Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари яке аз ҳамлаварони сайёҳони хориҷӣ барои кӯдаконаш нафақа мехоҳад


Маҳлиё Тухтаева бо Аслиддин Юсупов. Акс аз бойгонии хонаводагӣ
Маҳлиё Тухтаева бо Аслиддин Юсупов. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

Маҳлиё Тухтаева, ҳамсари Аслиддин Юсупов, яке аз гумонбарони ҳамла ба ҷаҳонгардони ғарбӣ аст, ки тобистони имсол дар минтақаи Себистони Данғара сурат гирифт. Тухтаева 26 сол дорад ва баъди кушта шудани ҳамсараш Аслиддин Юсупов дар амалиёти зиддитеррористӣ, бо ду кӯдак танҳо монд.

  • Ӯ ҳоло аз мақомот хоҳиш дорад, ки маълумотномаи расмии марги шавҳарашро пешниҳод кунанд, то барои ду кӯдакаш аз давлат нафақа бигирад. Маҳлиё Тухтаева мегӯяд, падару модар надошт, акнун шавҳар ҳам надорад, танҳо як бародар дорад, ки аз пайи зиндагии худаш аст.
Аз лаҳзаи шинос шудан то тӯй ва то марги ӯ ҳама аз пеши назарам чун навори филм мегузарад. Дилам сиёҳ ҳаст. Бароям чизе дар зиндагӣ ҷолиб нест. Аз хона дар деҳа баромада наметавонам. Фикр мекунам, ҳама мегӯяд, ки шавҳарат террорист буд

"Дар Исфара будам, хабари маргашро дер шунидам"

Маҳлиё Тухтаева тоза ба хайли даҳҳо хонаводаи гумонбарони терроризм пайваст, ки баъди маргашон намедонанд чӣ тавр зиндагӣ ва кӯдаконашонро бузург кунанд. Барои ҷомеа онҳо "хонаводаи террорист" ҳастанд, мақомот низ ба ин нафарон эътимод ва тараҳҳуми зиёд нишон намедиҳанд.

Тухтаева рӯзи 30-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзе, ки ба сайёҳон ҳамла шуд ва чаҳор нафарро куштанд, ӯ дар зодгоҳаш Исфара буд ва интизор дошт, ҳамсараш омада ва ӯро ба Норак мебарад. Аммо рӯзи 29-уми июл мақомоти интизомӣ ба ҷустуҷӯяш омаданд ва бо худ ба Норак бурданд. Онҳо гуфтанд, ки шавҳараш амали террористӣ анҷом дод ва одамонро кушт.

Тухтаева мегӯяд, вақте ӯро бо мошин ба Норак мебурданд, ҳанӯз хабар надошт, ки ҳамсараш дар куҷо аст. Хабари маргашро баъдтар шунид.

Маҳлиё Тухтаева
Маҳлиё Тухтаева

Ин зани ҷавон мисли даҳҳо зани бевамондаи гумонбарони терроризм ба суоли "чаро ҳамсарат ин корро кард?", китф дарҳам мекашад. "Ҳамсарам одами хуб буд, маро дӯст медошт. Тундрав набуд, худаш маро ба толори зебоӣ мебурд", - ба ёд овард Маҳлиё Тухтаева.

"Онҳо аз садҳо раҳгузари дигар фарқ надоштанд"

Аслиддин Юсупов ва чаҳор гумонбари дигари ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ на риш доштанд, на либоси исломӣ ва на аломатҳои дигари марбут ба гуруҳҳои ифротгаро. Онҳо дар зоҳир аз садҳо раҳгузари дигар дар кӯча фарқ надоштанд.

Аммо гумонбари аслии ҳамла ба сайёҳон Ҳусейн Абдусамадов, ки ахиран барои як умр зиндонӣ шуд, дар ҷараёни бозҷӯӣ гуфтааст, Аслиддин Юсупов махсус ҳамсарашро ба Норак наовард, ки ба ҷараёни омодагӣ ба ҳамла халал ворид нашавад.

Аз ин издивоҷ, ки ба гуфтаи Маҳлиё Тухтаева бо ошиқӣ ҷараён гирифта буд, ду писар, яке дусола ва дигаре ёздаҳмоҳа боқӣ монд.

Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо - ду бародар аз шаҳри Норак буданд, ки ба гуфтаи мақомот, рӯзи 29-уми июл ҳамроҳ бо се нафари дигар дар қатли чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ иштирок карданд. Гурӯҳ қабл аз ҳамла навореро таҳти парчами созмони террористии “Давлати исломӣ” сабт карда буд.

