Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Бодканду Исфара патрулҳои муштарак хоҳанд сохт (ВИДЕО)


Муродалӣ Алимардонов ва Тоқон Мамитов қабл аз мулоқот. 7-уми январи соли 2014, шаҳри Душанбе.
Муродалӣ Алимардонов ва Тоқон Мамитов қабл аз мулоқот. 7-уми январи соли 2014, шаҳри Душанбе.

Музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе бо тавофуқ ҷиҳати таъсиси гурӯҳи муштараки назоратӣ (патрулҳо) ва ваъдаи дидори навбатӣ дар таърихи 9 январ дар Исфара ба поён расид.

Ҳайъатҳои Кумиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар умури марзи муштарак ҷадвали мулоқотҳои ҳайатҳои байниҳукуматӣ ва гурӯҳи корӣ оид ба аломатгузорӣ ва ташхиси марз барои соли 2014-ро таҳия намуда, тасмим гирифтаанд ба хотири таъсиси гурӯҳи назоратии муштарак аз ҳисоби ниҳодҳои қудратӣ дар Исфара дидор кунанд

Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон шоми 7 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз дар мулоқоти ҳайатҳои байниҳукуматӣ ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки рӯзи 9 январ гурӯҳи кории ду ҷониб барои таъсиси назорати муштарак дар Исфара ва Бодканд мулоқот кунанд. Тасмим гирифта шуд, ки мулоқоти гурӯҳи кории муштарак дар Исфара ноҳияи марзӣ бо Бодканд баргузор карда шавад. Гурӯҳи назоратӣ аз ҳисоби кормандони марзбонӣ ва умури дохилаи Тоҷикистону Қирғистон ба хотири таъмини амният ҳангоми убуру мурури сокнинони мавзеъҳои марзии ҳарду кишвар ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои мавриди баҳс дар Исфара ва Ботканд таъсис дода хоҳад шуд.

Дар мулоқоти имрӯз ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ҳайатҳои Кумиссияи байниҳукуматӣ ва гурӯҳи корӣ оид ба масоили марз минбаъд пайваста вохӯриҳо баргузор кунанд. Дар нишасти Душанбе, ки рӯзи 7 январ доир шуд, муовини сарвазири Тоҷикистон Мурдалӣ Алимардон раҳбарии ҳайати Тоҷикистон ва ва ноиби нахуствазири Қирғизистон Тоқон Мамитов роҳбарии ҳайати Қирғизистонро бар ӯҳда доранд.

Қаблан намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон гуфта буданд, ки то анҷоми баҳси масоили марзӣ дар Душанбе аз ҳар навъ шарҳи ин мавзӯъ бо матбуот худдорӣ хоҳанд кард. Муовини сарвазир ва раҳбари ҳайъати Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон Муродалӣ Алимардон рӯзи 7 январ дар оғози мулоқоти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар Душанбе ба Озодӣ гуфт, ки ҳарду тараф бо имзои як ёддошти тафоҳум ба чунин қарор расидаанд, ки то поёни музокирот бо матбуот сӯҳбат накунанд. Оқои Алимардон гуфт, музокироти онҳо ғолибан то рӯзи шанбе, 11 январ идома ёфта, дар поёни иҷлос дар бораи тавофуқоти бадастомада як баёнияи муштарак нашр хоҳад шуд.

Мулоқоти ҳайатҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масоили марзӣ, субҳи 7 январ дар Душанбе доир шуд. Аъзои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар раъси Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Тоқон Мамитов пушти дарҳои баста вориди музокирот шуданд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд субҳи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки имрӯз ҳайати комиссияи муштараки байниҳукуматии Қирғизистон ба Душанбе меояд ва бо ҳайати ҷониби Тоҷикистон доир ба масъалаи минтақаи баҳсии Ворух ва Оқсой гуфтугӯ хоҳанд кард.

Аз ин қабл раёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта буд, ки масъалаи Ворух аз мавзӯъҳои асосӣ дар нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ хоҳад шуд.

Ворух, ки бо беш аз 30 000 аҳолиаш дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст, яке аз нуқтори пурбаҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб рафта, танҳо дар соли 2013 дастикам 4 маротиба дучори танишҳо байни аҳолии ду тарафи марз шуд. Бори охир таниш дар атрофи Ворух дар миёнаи моҳи декабр сар зад.

Аҳолии рустоҳои қирғизӣ ба нишони эътироз ба сӯхтор дар як чойхоначаи воқеъ дар ин маҳалла, ки ба як соҳибкори қирғиз тааллуқ дошт, гирди ҳам омада, роҳи Ворухро бастанд. Онҳо талаб карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба сохтани роҳи Оқсой –тамдиқ, ки аз қисмати баҳсии марз мегузарад, иҷозат диҳад. Мақомоти тоҷик ин талабро рад мекунанд. Роҳи Ворух баъди се рӯзи танишҳо аз 20 декабр дигарбора боз шуд, вале мушкили ин ҷазирақаламрав, ки чанд даҳсола боз идома дорад, ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мемонад.




Рӯзи 23 декбар масъалаи буҳрони Ворух дар Бишкек дар мулоқоти муовини сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов бо ҳамтои тоҷикаш Муродалӣ Алимардон баҳс шуд. Ду муовини сарвазир ҳамчунин масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳо, тарҳи сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой - Тамдиқ ва пули Қулунду - Мақсатро бо ҳам дар миён гузоштаанд.

Ризоияти ҷониби Тоҷикистон ба сохтани роҳи Оқсой -Тамдиқ, ки манотиқи марзии вилояти Бодкандро бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад, аз ҷумлаи шартҳоест, ки ҷониби Қирғизистон дар рӯзҳои таниши ахир дар атрофи Ворух пеши Душанбе гузошта буд. Ҷониби Тоҷикистон ин тақозоро рад мекунанд.

Бо гузашти 21 сол аз фуруӯпошии Шӯравӣ, масъалаҳои баҳсбарангези марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мемонад. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз фақат 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин ду кишвар ба унвони кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ дар бисёри масоили минтақавӣ, аз ҷумла пиромуни тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо мавзеъи яксон доранд, вале танишҳое, назири муноқишаи Ворух метавонанд ба равобити ин ду кишвари шарик дар саҳнаи минтақа латмаи ҷиддӣ бизананд.

Марзи Исфараву Бодканд дар қисмати ҷазирақаламрави Ворух, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст, танҳо дар соли 2013 дастикам 4 маротиба ба майдони танишҳои марзӣ табдил ёфт.
XS
SM
MD
LG