Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи барқдиҳӣ Телевизиони Давлатиро ба додгоҳ мекашад


Шабакаҳои барқдиҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, аз рӯи гузоришҳои интиқодии “Шабакаи аввал”-и телевизиони давлатии Тоҷикистон ба мақомоти зирабт шикоят бурдааст.

Шабакаи барқдиҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки аз рӯи гузоришҳои танқидии телевизиони давлатии Тоҷикистон ба додситонӣ шикоят бурдааст. Нороҳатии ин ниҳод дар ҳоле шурӯъ шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ахиран омода набудани пойтахтро ба фасли сармо интиқод кард ва ба сокинони Душанбе микрафон дод, ки хадамоти шаҳрдорӣ ва бебарқӣ ва сардӣ шикоят кунанд. Матолиби интиқодӣ аз фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ дар телевизиони давлатӣ тақрибан пахш намешавад ва якбора дигар шудани лаҳни телевизион ин гумонҳоро ба бор овард, ки ҳадафи ин танқидҳо кӣ бошад, шаҳрдори бонуфуз Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки сини бознишастагияш наздик мешавад ва ё мақомоти шабакаҳои барқдиҳӣ?

Саид Атоев, раиси Шабакаҳои барқдиҳии шаҳри Душанбе, ба Радиои “Озодӣ” гуфт, азбаски далелҳои гузориш дар бораи бебарқ мондани ними пойтахт асос надоштанд, онҳо бо шиккоят ба Кумитаи радиову телевизион ва додситонии пойтахт муроҷиат карданд. “Шабакаи аввал” бидуни дар даст доштани далоили собит, гузоришро таҳия кардааст. Масалан, рӯзи якшанбе, ки наворҳо гирифта шудаанд, тамоми кормандони мо дар ҷои кор буданд ва сабаби бебарқ мондани мардум қатъ шудани кабелҳои барқ дар маҳалли сохтмон буд. Ин ҷо гунаҳкор Шабакаҳои барқдиҳӣ на, балки ҳамон ширактҳои пудратчӣ ҳастанд, ки роҳро таъмир мекарданд”- гуфт ҷаноби Атоев.

Аммол Хуҷаназари Аминиён, мудири “Шабакаи аввал” мегӯяд, он чӣ дар гузориш пӯшиш дода шуд, воқеияти пойтахт аст ва бар асоси шикоятҳои сокинони воқеӣ таҳия шудаанд. “Вақте дар бораи бебарқӣ дар кулли кишвар суҳбат мешавад, мавзӯъ дигару вақте сухан дар бораи пойтахт меравад, гап дигар аст. Гап дар ин аст, ки дар саросари кишвар расман лимити барқ ҷорӣ шудааст, аммо дар пойтахт ин маҳдудият вуҷуд надорад. Аммо вақте мебинӣ, ки чандин маҳалла бебарқ мондаанд, вазифаи рӯзноманигор аст. Вақте маҳдудият нест, набудани барқ ҳам аз рӯи инсоф нест”- гуфт оқои Аминиён.

Агар додситонӣ шикояти шабакаи барқдиҳиро ба инобат бигирад ва парванда боз кунад, ин дуюмин даргирии Телевизиони давлатӣ бо шаҳрдорӣ дар толори додгоҳ хоҳад буд. Моҳи июл соли 2007 худи шаҳрдории Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз шабака ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурд ва пирӯз шуд. Аммо телевизион ҳукми додгоҳро дар бораи маъзаратхоҳӣ қабул накард.

Интиқод аз фаъолияти Шабакаҳои барқдиҳии Душанбе танҳо гузорише нест, ки дар он камбудиҳои пойтахт ба намоиш гузошта шуд. Тайи як ҳафтаи ахир як гузориши дигари “Шабакаи аввал” дар бораи сохтмони роҳҳои дохили шаҳр пахш шуд, ки моҳҳо ба ин сӯ идома доранд ва мӯҷиби роҳбандони бесобиқа дар Душанбе шудаанд. Дар ин гузоришҳо ҳатто масъулини пойтахт сӯҳбат карда, инро эътироф мекунанд, ки сохтмони роҳҳо тӯл мекашанд. Гузориши дигар дар бораи тоза нашудани партовгоҳҳо аст, ки тоза кардани он низ ба зиммаи шаҳрдорӣ аст.

Иддае аз коршиносон бар инанд, ки “Шабакаи аввал” бидуни ягон ғараз ва бо истифода аз озодии баён камбудиҳои пойтахтро ба манзури ҳалли онҳо ба намоиш мегузорад, зеро Душанбе – чеҳраи асосии Тоҷикистон аст. Аммо рӯзноманигор Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, вақте сухан дар бораи камбудиҳои пойтахт меравад, бидуни баҳс, пеши назари ҳар нафар чеҳраи шаҳрдори он – Маҳмадсаид Убайдуллоев меояд:

“Бинед, ҳатто дар гузоришҳо аз ҷараёни ҷаласаҳои ҳукуматӣ мекӯшанд, ки чеҳраи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба навор наафтад. Агар озодии баён гӯем, чаро мушкилоти доғи дигар, ки дар ҷомиа ҳастанд, масалан, садамаҳо бо иштироки фарзандони мансабдоронро ба намоиш намегузоранд. Пас ҳоло, ки силслаи гузоришҳои интиқодӣ пахш мешаванд, ин ба он маъност, ки миёни шаҳрдорӣ ва Кумитаи радио ва телевизион боз “гурбаи сиёҳ” гузаштааст.”

“Шабакаи аввал” – и телевизиони давлатии Тоҷикистон дар қиёс бо “Сафина”, ки фарҳангӣ ва “Баҳористон” – телевизиони бачагон ҳастанд, муҳимтарин минбари таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Коршиносон бар инанд, ки ҳеҷ як гузориш агар таҳия ҳам шавад, бе огоҳӣ ва дастури дастгоҳҳои болоӣ пахш намешавад. Аз нигоҳи онҳо, ин падида ду рӯй дорад, яке ин, ки бар асоси камбудиҳо норозигии шаҳриён ба вуҷуд меояд ва ин мушкили амниятиро ба вуҷуд меорад ва ҳам метавонад паёмҳое ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, бошад, ки фурсати бознишастагиаш наздик шудааст ва ҳаводорони иваз кардани ӯ дар ин курсӣ хеле зиёданд.

XS
SM
MD
LG