Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки дар поёни солҳои 1990 муовини раиси Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон буд, ба Озодӣ гуфт, дар мавзӯи дастрасӣ ба сулҳу созиш дар Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз ӯҳдаи вазифаи худ ба хубӣ баромад. «Устод Нурӣ ваъда дода буд, ки барои расидан ба сулҳ тамоми афроде, ки дар даст силоҳ доранду меҷанганд, халъи силоҳ хоҳад кард ва ин масъулияташро иҷро кард. Хизматҳои Нурӣ барои сулҳи тоҷикон бисёр бузург аст. Ҷанге, ки дар Тоҷикистон беш аз панҷ соли идома кард, бо сабабҳои мухталиф дар кишвар рух дод, ки ҳоло дар ин маврид чизе гуфта намешавад. Аммо қисмати талошҳо барои расидан ба сулҳи миллӣ аз масъулиятҳое буд, ки Нурӣ ба дӯш гирифта буд ва онро тавонист иҷро кунад.»
Абдумаҷид Достиев ба унвони намояндаи ҳукумати Тоҷикистон тайи се сол бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Комиссияи оштии миллӣ ҳамкорӣ кард. Ин Камиссиюн соли 1997 барои татбиқи созишномаи сулҳ таъсис ёфт ва баробари ҳамоиши комили мухолифин бо ҳукумат аз байн рафт.
Рӯзи чоршанбеи 13-уми март Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон нишастеро бахшида ба 66-уми солрӯзи Саид Абдулоҳи Нурӣ таҳти унвони «Рӯзи шаҳид» баргузор кард. Дар ин ҳамоиш, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар лаҳзаҳои ҳассоси даврони муқовимат азхудгузаштагӣ нишон дод ва вазъи ҷангро ба тарафи мусолиҳа кашид. "Талошҳои ба ин монанди ӯ роҳро барои сулҳу созиш дар Тоҷикистон боз кард", гуфт Муҳиддин Кабирӣ.
Нурӣ пас аз анҷоми фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки як идораи дигар бо номи "Оштии миллӣ" таъсис дода шавад, то осори манфии бозмонда аз даврони ҷанги шаҳрвандиро баррасӣ намуда, дар ислоҳи он талош кунад. Аммо ҷониби ҳукумат ин пешниҳодро напазируфт.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар миёнаҳои даҳаи 1970 раҳбарии онро бар дӯш дошт. Дар замони даргириҳои дохили солҳои 1992-1997 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд. Баъд аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997, Кумиссиюни оштии миллиро то соли 1999 ба раҳбарӣ мекард. Соҳибназарон мегӯянд, оқои Нурӣ ба унвони раҳбари яке аз ду ҷониби сулҳи тоҷикон барои ба даст овардани он нақши муассире доштааст. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 9-уми августи соли 2006 баъди бемории тӯлонӣ дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Ҷасади ӯ дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.