Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хонаи шавҳар бо дипломи мактаби рӯзгордорӣ


Гурӯҳе аз духтарони маҳаллӣ дар Кӯлоб бори аввал курси кутоҳмуддати «Рӯзгордорӣ»-ро хатм кардаанд.

Давоми ду моҳ, 20 нафар ҷавондухтар дар ин давраи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар Маркази таълими калонсолони Кӯлоб тарзи пӯхтани шириниҳо, ороиши мӯй, дарзмол кардан, кор бо компютер ва роҳҳои беҳтари парваришу ба воя расонидани кӯдакро омӯхтаанд. Эълони ин давраи омӯзиширо идораи ҳифзи ҷитимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират се моҳи пеш карда буд ва хоҳишмандонро пас аз сабти ном ба Маркази таълимии калонсолон барои омӯзиш фиристодааст.

Шарбону Вализода.
Шарбону Вализода.
Шарбону Вализода, сармутахассиси идораи ҳифзи иҷтимоӣ, шӯғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин давраи омӯзишӣ анҷом ёфт ва боз ҷавондухтарони зиёде барои таҳсил дар чунин курс ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Ӯ гуфт: «Дар ин курси кутоҳмуддат ба ҷавондухтарон дарси ҳуқуқ, забономӯзӣ ва дигар чизҳои зарурӣ дар рӯзгордориро омӯзониданд. Давоми ду моҳ, ҳамаи дарсҳо ба соатҳо тақсим шуда буд. Онҳо қаннодиро омӯхтанд, ки худ дар хона на танҳо барои оила, инчунин барои фурӯш ҳам метавонанд, торту дигар шириниҳо бипазанд. Ё дӯзандагиро ҳам омӯхтанд, ки ҳам дар оила ва ҳам берун аз он барояшон кор медиҳад. Хулоса, онҳо аз оддитарин рафторҳои зиндагӣ то корҳои бузургтаре, ки дар рӯзгори оянда бояд анҷом бидиҳанд, ёд гирифтанд.»

Масъулон бар ин назаранд, ки ҷалби духтарон ба чунин давраҳои омӯзишӣ ба тарзи тафакуру ҷаҳонбинии онҳо таъсири хуб мерасонад. Бӯрихон Тағоев, директори филиали Маркази таълими калонсолон дар Кӯлоб мегӯяд, дар ин давраи омӯзишӣ духтарон касбҳоеро меомӯзанд, ки барои оиладории онҳо сахт зарурат дорад. Инчунин, бо ҳуҷҷати хатми ин курс онҳо метавонанд, дар дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ба кор ҷалб шаванд.

Ӯ гуфт: «Ҳама чизе, ки дар оила зарурат дорад, ин ҷо меомӯзанд. Онҳо метавонанд, дар боғчаҳои бачагона, истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо аз рӯи касби омӯхтаи худ фаъолият кунанд. Вақте, ки шавҳар ҳам карданд, дигар азоб намекашанд, зеро ҳунар доранд.»

Дилноза, як ҷавондухтар, ки ин давраи омӯзиширо хатм кардааст, мегӯяд, ба ҷуз аз бар кардани дарсҳои ҳуқуқ ва пухтани ширинӣ, инчунин ороиши мӯйро хуб аз худ кардааст. «Ороиши мӯйу рӯй барои ҳар зан муҳим аст. Дар ягон ҷо ҳам бо ин касб кор наёбам ҳам, барои худу атрофиёнам ин касби зарурӣ ҳаст. Мӯйҳои дугонаҳоямро ороиш медиҳам ва ҳам дар тӯйи наздикон арӯсонро оро медиҳам. Аллакай, дар бисёри ҷой аз ман кӯмак мепурсанд, ки хеле хӯшҳол мешавам.», гуфт Дилноза.

Манзура, духтари дигаре гуфт, муҳимтарин чизе, ки ин ҷо аз худ кардааст, ин тарзи дурусти шир додан ба кӯдак будааст. Ин духтар, ки шавҳар надорад, гуфт, дар сурати хонадор шудану кӯдакдор шудан аз ӯҳдаи парвариши он ба хубӣ мебарояд. Ӯ омӯзиш дар ин давраи кӯтоҳро дар ҳаёти минбаъдаи худ муҳим донист.

«Нав фаҳмидам, ки шири модар ба кӯдак чи қадар муҳим будааст. Муаллим ба мо дар дарсе гуфт, ки ҳеҷ хӯроке ҷои шири модарро гирифта наметавонад. Хобонидани кӯдак, дар як рӯз чанд бор ғизо додан ба кӯдакро мо ин ҷо омӯхтем. Худо кунад, ки ба он рӯз расем ва бовар дорам, ки аз ӯҳдаи тарбияи кӯдак мебароям.»,- гуфт Манзура.

Дар ин давраи омӯзишӣ, аслан онҳое ҷалб шуда буданд, ки пас аз хатми мактаби миёна бо сабабҳои мухталиф дар макотиби олӣ таҳсил накардаанд. Идораи ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими калонсолон тасмим доранд, то шумораи бештари ҷавондухтаронро ба чунин як курси омӯзишӣ, ки қарор аст, моҳи январ оғоз ба кор кунад, ҷалб мекунанд.

Таъсиси ин давраи омӯзишӣ дар ҳолест, ки солҳои ахир шумораи талоқ миёни оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз коршинсон яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳои ҷавонро дар надонистани оддитарин рукнҳои рӯзгордорӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG