Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Свердлов: САҲА ташкили эътирозҳо дар ҷараёни ҷаласаҳои Варшаваро манъ кард


Рӯзи 10 сентябр дар пойтахти Полша шаҳри Варшава ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ва интихоботи демократӣ шурӯъ ба кор кард, ки қарор аст то 21 сентябр идома кунад. Дар ин баҳсу баррасиҳо намояндагони 57 кишвари узви САҲА, созмонҳои ҷамъиятиву ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳам намояндагони мухолифон метавонанд иштирок кунанд.

Мо хеле шодем, ки ҳукумати Тоҷикистон соли ҷорӣ ниҳоят тасмим гирифт, ки дар ин нишаст иштирок кунад. Дар асл ҳадафи ин ҳамоиш муколамаи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ – намояндагони давлат, мухолифон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар аст.

Соли 2018 аз Тоҷикистон як ҳайати ҳукуматӣ, ду раҳбари созмонҳои шаҳрвандӣ ва ҳам фаъолони мухолифон, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, дар ин ҷаласаҳо иштирок мекунанд.

Ба ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон муовини аввали вазири умури хориҷӣ Низомиддин Шамсиддинзода ва муовини аввали маркази таҳқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров шомил ҳастанд. Дар миёни фаъолони мухолифон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, фаъолони дигар – Шарофиддин Гадоев, Темури Варқӣ ва дигарҳо иштирок мекунанд.

Кодекси рафтор барои ширкатдорони ҷаласаҳои САҲА

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар остонаи шурӯи ҷаласаҳои Варшава субҳи 10 сентябр гуфт, соли ҷорӣ мақомоти ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки масъули ташкили ин конфронс ҳастанд, дар муқаррароти баргузории ҷаласа тағйирот ҷорӣ карданд. Свердлов гуфт, ки хабар ёфтааст, ки дар ҷараёни ҷаласаҳо ташкили намоишҳои эътирозӣ ва ҳам шиорпароканӣ манъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамон нигаронӣ ва эътирозест, ки аз забони ҳукумати Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва дигарҳо садо медод. Ӯ гуфт:

“Мо фаҳмидем, ки барои ҳама ширкатдорони ҷаласаҳои САҲА ба истилоҳ кодекси рафтор қабул шуд, ки ташкили намоишҳои эътирозӣ, пикет ва раҳпаймоиҳоро маҳдуд мекунад. Баъзе ҳукуматҳо дар робита бо он чи ки як ё ду сол пеш гузашт, норизоият баён карданд. Мо медонем, ки дар ҷараёни баргузории ин конфронсҳо анъанаи намоиши фаъолияти шаҳрвандӣ вуҷуд дорад. Дар асл, эътирозҳо на аз Тоҷикистон ду соли пеш шурӯъ шуд, балки ҳамеша баргузор мешуд. Вале ду соли пеш мо шоҳиди вокуниши бисёр тунди Тоҷикистон шуда будем ва имсол ҳам назорат мекунем, ки чӣ мешавад. Мо бисёр умедворем, ки имсол баъди ин конфронс болои хешовандони ширкатдорони ин ҳамоиш фишор намеоранд”.

Соли 2016, як сол баъди манъ шудани фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон, даҳҳо тарафдори мухолифин дар толори маҷлисгоҳи САҲА дар Варшава бо мақомоти тоҷик вориди баҳс шуда, поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишварро ба боди интиқод кашиданд. Дар пай ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки САҲА набояд “аъзои созмонҳои террористӣ”-ро ба ҷаласа роҳ медод ва соли 2017 фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистонро маҳдуд кард. Сентябри он сол ҳайати Тоҷикистон ба ҷаласаи Варшава ҳозир нашуд. САҲА ва дигар ҳамкорони ғарбии Тоҷикистон мегӯянд, ки шаҳодати фаъолияти террористӣ анҷом додани ин созмонро пайдо накарданд.

Тасмими Тоҷикистон барои сафар ба Варшава

Рӯзи ҷумъаи гузашта даҳҳо ҷонибдори ҳукумати Тоҷикистон дар назди дафтари САҲА дар Душанбе гирдиҳамоӣ барпо карда, алайҳи ширкати мухолифон ва Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти Варшава садо баланд карданд. То охири ҳафтаи гузашта нақшаҳои мақомоти тоҷик барои ширкат дар ҷаласаи САҲА маълум набуд, вале ниҳоят рӯзи якшанбе ҳайати ҳукуматӣ ба Варшава сафар кард.

Стив Свердлов гуфт: “Мо хеле шодем, ки ҳукумати Тоҷикистон соли ҷорӣ ниҳоят тасмим гирифт, ки дар ин нишаст иштирок кунад. Дар асл ҳадафи ин ҳамоиш муколамаи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ – намояндагони давлат, мухолифон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар аст. Ҳадафи асосӣ – диалог ё муколама аст, то ки ҳама ҷонибҳо тавонанд фикру андешаҳои худро ба ҳамдигар баён кунанд ва ҳарфи дигарҳоро бишнаванд. Мо дар Human Rights Watch бисёр умедворем, ки битавонем бо ҳайати Тоҷикистон як музокираи ҷудогона барпо кунем ва сиёсати дарҳои бози ҳукумати Тоҷикистон барои ҳама татбиқ мешавад, на фақат барои мо”.

Ба саволи ин ки то куҷо ҳайати Тоҷикистон барои барпо кардани музокира бо намояндагони мухолифони ширкатдори ин ҳамоиш омода аст, ӯ гуфт: “Ман дар бораи чунин барномаҳо хабар надорам, вале умедвор ҳастам, ки соли ҷорӣ мо шоҳиди ширкати созмонҳои мухталиф – диаспораи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар хориҷа – Олмон, Фаронса, Литва, Полша ва дигарҳо мешавем. Умедворем, ки онҳо имкони баррасии масоили мисли озодии баён, интихоботи демократӣ, хушунати хонаводагӣ ва дигарҳоро хоҳанд дошт. Воқеан ҳам фурсати музокирот расидааст”, гуфт Стив Свердлов.

Ҳарчанд ҷаласаи хосе марбут ба Тоҷикистор дар барномаи конфронси САҲА дар назар нест, вале ба иттилои Свердлов, рӯзи чоршанбе як ҷаласаи ҳошиягии ҳуқуқи башар баргузор мешавад, ки ба мавзӯи Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин нишастро донишмандони пажӯҳишгоҳи “Экстер”-и Бритониё, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла, Human Rights Watch, Freedom Now, Global advocacy ва дигарҳо ташкил мекунанд. Дар ин ҷаласа дар баробари намояндагони ҳукумат, фаъолони ҳуқуқ, инчунин ширкати мухолифон ҳам пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG