Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалъаву дарёи Сир ва офтобу китоб – рамзи Хуҷанд (ВИДЕО)


Бо вуҷуди он ки баъзе аз вакилони халқи Хуҷанд рамзи пешниҳодии ин шаҳрро сода номиданд, аммо бо раъйи аксарият пазируфта шуд.

Маҷлиси вакилони халқи Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, нишон ё рамзи ин шаҳрро тасвиб карда, ҳар сол 25 сентябрро “Рӯзи Хуҷанд” эълон намудааст. Хуҷанд аз нахустин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки соҳиби рамзи худ мешавад.

Нишоне, ки ҳоло ба унвони рамзи Хуҷанд эътироф ва аз сӯи вакилони маҳаллӣ ҳам тасвиб шудааст, кори Акбар Маҳмудов, раиси бахши вилоятии иттифоқи ороишгарон (дизайнер)-ҳои Тоҷикистон буда, аз миёни 150 асари рассомон интихоб гардидааст. Дар рамз ё нишони даврашакли Хуҷанд офтоб, китоб, Қалъаи кӯҳан ва мавҷи дарёи Сир тасвир ёфтааст.

Акбар Маҳмудов, муаллифи тарҳ, мегӯяд, бо ин рамз хостааст, таърихи 2 ҳазору 500-солаи Хуҷандро, ки ба маънои “шаҳри офтобист”, нишон диҳад. Маҳмудов афзуд, рамзи Хуҷанди офаридаи вай барои сохтани нишонҳои сарисинагӣ ва магнитсуратҳо низ барои сокинон ва меҳмонону сайёҳон мувофиқ аст.

Озмун барои офаридани рамзи шаҳри Хуҷанд як сол қабл аз сӯи шаҳрдорӣ эълон шуда, баҳори соли ҷорӣ 10 тарҳи беҳтарин ба муҳокимаи аҳли адаб ва ҳунар ва давлатмардон гузошта шуда буд. Умеда Муродова, муовини раиси Хуҷанд ва раҳбари кумисюни озмуни рамзи ин шаҳр гуфт, дар он таърихи гузаштаи Хуҷанд чун як бахши Тоҷикистон тасвир ёфта, бо имрӯзу фардои он пайванд мехӯрад: “Дар гирди китоби боз сиккаҳои давраи Сомониён чун рамзи тамаддуни дурахшони тоҷикон тасвир шудааст. Дарвозаи кушодаи Қалъаи кӯҳан нишони дӯстхоҳиву меҳмоннавозӣ, дарёи Сир – рамзи идомаи ҳаёт ва сарсабзиву баракат, парчам ва нишони миллӣ нишони истиқлоли Тоҷикистон аст.”

Маҷлиси вакилони халқи Хуҷанд рамзи ин шаҳрро бо қарори худ ба тасвиб расонд, вале ҳангоми баррасӣ бархе вакилон рамзи Хуҷандро “сода” номида ва гуфтанд, он таърихи беш аз 2 ҳазору 500-солаи Хуҷандро бозгӯ намекунад. Бар хилофи ин, баъзе аз вакилон рамзи Хуҷандро “мураккаб” дониста ва гуфтанд, ҷузъиёти зиёд дар он: хуршеди ба шакли даври гардун, китоб, қалъа, рӯд, ҳошияҳову парчами милливу нишон дарки маъниеро, ки муаллиф ва ҳайати кумисюни озмун ба бинанда расонанд, душвор мегардонад.

Мақсуд Зиёбоев, вакили маҷлиси шаҳри Хуҷанд, гуфт, беҳтар аст рамзи шаҳр бо як ё ду тасвир ифода карда шавад ва фаҳми маънии он барои сокинону меҳмонон осон бошад. Вале аз аввал дар муҳокимаву машваратҳои ҳайати озмуни рамзи Хуҷанд консепсияи аслӣ ин буд, ки нишон бояд баёнгари таъриху фарҳанги қадимӣ ва имрӯзу ояндаи шаҳр бошад. Чизе, ки ба бовари аксарият, дар рамзи қабулшуда таҷассум ёфтааст.

XS
SM
MD
LG