Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби истифодабарандагони симкартаҳои узбекӣ дар Туркманистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Туркманистон ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ, ки аз симкартаи ширкатҳои мобилии Узбекистон истифода мекунанд, фишор меоранд.

Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 23 июл бо истинод ба ду манбаъ дар мақомоти қудратии Туркманистон ва чандин сокини маҳаллӣ хабар дод.

"Қудратиҳои Туркманистон алайҳи онҳое, ки аз симкартаҳои узбекӣ истифода мекунанд, рейдро шуруъ кардаанд",-иттилоъ дод хабарнигор.

Ба гуфтаи хабарнигор, мавҷи ширкатҳои мобилии Узбекистон дар минтақаҳои наздимарзии Туркманистон назар ба ширкатҳои дохилӣ беҳтар аст ва аз ин рӯ, сокинон аз хидматрасонии ширкатҳои ҳамсоякишвар истифода мекунанд.

Мақомот туркман мегӯянд, симкартаҳои узбекиро шаҳрвандоне меоранд, ки бештар ба кишвари ҳамсоя мераванд.

XS
SM
MD
LG