Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро дар Тоҷикистон гӯр кунед"


Эргашбой Қобилов дар ҳалқаи наздиконаш дар шаҳри Қайроққум
Эргашбой Қобилов дар ҳалқаи наздиконаш дар шаҳри Қайроққум

Эргашбой Қобилов, ки дар замони Ҷанги дуввуми ҷаҳон ба асорати олмониҳои нозӣ афтода, ҳудуди 70 сол дар ин кишвари аврупоӣ ба сар мебарад, ба наздиконаш васият кард, ки баъд аз маргаш ҷасади ӯро Тоҷикистон биёранд.

Як тоҷики 96-солаи муқими Олмон аз наздиконаш дар шаҳри Қайроққум, ҳоло Ориёкант, хостааст, ки баъди маргаш ҷасади ӯро дар Аврупо намонда, ба зодгоҳаш биёранд. Эргашбой Қобилов ҳамагӣ баъд аз се моҳи хидматаш дар соли аввали Ҷанги дуввуми ҷаҳон ба дасти олмониҳои нозӣ асир уфтода, баъдан натавонистааст ба қаламрави Шӯравии пешин, ки Тоҷикистон ҳам яке аз кишварҳои таҳти итоаташ буд, баргардад. Ҳоло номи ин шаҳрванди собиқи Тоҷикистон дар шиносномаи олмонияш Эркаб Кабулов сабт шудааст.

Ҳоло Эргашбой Қобилов бо даъвати наздиконаш бо як сафари 45-рӯза ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд дар ин муддат чашмаи оби дидагонаш дар орзуи Ватан ва пайвандонаш хушк шуд, вале ба далели мушкили иқтисодӣ қасд надорад боқии умрашро дар ин ҷо сипарӣ кунад.

Қобилов, ки ҳудуди ҳафтод соли умри худро дар Олмон сипарӣ кардааст, мегӯяд: "Баъд аз чор соли асириям, ки ҷанг тамом шуд, олмониҳо хостанд маро бикушанд, вале бемор шудаму бистарӣ гардидам". Ӯ идома медиҳад, ки баъдан дар ин бемористон бо як духтари олмонӣ шинос шуда, бо ӯ зиндагии якҷояро оғоз мекунад ва дигар ба зодгоҳи худ барнамегардад.

Эргашбой Қобилов ва пайвандонаш асосан КГБ-и Шӯравиро айбдор мекунанд, ки номаҳои ӯро то дасти наздиконаш нарасонда, барои эҷоди дурӣ миёни онҳо ва дилсардии Қобилов аз зодгоҳ ва наздиконаш "мусоидат" кардааст. Шарофат Холмирзоева, хоҳарзодаи Эргашбой Қобилов ё Эркаб Кабулов мегӯяд, танҳо дар соли 1976 ба ӯ муяссар шудааст, ки бо ёрии яке аз дӯстон номаи тағояшро дастрас намуда, дар бораи зинда будани ӯ маълумот бигирад.

"Тағоям ҳар сол ба мо хат мефиристодаанд, вале кормандони почта аз тарси кормандони КГБ онҳоро ба мо дастрас намекардаанд, ки бо ҷурми ҷосусӣ гунаҳкор нашаванд. Лекин соли 1976 бо кӯмаки баъзе аз дӯстон муайян кардем, ки тағоям зинда будаанд ва борҳо ба мо хат фиристодаанд," -- гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Худи Эркаб Кабулов мегӯяд, вақте номаҳояш беҷавоб монданду солҳои зиёдеро дар Олмон сипарӣ кард, дигар ба Ватан баргашта натавонистааст. "Аллакай дар онҷо ба зиндагӣ одат кардам ва ба шароити онҷо мутобиқ шудам. Ҳарчанд оби дидагонам ба ёди зодгоҳ ва наздикону дӯстон мешорид, аммо баргаштан нахостам", -- мегӯяд ӯ.

Шарофат Холмирзоева мегӯяд, ки тағояш ҳамроҳи худ як каф хоки Тоҷикистонро дар шаҳри Ҳамбурги Олмон, ки дар онҷо зиндагӣ мекунад, нигоҳ медорад. Онҳо аз мақомоти Ҳамбург хоҳиш кардаанд, ки баъд аз марги тағояш ҷасади ӯро ба зодгоҳаш фиристанд, то ӯ дар гӯшаи қабристони Қароққум ба хок супурда шавад.

15 сол пеш ҳамсари Эргашбой Қобилов даргузашт. Ӯ як писари 66-сола бо номи Эрик (Эркин) ва як набераи 21-сола бо номи Денис дорад: "Аз он ки собиқаи 30-солаи ронандагӣ дорам, моҳе то ҳудуди 1000 доллар нафақа мегирам, вале аз он ки ҳунари навозандагӣ ҳам дорам, дар маҳфилҳо ва маъракаҳо маблағи хуб ба даст меорам."

Мунир Раҳимов, раиси ветеранҳои ҷанг дар вилояти Суғд мегӯяд, аслан ҷанговарони тоҷике, ки ба дасти олмониҳои нозӣ асир афтода буданд, зиёд ҳастанд, вале баъди ҷанг ба ватан ҳам омада бошанд, мақомотро хабардор накардаанд.

Ӯ гуфт, "Аслан он нафарҳое, ки ба дасти ҳарбиёни фашистӣ асир афтода буданд, аз ҷониби мақомоти тоҷик ҳамчун душмани халқ эътироф гардидаанд. Агар имрӯз омада даъвои шаҳрвандиро кунанд, мақомот ба онҳо ҳеҷ имтиёз дода наметавонад. Чунки ватанфурӯш набуданашонро исбот карда наметавонанд. Дар таърихи тоҷик танҳо ҷанговаре, ки асир афтодаву баъдан худро омада сафед карда тавонист, Раҳимҷон Қодиров буд", гуфт ӯ.

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳудуди 300 ҳазор ҷанговари тоҷик иштирок карда, аз ин ҳисоб 100 ҳазор нафарашон ҳалок гардида ё ба ватан барнагаштаанд.

"Маро дар Тоҷикистон гӯр кунед"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

XS
SM
MD
LG