Набуди об дар манзили Фирӯз Акобиров зиндагии онҳоро дар гармои тоқатфарсои тобистон сахту мушкил кардааст. Хонаводаашон маҷбур аст барои захираи об аз баҳри хоб гузаранд. Ӯ мегӯяд, ба маҳаллаи онҳо об соати 23-и шаб меояд ва соатҳое, ки маъмулан ҳама дар тараддуди хоб мешаванд, дар ин маҳалла ҳама аз пайи захира кардани об мешавад.
Пули обро саривақт мепардозем...
Ин сокини маҳаллаи Ховарони пойтахт мегӯяд, дигар ёд надорад, ки кай дар манзилаш бемушкил аз об истифода кардааст. Фирӯз Акобиров 2-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маблағи истифодаи обро саривақт мепардозад, вале ҳанӯз мушкили беобӣ ҳалношуда боқӣ мондааст.
Дар Тоҷикистон як пажӯҳиш ҳам нишон додааст, ки танҳо 57 дарсади аҳолӣ ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва бақия 43 дарсади онҳо аз обҳои олуда истифода мебаранд.
Вай гуфт, "шабона дар ҳамин чанд соат тамоми зарфҳои бузургро аз об пур мекунем. Талош мекунем, ки вақти пур кардани об ду рӯзи баъдро ба ҳисоб гирем ва ин обро ду рӯзи дигар истифода кунем. Дар ин рӯзҳои гармӣ мо тамоман об надорем".
Ба мисли Фирӯз Акобиров даҳҳо сокинон дар ин маҳалла аз набуди оби кофӣ азият мекашанд. Идрис Ёров, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, гоҳҳо об дар соатҳои муқарраршуда ҳам намеояд ва онҳо маҷбур мешаванд обро бо пул харанд. Ин мушкил танҳо хоси "Ховарон"-у "Меҳробод" ва маҳаллаҳои "Зарафшон"-у "Профсоюз" нест. Дар бархе баландошёнаҳои маркази Душанбе ҳам об бо реҷа дода мешавад.
"Обро ноогоҳ қатъ мекунанд"
Замира, як сокини маҳаллаи Зарафшон, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунад, гуфт гоҳҳо ҳангоми оббозӣ дар ҳамом об қатъ мешавад ва дигар намедонад чӣ кор кунад. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, "дар бархе минтақаҳои шаҳр ҳатто реҷаи додани об аниқ нест. Баъзан ноогоҳ обро қатъ мекунанд, дигар намедонӣ чӣ кор кунӣ".
Афзоиши шикоятҳо аз беобӣ дар тобистон дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, сокинони пойтахт обро аз меъёр зиёд истифода кардаанд. Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе гуфт, мувофиқи нақша дар як шабонарӯз барои ҳудуди як миллион аҳолии шаҳри Душанбе 350 ҳазор куб об лозим аст, вале дар ин муддат 870 ҳазор куб истеҳсол мешавад, аммо сокинон бо об таъмин намешаванд.
Зувайзода: Бархе сокинон обро исроф мекунанд
Ба гуфтаи Зувайдзода, бархе сокинони пойтахт обро аз меъёр зиёд исроф мекунанд. "Барои чӣ намерасад? Барои ин, ки нодуруст истифода мебарем, дарахтро об медиҳем, ҳамсояро фикр намекунем. Ҳатто барои хунук кардани тарбузу харбуза дар тобистон обро соатҳо кушода мемонем ва дигарҳоро фикр намекунем",-афзуд муовини аввали раиси шаҳри Душанбе
Дар ин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, об аз меъёр зиёд истифода мешавад ва пур кардани обанборро номумкин мекунад. Дар натиҷа коргоҳ маҷбур аст, ки интиқоли обро аз рӯи реҷа ба роҳ монад. Зувайдзода мегӯяд, "се нассоси обкаш дорем, дутоаш кор мекунад. Сеюмаш барои эвакуатсия буд, аммо мо ҳоло онро ҳам истифода мебарем вале мардум шикоят мекунанд, ки об надорем".
Ба гуфтаи Зувайдзода, арзиши расмии оби ошомиданӣ дар кишвар 1 сомону 20 дирам муайян шудааст, аммо барои аҳолӣ 60 дирам фурӯхта мешавад. Ин сабаби дигари беҳуда сарф кардани об аз ҷониби бархе сокинон ҳам мешавад.
Норозигии аслии сокинон ҳам дар ин тобистони тоқатфарсо ин аст, ки тамоми манзилҳои сокинон дар пойтахт ба хати обукоррез пайваст аст ва дар ҳолати набуди об ва пайдо шудани буйи ғализ зиндагиро барояшон дар баландошёнаҳо мушкил мекунад. Чун барои ҳар лаҳза имкони кашондани об имкон надоранд.
Дар саргаҳи об, аммо беоб
Аммо масъулони идораи "Обу корези Душанбе" дар посух ба чунин шикоятҳои сокинон мегӯянд, ки тибқи тартиби истифодаи оби нӯшокӣ миёни хизматрасонии байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда сарҳад вуҷуд дорад.
Онҳо мегӯянд, ки масъулияташон танҳо расонидани об то лӯлаи назди бинои истиқоматӣ аст. Мушкили паст будани фишори об, ки маъмулан ба корношоямии қубури хонаҳо бастагӣ дорад, ба онҳо марбут нест.
Баҳси камбуди об дар пойтахти Тоҷикистон ва норозигии шаҳрвандон солҳо боз идома дорад. Як нигоҳ ба кӯчаҳои пойтахт ҳам кофӣ аст, то дарк кунед, ки шаҳрвандон обро чигуна истифода мекунанд.
Дар Тоҷикистон як пажӯҳиш ҳам нишон додааст, ки танҳо 57 дарсади аҳолӣ ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва бақия 43 дарсади онҳо аз обҳои олуда истифода мебаранд.
Ҳукумати Тоҷикистон таъмини аҳолиро бо оби поки ошомиданӣ аз вазифаҳои афзалиятноки худ номидааст, вале мегӯяд, барои ин кор ва сохтани зербунёдҳо, на камтар аз 2 миллиард доллар маблағ зарур аст.