноҳияи Данғара.
Маҳмадсафар 17-сол ва Юсуфҷон бародараш 15 сол дорад. Ҳарду дар русто зиндагӣ мекунанд ва маҳрумиятҳои зиёде кашидаанд ва мекашанд. Либоси дуруст надоранд, бо кафши фарсудаву сӯрох ба мактаб мераванд, мисли дигар ҳамсолонашон вақти бозӣ надоранд.
Пули китобҳояшонро ҷавони хайрхоҳи бегона аз Русия фиристодааст. Юсуфҷон ҳиҷолатӣ аст ва намехоҳад бо хабарнигоре, ки барояш бегона аст, суҳбат кунад. Маҳмадсафар ҷуръати бештар дорад, ки бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат кард.
"Саҳар ҳамон чой мехӯрем"
Дар бораи нодорӣ ва ё камбизоатии оилаашон суҳбат намекунад. Намехоҳад, бигуяд, ки вақте ҳамсинфонаш ба ҷое тамошо мерафтанд, сахт ғам мехӯрд. Намехоҳад, бигӯяд, ки вақте бо либоси кӯҳна ба мактаб меравад, ҳиҷолат мекашад. Хурду хӯрокатон чӣ гуна аст, мепурсам аз Маҳмадсафар. “Шукронаи Худо соз аст, мешавад, саҳар ҳамун чой мехӯрем” мегӯяд, ӯ.
Орзуи Маҳмадсафар халос шудан аз банди камбизоатӣ ва маҳрумиятҳоест, ки то ҳол аз сар гузаронидааст. “Синфи 11 шудам, баъди хатми мактаб мехоҳам, табиб ва ё афсар шавам. Кушиш мекунам, аз дарс намонам, рӯзона то 2 соат дарс тайёр мекунам” – мегӯяд, Маҳмадсафар.
Як таҳқиқи саросарӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки мисли Маҳмадсафар ва бародараш бештар аз 900 ҳазор кӯдак камбизоат ҳастанд ва маҳрумияти зиёде мекашанд. Нахустин таҳқиқи агентии омор, зери унвони “Камбизоатии кӯдакон дар Тоҷикистон” маълум кардааст, ки теъдоди кӯдакони камбизоат бо фаро расидани мавсими тобистон кам мешавад, вале 355 ҳазор кӯдак дар давоми сол фақир мемонанд.
Ҳадаф аз байн бурдани камбизоатӣ дар байни кӯдакон
Ҳадафи ин таҳқиқоти нахустин ба гуфтаи Абдувалӣ Қулов, аз бахши иҷтимоӣ ва демография дар Оҷонси омор, решаёбӣ ва аз байн бурдани фақр дар байни кӯдакон, як қишри осебпазири ҷомеаи Тоҷикистон аст.
“Ҳадаф он аст, ки қарору барномаҳо бо таваҷҷӯҳ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни кӯдакон қабул шаванд, барои онки 40 фоизи аҳолии Тоҷикистонро асосан кӯдакон ташкил медиҳанд” – гуфт, Абдувалӣ Қулов ба Радиои Озодӣ. Айни замон танҳо дар мактабҳои Тоҷикистон тақрибан 2 миллион нафар таҳсил мекунанд.
Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, маҳрумиятҳои муваққатие, ки кӯдакон кашидаанд, ба ояндаи онҳо ва ҳамингуна ба рушди ояндаи миллат дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.
Мушкил ин аст, ки хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон пули зиёди худро барои барои эҳтиёҷоти асосӣ ва махсусан ғизо харҷ мекунанд, барои онҳо таҳсилу сиҳатии фарзанд дуввумдараҷа мешавад. “Кӯдаконе, ки дар хонаводаҳои камбизоат умр ба сар мебаранд ба хатари бештари истеъмоли ғизои нокифоя мувоҷеҳ шуда, метавонанд имкониятҳои асосии таҳсил, инчунин инкишофи ҷисмонӣ, ақлӣ ва иҷтимоиро аз даст диҳанд” – омадааст, дар ин таҳқиқ. Камбизоатӣ дар байни кӯдакон ба гуфтаи муаллифон сабаб мешавад, то фақр аз як насл ба насли дигар гузарад.
Маҳмадсафар ва модараш инро хуб медонанд. Модараш мегӯяд, умедвор аст, писараш соли оянда ба донишгоҳ қабул мешавад ва аз ҳисоби давлат ройгон мехонад. “Агар нашуд, ба буҷавӣ ҳам бошад мефиристам, аз ҳисоби дӯзандагиам, пул меёбам, ки писарам хонад ва одам шавад ва дигар азоб накашад мегӯяд” – Ҷумъагул.
Фақир ҳамчунон фақир мемонад
Аммо дар Тоҷикистон тамоюл ҳоло чунин аст, ки бо вуҷуди талошу саъй ва лаёқат кӯдаконе, ки дар оилаи нодор бузург шудаанд, имкони рафтан ба болоро камтар доранд. Фарзанди доро, доро мешавад ва камбизоат ба осонӣ аз банди фақр халос намешавад. Истисно ҳаст мегӯяд, Назира Муминова, раҳбари «Волидони кӯдакони мушкилии инкишофдошта» дар шаҳри Хуҷанд.
“Ман фикр мекунам, ки агар хуб хонад, соҳиби ягон касби хуб шавад, бисёр чаққону корчалон бошад, тавонад, ки роҳи зиндагиро ёбад, ба фикрам метавонад, занҷири (камбизоатиро) канад. Аммо на ҳама вақт чунин мешавад” – мегӯяд, ӯ.
Нахустин таҳқиқ дар бораи камбизоатии кӯдакон дар Тоҷикистон бар асоси омори соли 2016 анҷом шудааст ва ҳоло қарор аст, онро ҳар сол анҷом бидиҳанд. Аксари кӯдакони фақир дар ноҳияҳои тобеи марказ будаанд ва аз ҳама камтар дар Душанбе. Кӯдаконе фақир ҳисоб мешаванд, ки дар як моҳ барояшон бештар аз 180 сомонӣ ва ё тақрибан 20 доллар харҷ мешавад.
Кӯмакпулӣ ҳаст, аммо ночиз
Ҳукумати Тоҷикистон барои оилаҳои муҳтоҷ кумакпулӣ медиҳад, аммо худи мақомот эътироф мекунанд, ки хароҷоти мардуми камбизоат зиёд мешавад, вале кӯмакҳо ҳамчунон бетағйир ва ночиз мемонанд.
Аз ҳамин сабаб аст, ки ҳазорон нафар аз кӯдакони Тоҷикистон маҷбуранд, ба корҳои сахт ва ғайриқонунӣ машғул шаванд. Аз ҷумла дар панҷ моҳи имсол 237 кӯдакро барои гадоӣ, 187 нафар барои аробакашӣ ва 361 кӯдак барои тиҷорат дастгир шудаанд.
Маҳмадсафару Юсуфҷон аз ин корҳо намекунанд, фақат ҳезум ҷамъ меоранд ва дигарон аз хонаашон омада мебаранд. Умедворанд рӯзе паси компютер нишаста кор мекунанд.
Юсуфҷон ҳоло аз модараш хостааст, барояш компютер бихарад, чун дар мактабашон ду комютер аст, ки ба касе намерасад. Модараш ҳам дар андешаи он аст, ки аз куҷо пул барои компютер пайдо кунад...