Аввалин хатмкунандагони мактаби соҳибкории Тоҷикистон мехоҳанд пой ба тиҷорати бузург гузоранд. Баъди як моҳи омӯзиши соҳибкории муваффақ, 18 ҷавони аз 14 то 18-солаи тоҷик рӯзи 15-уми март соҳиби гувоҳномаи мактаби соҳибкорӣ дар назди Клуби соҳибкорони ҷавон шуданд.
Шамсулло Ҷӯраев, яке аз ин ҷавонон, ки ҳанӯз хонандаи мактаби миёна аст, аллакай соҳаи тиҷорати худро муайян кардааст. Ӯ мехоҳад дар соҳаи хизматрасонӣ соҳибкории худро ба роҳ монад, барои амалӣ кардани ин нияти худ ӯ аз ҳоло омодагӣ мегирад ва дониши молиявиашро бештар мекунад: “Ман аз хурди орзуи соҳибкор шуданро мекардам ва хеле мехостам аз соҳибкорони муваффақу маъруф дарси соҳибкорӣ бигираму бо таҷрибаи онҳо аз наздик ошно шавам, бубинам, ки то бузург кардани тиҷорати хеш, чӣ роҳҳоеро тай кардаанд. Вақте аз мактаби Клуби соҳибкорон огоҳ шудам, омадам ва маълумотҳои муҳиме барои худ гирифтам.”
Ташкили давраҳои омӯзишӣ аввалин таҷрибаи Клуби соҳиборони ҷавони тоҷик аст, ки барои боло бурдани маърифати иқтисодӣ ва соҳибкории ҷавонон роҳандозӣ шудааст. Сулаймон Қурбонов, муовини раҳбари ин клуб рӯзи 16-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои омӯзиши наврасону ҷавонон мактаби соҳибкорӣ мутахассисони соҳаи иқтисод, кормандони Кумитаи сармоягузорӣ ва муассисони ширкатҳои бонуфуз ҷалб шуда, аз таҷрибаи кори худ ба шогирдон нақл карданд:
Ба гуфтаи Сулаймон Қурбонов, “як ҳадафи аслии онҳо, рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, афзун шудани соҳибкорони муваффақ ва аз ин роҳ бештар кардани ҷойҳои холии корӣ буд. Хонандаҳо ҳатто ба корхонаҳои соҳибкорон рафта бо чашми худ ба кори онҳо шинос мешуданд. Дарсҳои мо аз се бахш иборат буд, мавзӯи маркетинг ё бозоршиносӣ, дониши молиявӣ ва ҳисобу китоби дуруст дар соҳибкориро онҳо аз худ мекарданд.”
Клуби соҳибкорон тасмим дорад, ба кори мактаби вижаи соҳибкорӣ идома диҳад ва дар навбати дуввум ҷавонони синни аз 18 болоро ба омӯзиш фаро гиранд. Ин иқдоми Клуби соҳибкорон ҳам дар ҳолест, ки ахиран Бонки миллӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти хурди молиявӣ, ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакону наврасонро оғоз намуд. Мубтакирон тасмим доранд, дар доираи ин ҳафта, дар муассисаҳои таълимӣ миёни навҷавонон омӯзишҳои молиявӣ баргузор намоянд.
Зоҳиран ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар як соли ахир ба тарғиби соҳибкорӣ ва боло бурдани маърифати молиявии мардум бештар мароқ зоҳир кардаанд. Таваҷҷӯҳи мақомот ба ин самт ҳам дар ҳолест, ки соҳибкорони тоҷик дар шароити феълӣ як марҳилаи мушкилеро пушти сар мекунанд. Соҳибкорӣ дар ин кишвар бӯҳрони молӣ ва як давраи мушкилро пушти сар мекунад. Дар чанд соли охир садҳо ширкати хурду миёна, ки ба бизнес сарукор доштанд, бинобар гаронии молиёт ва тафтишҳои батакрори мақомоти давлатӣ, аз бозор берун шуданд.
Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, қабл аз ба роҳ мондани барномаҳо барои боло бурдани маърифати иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, бояд фазои мусоид барои рушди соҳибкори дар кишвар фароҳам шавад:“То соҳибкор вақте корхона мекушояд дар фикри он набошад, ки имрӯё ё фардо нозирони андоз ба сарам меоянд, баръакс соҳибкор вақте мехоҳад коре ташкил кунад, вай ҳамавақт бояд аз тарафи ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ меёбад ва ин ҳам на дар шакли шифоҳӣ, балки дастгирии молиявӣ бошад, то соҳибкор тавонад, маҳсулоти худро роҳандозӣ ва ба бозор ворид кунад. Ҳоло зиндагӣ мардумро водор кардааст, ки аз маълумоти зарурии молиявӣ огоҳ бошанд, бисёриҳо медонанд, ки пулро гирифта ба чӣ сарф кунанд. Ҳоло беҳтар ба назари ман муҳим таҷдиди кодекси андоз ва такя ба соҳибкории хурду миёна аст”
Аммо Сулаймон Қурбонов, муовини раҳбари Клуби соҳибкорони ҷавон мегӯяд, бо огоҳ будан аз дониши молиявӣ, соҳибкор дар ҳамагуна ҳолат метавонад роҳи бурунрафт аз мушкилро пайдо кунад ва муфлис нашавад: “Албатта агар донишу малакаи соҳибкор зиёд бошад, ӯ дилшикаста намешавад ва роҳи нави пешниҳоди маҳсулоти худро муҷӯяд ва дар фикри он мешавад, ки чӣ маҳсулоти наверо метавонад муаррифӣ созад, ки бозоргир бошад ”
Дар Тоҷикистон ҳудудан 300 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ машғуланд. Вуҷуди коррупсия, назорату санҷишҳои бешумор ва мушкилоти дигарро дар ин самт ба гуфта бархе наметавон бо омӯхтани асрори соҳибкорӣ ва боло бурдани маърифати молиявӣ, рафъ кард.