Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти занони соҳибкор дар ду сӯи Омӯ (ВИДЕО)


Раҷабмоҳи Холиқ, ки 40 сол дорад, се сол инҷониб ба соҳибкорӣ машғул буда, фаъолияташро бо маблағи қарз аз бонк шурӯъ намудааст.

Тавре Раҷабмоҳи Холиқ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯ ҳангоми шурӯъи фаъолияташ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст. Ба қавли ин хонум, вай замоне ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз кард, ки аз шавҳараш ҷудо шуда ва ба қавли худаш, соҳибмулк набуд. Хонаву мошин ба номи шавҳараш буд, ки имкони онҳоро ба гарав гузоштан надошт. Вай мегӯяд: «Аз сабабе, ки ман соҳибмулк набудам ва чизе барои гарав мондан надоштам, дар бонк бародарам бароям кӯмак кард. Бародарам мошинашро ба гарав гузошта, бароям 5 000 доллар аз бонк қарз гирифт. Ҳоло бошад аз Бишкек ва Пекин худам бор оварда савдо мекунам. Боз дар Душанбе 5 нуқтаи либосдӯзӣ дорам.»

Ҳамчунин ба қавли хонум Раҷабмоҳ ,агар се соли пеш мушкили соҳибкориаш аз бонк гирифта натавонистани маблағ буд, имрӯз баланд будани андозҳо ва ҷаримаҳои ноодилонаи ниҳодҳои давлатӣ монеи тиҷорати ӯ мешаванд.

Аммо мақомот иддаои занони соҳибкор дар мавриди вуҷуди мавонеъу мушкилот дар роҳи фаъолияташонро бепоя медонад.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми март дар ҳошияи баргузории "Симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон" дар шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мушкили асосии соҳибкорзанҳои тоҷикро ба пойин будани дониши иқтисодии онҳо марбут донист.

Ба қавли хонум Хидирова, ҳарчанд мушкили занҳои тоҷик дар заминаи соҳибкорӣ мухталиф аст, аммо меафзояд, «ман фикр мекунам, ки имрӯз барои муваффақ шудани зани тоҷик пеш аз ҳама тақвият бахшидани дониши иқтисодии онҳо зарур аст. Бояд савияи менеҷериву молиявии онҳоро баланд бардошт. Алалхусус омӯхтани бозор барои онҳо зарур аст.»

Хонум Хидирова мегӯяд, Симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки қарор аст, ду рӯз идома кунад, барои табодули таҷриба ва ҳамкориҳои занони соҳикори минтақа кумак хоҳад кард.

Дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки мушкили занони соҳибкори тоҷику қирғиз, барои мисол, тақрибан якранг аст.
Азиза Юлдошева, раҳбари «Бизнес-клуб»-и занҳои Қирғизистон, мегӯяд, ҳарчанд қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба занону мардон ҳуқуқи баробар медиҳад, аммо амалан дар соҳаи тиҷорат мардҳо имтиёзи бештар доранд. Зеро ба гуфтаи Азиза, занҳо, ки соҳибмулк нестанд, наметавонанд аз бонк қарз гирифта, фаъолияти тиҷоратӣ кунанд: «Бештари занҳо дар бахши тиҷорат ва истеҳсолот машғуланд. Дар истеҳсолот 22 дарсади занон машғуланд ва онҳо низ дар корхонаҳои дӯзандагӣ фаъолият доранд. Ин арса дар Қирғизистон хеле рушд кардааст ва мо бренде ҳам бо номи "Мade in KG" дорем, ки дар Русия муштариёни зиёд дорад.»

Аммо мушкили соҳибкорзанони афғон аз мушкили дигар занҳои Осиёи Марказӣ тафовут доштааст.
Фавзия Носиёд, намояндаи порлумони Афғонистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт: «Агар дар Осиёи Марказӣ бештари соҳибкорон занҳо бошанд, дар Афғонистон соҳибкориро шуғли мардона дониста, ба занҳо имкони фаъолият дода намешавад. Бинобар ин ин форум метавонад дарси хубе бошад барои занҳои афғон.»

Ҷамила Шоҳмаҳмуд, зани соҳибкор аз вилояти Нангарҳори Афғонистон аст, ки ба ҳунари дастӣ машғул мебошад. Ҷамила Шоҳмаҳмуд молашро ба бозорҳои дохили Афғонистон пешниҳод карда, бо беш аз 100 зан ҳамкорӣ доштааст. Вай дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, дар Афғонистон на танҳо тиҷоратҳои бузург, балки тиҷоратҳоии хурд ҳам дар дасти мардҳост. Ба қавли ин хонум, ӯ бо маблағ ва ҷуръати худ аз хона баромада, вориди бозори Афғонистон шудааст: «Давлат ба хонумҳо ҳеҷ гуна кӯмак намекунад. Ин ягона сафаре буд, ки бо кӯмаки Барномаи рушди СММ ба Тоҷикистон омадем. Чолишҳои зиёде рӯ ба рӯи мо ҳаст. Мушкилоти хеле зиёд дорем. Амнияти кишвари мо ба ҳама маълум аст, аммо ба ин нигоҳ накарда, талош мекунем, то пеш биравем.»
Дар ҳамоиши соҳибкорони занҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон беш аз 200 соҳибкор ширкат доранд. Созмондиҳандагони симпозиум бар ин боваранд, ки он "заминаи хуби баҳсу баррасиҳо ба манзури ҳалли мушкилоти занони соҳибкор дар минтақа ва рушди фаъолиятҳои тиҷоратии онҳо хоҳад шуд."

Қарор аст, дар поёни симпозиум Анҷумани миллии занони соҳикори Тоҷикистон барандагони озмуни соҳибкорони ҷавон дар соли 2013-ро эълон кунанд.

Ҳамчунин симпозиум ба озмуни "Фараҳ - 2014", ки ҳадафи он муайян кардани соҳибкорзани варзидаи соли Тоҷикистон аст, ҳусни оғоз мебахшад. Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор зани соҳибкор фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG