Зарина Тоҷибоева, як тоҷики муқими Швейтсария, ки мехоҳад дар озмуни байналмилалии “Eurovision – 2015” - 2015 ширкат кунад, аз ҳаводорон ва ҳамватанони тоҷикаш давъат кардааст, ба ӯ овоз диҳанд.
Овоздиҳӣ тавассути сомонаи http://esc.srf.ch/en-ch/zarina то 17-уми ноябр идома мекунад ва Зарина Тоҷибоева, ки зодаи Тоҷикистон асту дар Швейтсария зиндагӣ ва фаъолият дорад, иштироккунандаи даври интихобӣ дар озмуни “Eurovision – 2015” аст. Ӯ аввалин тоҷикест, ки барои ширкат дар ин озмуни байналмилалӣ бо овозхонҳои дигар, ки мехоҳанд дар “Eurovision – 2015” аз Швейтсария намояндагӣ кунанд, ба рақобат пардохтааст.
Ҳаводорони Тоҷибоева маъракаи густардаи таблиғотро ба ҷонибдории ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ба роҳ монадаанд. Ин дар ҳолест, ки номи Зарина то ширкаташ дар ин озмун барои аксар ошно набуд.
Парвиз Ҳакимзода, як корбари фаъоли Фейсбук, ки аз аввалинҳо шуда, тарғиби Зарина Тоҷибоеваро дар ин шабакаи иҷтимоӣ шурӯъ кардааст, мегӯяд, аслан бо ӯ аз наздик ошно нест. Вале чанде пештар тавассути Фейсбук аксҳои ӯро дар Фарҳангистони мусиқии Сюрих дида хостааст дар бораи ӯ матлабе нависад. Парвиз гуфт, ҳануз ин тасмимаш амалӣ нашуда хабари дар озмуни “Eurovision – 2015” ширкат кардани Заринаро шунида бо ин баҳона ба тарғиби ӯ шурӯъ кард.
“Ман аввалин шуда, дар Фейсбук дар бораи иштироки Зарина дар ин озмун навиштам ва аз дигарон ҳам даъват кардам ки барои ӯ овоз диҳанд ва дастгирӣ кунад. То як тоҷик ҳам тавонад дар чунин як озмуни байналмилалӣ ширкат варзад. Танҳо ба хотир он ки тоҷик асту тоҷикистонист,” - афзуд Парвиз.
Ҳамин гуна ҳоло аксари корбарони Фейсбук, ба хотири ҷонибдорӣ аз Зарина Тоҷибоева вориди сафиҳае мешаванд, ки дар он видио ва оҳанги ӯ нашр шудааст. Ва дар гӯшаи рост рӯйи тасвири дилчае клик мекунаду бо ҳамин райъ ба ҷонибдории Зарина ва имкони ширкати ӯ дар озмунро бештар мекунанд. Онҳо ҳамчунин аз ҳамдигар давъат мекунанд то ба ӯ овоз диҳанд.
Зафар Абдуллоев, хабарнигори тоҷик ва яке аз дигар аз фаъолони Фейсбук, ки низ ба таблиғи номзадии Зарина шурӯъ кардааст, гуфт, ҳарчанд Зарина 20 соли ахир дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, вале таваҷҷӯҳи зиёде ба фарҳанги тоҷик дорад.
Зафар Абдуллоев мегӯяд, Зарина бо намояндагӣ аз кишвари Швейтсария дар ин озмун ширкат мекунад, аммо муҳим ин ки тоҷик аст: “Ин озмуни аврупоӣ аст, вале ширкат кардани як тоҷикистонӣ дар он боиси дастгирист. Зеро ҳадди ақал мешавад, тавассути як иштирокчӣ ин Тоҷикистон муаррифӣ мешавад. Чунки ҳангоми дар феҳристи ширкаткнандаҳо навиштани ному насаби довталаб тарҷумаи ҳоли ӯ дида мешавад. Он замон мегӯянд ки Зарина тоҷик аст.”
Барои онҳое ки райъи худро ба номзадии Зарина дареғ намедоранд ва ҳамчунин наздикону дӯстонашро барои овоз додан ба ӯ таблиғ мекунад, ҳоло муҳим ин нест ки Зарина дар ин озмуни ҷаҳонӣ пирӯз хоҳад шуд ё не. Барои аксар муҳим ин аст, ки барои нахустин бор исми як духтари тоҷик метавонад дар “Eurovision – 2015” садо диҳад.
Худи Зарина Тоҷибоева, ки бо вуҷуди қариб 20 соли зиндагӣ дар ғурбат боз ҳам ба тоҷиикӣ хеле хуб сӯҳбат мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, умед дорад, ҳаводорону ҳамватанонаш ба ӯ раъй медиҳанд, ҳарчанд ба гуфтаи худаш, дар ин озмун на Тоҷикистон, балки кишвари дигарро муаррифӣ мекунад ва ба тарафдории худи швейтсариҳо ниёзи бештар дорад. Вале бо ин вуҷуд, гуфт зарина, ӯ тарафдории ҳамватанонашро муҳим медонад: “Дар марҳилаи аввал 50 дарсади овозҳоро доварон ва 50 дарсади дигари ороро корбарони интернет медиҳанд. Аз ин хотир муҳим нест, ки ҷонибдорони ман аз Тоҷикистон ҳастанд ё аз Швейтсария. Агар аз пушти ҳафт кӯҳ бошанд ҳам, овози онҳо ба ҷонибдории ман ҳисоб карда мешавад.”
Зарина Тоҷибоева гуфт, тасмим гирифт бо таронаи марғуби “We fly” (“Мо парвоз мекунем”), ки оҳангашро дӯсташ бо номи Рена Гелис офаридааст, дар ин озмун ширкат варзад. Ӯ мегӯяд, дар марҳилаи аввал 18 нафар интихоб шуда, дар даври дуюм 9 нафар бо иҷрои зинда дар назди доварон ширкат мекунанд ва дар ниҳояти шаш нафар барои иштирок дар барномаи зиндаи телевизиони Швейтсария интихоб хоҳанд шуд. Дар марҳилаи сеюм, ба гуфтаи Зарина, мардум аз тариқи зангҳои телефонӣ ва паёмакҳо ба довталабон овоз медиҳанд.
Таронаи Заринаро метавон дар ин сомона тамошо кард ва ҳамзамон барояш дар ҳамин ҷо раъй дод:
Малоҳат Тоҷибоева, модари Зарина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз номзадии духтараш ба ин озмуни ҷаҳонӣ истиқбол кард. Вай гуфт, духтараш ҳамеша бо либосҳои миллии тоҷикӣ дар Олмону Швейтсария Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад ва агар ӯ барои ширкат дар ин озмун муваффақ шавад, натанҳо ифтихори хонаводаи онҳо, балки обрӯи Тоҷикистон аст. Модари Зарина мегӯяд: “Духтарам аслан овозхон набуд, вале ҳамеша талош мекард иштиёқи овозхонияшро сайқал диҳад. Ман ҳам дар баробари дигар ҳаводоронаш ба ӯ овоз медиҳам, муҳим нест, ки райъи мо аз Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад ё не.”
Зарина Тоҷибоева 39 сол дошта, ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 аз Тоҷикистон кӯчидааст. Ӯ 6 соли пеш аз Олмон ба Швейтсария омад ва зиндагӣ дар ин кишварро ихтиёр кард. Ӯ мегӯяд, инҷо дар ба ҳайси ҳунарманди театр, овозхон ва тарҷумони забони форсӣ фаъолият дорад ва бештари “нонашро аз касби тарҷумонӣ ба даст меорад.”
“Eurovision” озмунест, ки ҳар сол бо ширкати овозхонҳо аз беш аз 40 кишвари Аврупо баргузор мегардад ва мардум аз кишварҳои мухталифи ин қора барандаашро интихоб мекунанд. “Eurovision – 2015” моҳи май дар Австрия доир мешавад.