Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара шоми 9 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар поёни музокироти намояндагони мақомоти масъули Тоҷикикистону Қирғизистон дар Исфара як протокол ба имзо расид. Ин санад, ба гуфтаи оқои Тешаев, таъсиси ду гурӯҳи муштараки патрулӣ - яке аз ҳисоби нирӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва якеи дигар аз ҳисоби маъмурони шӯъбаҳои умури дохилаи ноҳияҳои Исфараву Бодкандро дар назар дорад.
Бино ба ин протокол, ин ҳайъатҳои муштараки дидбонӣ бояд дар зарфи як ҳафта ҳайъат ва масири гаштугузори худро маълум кунанд. Патрулҳои муштараки нирӯҳои дохила ба таъмини тартибот машғул шуда, ҳайъатҳои дидбонии муштараки нирӯҳои марзбонии ду кишвар ҳифозати марз дар қисматҳои байни рустоҳои Чоркӯҳ -Самарқандак, Хоҷаи Аъло - Мазайетин, Сомониён - Кӯктош ва Сиёҳкӯҳ - Қочокаренро бар дӯш хоҳанд гирифт.
Тавофуқ дар бораи таъсиси патрулҳои муштараки марзбонӣ дар қисмати марзи байни Исфараву Бодканд ҳанӯз дар мулоқоти рӯзи 12 марти соли гузаштаи раҳбарони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба даст омада, вале то ҳол иҷро нашуда буд. Дар протоколи Исфара ба зарурати таъсиси зудтари патрулҳои муштарак дигарбора таъкид шудааст.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд рӯзи 9 январ қабл аз оғози музокироти ҳайъатҳои вилоятҳои Суғду Бодканд дар Исфара дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то замоне ки таъйин ва аломатгузории марз дар ин қисмати марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра ба анҷом нарасад, масъалаи бунёди роҳ, ки Қирғизистон мехоҳад то рустои Оқсой бидуни убур аз ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара бисозад,"мавриди баррасии тарафҳо қарор намегирад. Ин мавқеъи мо аст."
Оқои Сангинов афзуд, дар ин музокирот сӯҳбат "танҳо дар бораи таъмини баъзе паҳлуҳои муносибаҳои мавҷуда меравад. Баъдан гаштугузори муштараки нирӯҳои корҳои дохилӣ ва марзбониро ба роҳ мемонем. Дар ин бора тавофуқ шуда буд, мо танҳо роҳҳои иҷрояшро мебинем, тамом."
Имрӯз, 9 январ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд музокироти ҳайъатҳои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар масоили марз баргузор мегардад. Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқот иштироки фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ, муовинҳои вазирони дохилии ҳар ду кишвар, муовинҳои раисони вилоятҳои Суғду Бодканд, раисони ноҳияҳои Исфараву Бодканд, ҳамчунин мақомоти сарҳадбониву амниятӣ ва умури дохилаи ин маҳалҳои марзӣ дар назар дошта шудааст.
Ба мулоқот хабарнигорон даъват нашудаанд ва эҳтимол дорад, паси дарҳои баста баргузор гардад.
Як мавзӯъи асосии нишасти Исфара ташкили назорати якҷояи хатти марз тавассути патрулҳои муштарак ва ба эътидол овардани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар ин мушкилзотарин қисмати марзи Тоҷикистону Қирғизистон ном бурда мешавад. Тавофуқ дар бораи мулоқоти Исфара рӯзи 7 январ дар Душанбе дар иҷлоси Кумиссиюни байнидавлатии масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба даст омада буд.
Дар нишасти Душанбе ҳайъати Тоҷикистонро муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон ва ҳайъати Қирғизистонро муовини нахуствазираш Тоқон Мамитов раҳбарӣ мекарданд.
Ба гуфтаи масъулони ҳукумати Тоҷикистон, наметавон аз нишасти Исфара ҳалли комили баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қисмати вилояти Суғдро чашмдор шуд. Масъалаҳои баҳсии дар давоми сол дар мулоқотҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масоили марзӣ мавриди ҳаллу фасл қарор хоҳанд гирифт. Аммо ба гуфтаи масъулон, ташкили дидбонҳои муштарак шояд битавонад шиддатро дар ин қисмати мушкили марзи байни ду кишвар камтар кунад.
Тоҷикистону Қирғизистон, ки 926 километр марзи муштарак доранд, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 22 сол боз натавонистаанд тамоми қитъаҳои марзиашонро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. То имрӯз танҳо ҳудуди 60 дарсади ин марз пурра таъйину аломатгузорӣ шудааст.
Яке аз қисматҳое, ки ду ҷониб дар таъйини хатти марз мушкили зиёд доранд, марзи атрофи ҷамоати Ворух аст. Ин ҷамоати воқеъ дар тақрибан 150-километрии Хуҷанд, бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст. Танҳо дар соли 2013 дар атрофи Ворух дастикам 6 маротиба танишҳо байни аҳолии ду тарафи марз бархост, ки қариб ҳар дафъа мунҷар ба баста шудани роҳи Ворух ва дар инзивоъ аз боқӣ қаламрави ноҳияи Исфара қарор гирифтани ин ҷамоат мешуд.
Бори охир дар миёнаҳои моҳи декабр дар атрофи Ворух муноқиша бархост. Аҳолии рустоҳои қирғизӣ дар пайи ба коми оташ рафтани як чойхонача, ки ба як соҳибкори қирғиз тааллуқ доштааст, ба шӯр омада, роҳи Ворухро бастанд ва аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки сохтмони роҳи алтернативӣ ба рустои қирғизии Оқсойро иҷозат диҳанд.
Сокинони Ворух мегӯянд, ки мақомоти Бодканд ҳамзамон бо бунёди роҳи нав тарҳи дар саргаҳи рӯди Исфара сохтани обанбор ва як нерӯгоҳи хурди обиро дар назар дорад. Он гоҳ Қирғизистон назорати қисмати он сӯи роҳу оби рӯди Исфараро комилан дар даст хоҳад гирифт ва сокинони поёноби Тоҷикистон аз ягона манбаъи обашон маҳрум хоҳанд гашт.
Қирғизистон дар соли 2013 талош дошт иҷозаи Тоҷикистонро барои бунёди роҳҳои нақлиётӣ, қисман аз ҳудудҳои деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара ва аз фарози рӯди Хоҷа Боқирғон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст орад. Ин роҳҳои алтернативӣ қисматҳои аз ҳам ҷудои ноҳияҳои Бодканд ва Лайлаки Қирғизистонро мустақиман ба ҳам хоҳанд пайваст. Вале Тоҷикистон ин шартҳои Қирғизистонро қабул надорад.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар рӯзҳои низоъи ахири марзӣ дар ҳузури сокинони деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара таъкид карда буд, ки Тоҷикистон моил нест таҳти фишору раҳбандии сокинони Бодканд ба гузаштҳое дар тарҳҳои марзии Қирғизистон розӣ шавад.