Парвандаи қатли ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 21-уми ноябр ниҳоӣ шуд. Маҳлиё Тухтаева гуфт, ду рӯз пеш аз Исфара ба Норак омад, то ин маълумотномаро дарёфт кунад.

“Дар як моҳ Аслиддинро аз даст додам”

“Ду рӯз пеш аз ҳодиса ба ман занг зада буд. Аз суҳбаташ чизеро пай набурдам. Мисли пеш аз саломатӣ пурсид ва гуфт, ки омада моро ба Норак мебарад. Агар мефаҳмидам, ки чунин мекунад, роҳашро мегирифтам. Ба як одам бовар карда зиндагӣ мекунӣ, магар мехоҳӣ, ки ҳама зиндагиатро барбод диҳад?" - гуфт ӯ.

Маҳлиё Тухтаева, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд, бо Аслиддин Юсупов се сол пеш, замоне шинос шуд, ки гумонбари ҳамлаи террористӣ дар як воҳиди низомӣ дар Исфара хидмати ҳарбӣ мекард.

“Маҳлиё ба ақидаҳои Аслиддин дода нашуд”

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ҷараёни бозҷӯӣ аз телефони Ҳусейн Абдусамадов наворҳое пайдо карданд, ки дар он нақши ҳар як аъзои ин гурӯҳ дар ҳамла сабт шуда буд. Ба гуфтаи як мақоми огоҳ аз парвандаи қатли сайёҳон, чаҳор узви гурӯҳ дар даст корд доштанд, вале Аслиддин Юсупов ба ҷаҳонгардон бо табар ҳамла кард. Ин мақом гуфт, ки ақидаҳои Аслиддин солҳо пеш дигар шуда буд, вале онро аз наздиконаш пинҳон медошт.

Ӯ гуфт, “замони таҳқиқ маълум шуд, ки рӯзҳои аввал Аслиддин талош кардааст, ақидаҳои ҳамсарашро дигар кунад, вале ӯ комилан ба ҳарфҳои шавҳараш дода нашудааст. Аслиддин даъвати ҳамсарашро кори беҳуда дониста, дигар ӯро таблиғ накардааст. Ҳатто пеш аз ҳамла ӯро аз Исфара наовард, чун Маҳлиё ҳар қадами ӯро назорат мекард. Аслиддин пеши Ҳусейн Абудсамдов доим аз ҳамсараш шикоят мекардааст, ки дар ин масъала бо ӯ ҳамфикр нест”, - гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

"Вақте туро ҳамсари террорист мегӯянд..."

Мақомот мегӯянд, ҳамсари Аслиддин Юсупов воқеан чизе аз нақшаи шавҳараш намедонист. Ӯ Ҳусейн Абдусамадовро низ боре надида будааст.

Аслиддин Юсупов дар деҳаи Кибили шаҳри Норак манзили зист месохт ва он нимкора монд.

"Ду солу шаш моҳ зиндагии муштарак доштем. Аз лаҳзаи шинос шудан то тӯй ва то марги ӯ ҳама аз пеши назарам чун навори филми ғайривоқеӣ мегузарад. Дилам сиёҳ ҳаст. Бароям чизе дар зиндагӣ ҷолиб нест. Аз хона дар деҳа баромада наметавонам. Фикр мекунам, ҳама мегӯянд, ки шавҳарат террорист буд. То саҳар хобам намебарад. Дардамро худам медонаму Худо", - мегӯяд Маҳлиё Тухтаева.

Ба дунболи ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон мақомоти Норак Наботбегим Юсупова, модари ин ду ҷавонро аз омӯзгории мактаби рақами панҷи шаҳр барканор карданд. Моҳе пеш Наботбегим Юсупова барои кор ба Русия рафт. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар Норак шуғли дигаре барои ба даст оврадани маблағ надошт.

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Мақомот гуфтанд, ки ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе, Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров, сокинони деҳаи Селга ва Аслиддину Ҷаъфариддин Юсуповҳо аз Норак анҷом додаанд. Ба гуфтаи мақомот, Ҳусейн Абдусамадов се моҳ дар Норак барои ин ҳамла омодагӣ дидааст. Ӯ танҳо нафаре буд, ки зинда боздошт шуд ва ду ҳафта пеш ба ҳабси абад маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG