Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати мухолифони Сурия ба оташбас дар рӯзҳои Иди Қурбон


Фармондеҳи низомии мухолифон дар Сурия мувофиқати худ ба пешниҳоди оташбас дар рӯзҳои Иди Қурбонро эълом кард.

Дар филми видиеое, ки шабаки хабарии Ал-ҷазира онро пахш намуд, Мисқол Батиш, узви ситоди фармондеҳии муштараки Шӯроҳои низомии мухолифон дар Сурия гуфт, ки озодии боздоштшудагон, ба вижа занон аз зиндонҳои режими Башор Асад ва истифода накардан аз фурсати оташбас барои истиҳкоми пойгоҳҳои худ тавассути нерӯҳои давлатӣ, шарти мувофиқат бо пешниҳоди оташбаси Ахзар Иброҳимӣ аст.

Оқои Батиш таъкид кард, ки дар сурати нақзи ҳар кадоме аз бандҳои оташбас аз сӯи нерӯҳои давлатӣ, нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон дигар вазифадор нестанд оташбасро риоя намоянд.

Ахзар Иброҳимӣ дар ҷараёни сафари ахираш ба Теҳрон пешниҳоди оташбас миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон дар рӯзҳои Иди Қурбонро эълом карда буд.
Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия.
Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия.
Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо сардабирони ҷароид ва расонаҳои кувайтӣ, пуштибонии кишварашро аз ин пешниҳод эълом кард.

Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷии Туркия ҳам зимни эъломи мувофиқати кишвараш бо пешниҳоди оташбаси оқои Иброҳимӣ гуфт: «Туркия, Эрон ва Иттиҳодия Араб аз тарҳи оташбас дар Сурия дар рӯзҳои Иди Қурбон пуштибонӣ мекунанд.»

Шӯрои миллии Сурия, ки дар он гурӯҳҳои зиёди мухолифон ҳузур доранд, бо пешниҳоди оташбаси Ахзар Иброҳимӣ мувофиқат кардааст. Аммо рӯзномаи «Ас-савра»-и вобаста ба низоми ҳокими Сурия ба нақл аз як мақоми давлатӣ, ин тарҳро бо таваҷҷӯҳ ба якпорча набудани мухолифон ва набуди касе, ки онҳоро намояндагӣ кунад, «беҳуда» хондааст. Бо ин ҳол Ҷиҳод Мақдисӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия тарҳи оташбасро «қобили баҳс» донистааст.

Аз сӯи дигар, Ахзар Иброҳимӣ барои миёнҷигарӣ барои оташбаси кӯтоҳмуддат дар Сурия миёни мухолифон ва нерӯҳои давлатӣ, дар рӯзҳои наздик ба ин кишвар хоҳад рафт. Иди Қурбон, ки дар аксари кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба муддати 4 рӯз ҷашн гирифта мешавад, ҷумъаи ҳафтаи оянда оғоз мешавад
XS
SM
MD
LG