Бо расидани коронавирус ба баъзе аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Сурия ин нигаронӣ боло гирифтааст, ки мумкин аст, маргу мир дар миёни ин мардуми ҷафокашидаву осебпазир зиёд шавад. Ҷанги тақрибан 10-солаи Сурия миллионҳо нафарро бехонумон ва дар ба дар кардааст.
Гӯшае аз як урдугоҳи паноҳҷӯён дар вилояти Идлиби Сурия ва дар марзи Туркия мисли маҳалле дар 100 соли пешро мемонад. Вале ин маҳал дар рӯзҳои мост ва ҳамин моҳи июл. Дар ин урдугоҳ миллионҳо нафар дармондаанд ва мунтазири хотимаи ҷанг ҳастанд.
Яке аз онҳо Умма Абду модари 8 фарзанд аст, ки дар хаймаи нимавайронае зиндагӣ мекунад. Ӯ ба хабарнигори ҳамкори Садои Амрико гуфт: "Тарк кардани хона бисёр сахт буд, одамон дар пеши чашми мо мурданд. Вақте мо гурехтем, ман ҳайрон будам, ки чӣ гуна зинда мондам." Аксари мардуми урдугоҳ ба кумакҳои ғизоии хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳоло хонаводаҳо мегӯянд, метарсанд, ки ҳамин ёриҳо низ кам мешавад.
Моҳи июл Созмони Милал бо судури қатъномае гуфт, аз ин баъд корвонҳои имдодӣ метавонанд, фақат аз як марзи байналмилалӣ бигзаранд. Созмонҳои кумакрасон мегӯянд, мумкин аст, овардани маводи ғизоӣ ва дорувории ҳаётӣ барои мардум кам шавад.
Аҳмад Хуҷа маъмури имдодист ва мегӯяд: "Инҷо дигар бомб намеандозанд, вале мо ба марҳилаи наве ворид шудем. Мо фаъолон онро "Бомбаборони сард" меномем. Ҳоло тарафҳои ҷанг маводи хӯрокаро ба ҳайси василае барои ҷанг истифода мебаранд."
Чанд рӯз пеш аз қатъномаи Созмони Милал, шимоли Сурия зарбаи дигаре хӯрд. Саранҷом коронавирус ба инҷо ҳам расид, ки фақат як мошин барои озмоиш дорад ва 95 дастгоҳи нафаскашӣ барои як минтақае бо 4 миллион нафар. Табибон мегӯянд, агар беморӣ паҳн шавад, шояд пеши роҳи онро гирифта натавонанд.
Муҳаммад Салим корманди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аст. Ӯ мегӯяд: "Шумо агар ба мардум бигӯед, ки дар хона дар дохили хайма монед, онҳо чӣ нон меёбанд. Агар бигӯед, дасташонро бишӯянд, аз куҷо об мегиранд. Мардум ба собун ва маҳлулҳои зиддивирусӣ эҳтиёҷ доранд."
Бисёре аз оилаҳои урдугоҳ дар 8 моҳи гузашта аз тарси ҷанг ба инҷо гурехтаанд. Бузургтарин ҳиҷрат дар ҷанги тақрибан 10-солаи Сурия ба ҳаминҷо сурат гирифтааст. Пеш аз расидани коронавирус ҳам ин минтақа хадамоти дурусти тиббӣ надошт. Ба гуфтаи мутахассисон, агар вирус доман занад, шароити номуносиб маргумир аз COVID-19 ро дар инҷо назар ба ҳар ҷои дигар боло мебарад.