Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъа Давлатов: Дар таъини мансабдорон бӯе аз маҳалгароӣ нест


Ҷумъа Давлатов
Ҷумъа Давлатов

Ҷумъа Давлатов - раиси Оҷонси хидмати давлатии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон асосан аз як маҳал интихоб ва таъин шудани мансабдорон ва кормандони ниҳодҳои давлатиро беасос хонд.

Ҷумъа Давлатов, раҳбари Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон , иддаоҳо дар бораи фақат аз як маҳал, махсусан аз минтақаи ҷануби кишвар, таъин шудани мансабдорону кормандони идораҳои давлатиро рад кард. Ӯ рӯзи 12 январ дар нишасти матбуотии ин ниҳоди давлатӣ гуфт, онҳо бо таҳияи рӯйхати кормандони ниҳодҳо ва маҳалли таваллудашон мехоҳанд, ки ба ҳадсу гумонҳо дар бораи аз рӯи маҳал таъин шудани мансабдорон хотима бахшанд.

"Баъзан расонаҳо дар мавриди таъини хидматчиёни давлатӣ "кимчизатсия" шудааст, мегӯянд. Мо мехоҳем, ба ҳамин иддао нуқта гузорем," -- афзуд ӯ.

Раҳбари Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон гуфт, ки феълан дар кишвар 18 ҳазору 704 хидматчии давлатӣ сабт шуда, аз ин ҳисоб ҳудуди 40 дарсадашон (7 253 нафар) зодагони вилояти Хатлон будаанд. Ҷумъа Давлатов афзуд, зодагони Суғд дар идораҳои давлатӣ 24 дарсад (4 500 нафар) ва намояндагони Бадахшон 8,6 дарсад (1 618 нафар)-ро ташкил медиҳанд.

"Хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби сокинони Душанбе 10,1 дарсад (1 904 нафар) ва ноҳияҳои тобеи марказ 18,1 фоиз (3 384 нафар) ҳастанд," -- гуфт ӯ. Давлатов зодагони кишварҳои собиқи Шӯравиро, ки ҳоло шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, 45 нафар ҳисоб кард.

Вале ӯ гуфт, тамоми таъиноти мансабдорону кормандони идораҳои давлатӣ аз рӯйи ҳисоби аҳолӣ дар минтақаҳо сурат гирифта, аслан бӯе аз маҳалгароӣ нест: "Аз нуқтаи назари мо, теъдоди хидматчиёни давлатӣ аз Бадахшон, дар муқоиса ба теъдоди аҳолии ин вилоят, бештар аст. Меъёри вилоятҳои Суғду Хатлон мувофиқат мекунад. Лекин аз Душанбе камтар ҳастанд."

Ҷумъа Давлатов: Дар таъини мансабдорон бӯе аз маҳалгароӣ нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

​Хатлон аз калонтарин вилоятҳои Тоҷикистон буда ҳудудан 3 миллион аҳолӣ дорад. Аҳолии вилояти Суғд 2 миллиону 400 ҳазор, Бадахшон 212 ҳазор, навоҳиии тобеъи марказ 1 миллиону 874 ҳазор ва аҳолии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 1 миллион нафар ҳисоб шудааст.

Аммо мунтақидон мегӯянд, дар сиёсати кадрии ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон такя бештар ба аслҳое, чун садоқат ба шахси раҳбари аввал ва маҳал нақши умда дошта, аксари вазифаҳои калидиро дар ҳукумати ӯ намояндагони вилояти Хатлон - зодгоҳи раисиҷумҳур дар даст доранд. Дар солҳои охир мансабҳои калидӣ ҳарчӣ бештар дар дасти хешовандони раисиҷумҳур мунсаҷим мешаванд, ки ин низ аз мояҳои танқиди сиёсати кадриии ӯ шудааст.

Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ се шохаи ҳокимиятро асосан намояндагони се минтақа раҳбарӣ мекарданд ва то ҳанӯз ин "анъана" ҳифз шудааст. Ҳоло раҳбари давлат аз минтақаи Хатлон, нахуствазир аз Суғд ва раҳбари парлумон аз минтақаи Рашт ҳастанд.

"То вақте ки ваҳдати миллӣ комил нест ва мушкилот ҷой доранд, консенсуси нухбагон дар се шохаи ҳокимият камубеш маъсъалаи оромӣ ва суботи ҷомеаро таъмин мекунад,” – гуфт Мамадазимов. Вале ин сиёсатшинос гуфт, гап сари он нест, ки ин ва ё он мансабдор намояндаи кадом маҳал аст, балки сухан бештар дар бораи ҳосили кори тим меравад.

Барои нахустин бор матраҳ шудани маҳалли таваллуди мансабдорони тоҷик аз сӯи Оҷонси хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар ҳолест, ки баҳси мавзӯи маҳалгароӣ дар таъини мансабҳо дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ низх вуҷуд дошт.

Дар замони Шӯравӣ раҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон умдатан аз вилояти аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи Ленинобод(Суғди кунунӣ) таъин мешуданд ва намояндагони манотиқи дигар дар идораи давлат кам ҷалб мешуданд. Аммо дар авоили даҳаи 1990, пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва оғози рақобатҳои шадид барои қудрат,ки ба ҷанги дохилӣ анҷомид, нухбагони сиёсии шимол нуфуз ва саҳми қудратро аз даст доданд.

Хуршеди Атовулло, таҳлилгари тоҷик, мавзӯи маҳалгароиро ҳамчун мушкили рақами яки ҷомеаи Тоҷикистон унвон мекунад. Ӯ мегӯяд, “инҷо гуноҳи ҳамшаҳриҳои қавӣ низ ҳаст,ки то ҳол аз ҳудуди маҳалашон набаромада, кӯшиш мекунанд кланҳои худашонро созанд ва ҷое агар таъин шаванд, хешу табори худро ҷамъ оранд.”

Ҳоло дар Тоҷикистон 5 ҳазору 632 мансабдори давлатӣ фаъолият мебарад. Ба иттилои Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 18 704 ходими давлатӣ беш аз 22 дарсадро занон ва 43 фоизашро ҷавонони зери синни 35 ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG