Ин мошинест, ки ҳатто намуди берунаи он ҳар нафарро водор мекунад, вориди он шавад. Дохили мошин боз ҳам ҷолибтар аст – фазои бозу васеъ, курсиҳои нарми махмалӣ, шишаҳои гулнигор ва чароғакҳои рангоранг ишора мекунанд, ки саёҳат дар мошин ба кас роҳату шодмонӣ мебахшад.
Соҳиби он, Фирӯз Мирзоев, ки мегӯяд, барои ин гуна бозсозии «старекс»-и худ 10 ҳазор доллар сарф карда, дигар дар масири пешина мусофир намекашонад, балки дар тӯю ҷашнҳо зимни фармоиш ва қарордоди махсус хидмати «люкс» мерасонад. Вай мошини навшудаи худро «старекс-лимузин» меномад. Фирӯз меафзояд, дар сохтани мошини нав, ки ним сол давом кард, аз интернет кумак гирифтааст: «Худам ҳам хеле мехостам, мошинам ҷолиб ва аз дигар чунин мошинҳо фарқкунанда бошад. Дар ин мошин ҳам 8 нафар баҳузур ҷой мегирад, кондитсионер ё ҳавополо ҳам дорад, ҳама лавозимоти ин мошин мисли мошинҳои гаронбаҳо ҳаст. Одатан онҳое аз ин мошин истифода мекунанд, ки барои мисол оилавӣ ё бо ҷамъи дӯстон ба сайругашт ё истироҳат мебароянд ва ё ҷашну маросими хурсандӣ доранд.»
Фирӯз мегӯяд, ҳоло, бисёре аз сокинони шаҳр, ба хусус ҷавонон дар рӯзҳои шодиву хурсандии худ мехоҳанд аз мошинҳои гаронбаҳову зебо истифода баранд, аммо чун кирояи чунин мошинҳо баланд аст, на ҳама ба чунин орзуҳои худ мераcаснд. Биноан, вай тасмим гирифт, мошине созад, ки ҳамаи вижагиҳои лимузинро дошта бошад, аммо аз лиҳози нарх дастраси аксарияти мардум. Нархномаҳои «старекс-лимузин»-и Фирӯз Мирзоев вобаста ба муҳлати хидмат ва масир аз 150 сомонӣ шурӯъ мешавад: «Пулеро, ки аз як субҳ то шом бо мусофиркашӣ кор мекардам, ҳоло мешавад бо гирифтани як фармоиш дар муддати чанд соат пайдо кард. Аз сӯи дигар аз даъво бо милисаву диспетчерҳо ҳам каму беш халос. Аксаран тариқи телефон фармоиш мегираму корамро иҷро мекунам.»
Фирӯз дар ҳоле «бизнес-идея»-и худро амалӣ мекунад, ки шикояти мусофирон аз «старекс»-ҳои мусофиркаш зиёд шудаву таксиҳои арзон ё ба ибораи маъруф «сесомонӣ» ҷои автобусҳои хурдро танг кардааст.
Аммо аз шеваи хизматрасонии ин навъи маршруткаҳо, ки ба ҷойи 8 мусофир бо ҷафс гузоштани курсиҳо бештар аз 10 мусофир ҷой карда мешаванд ва роҳкиро ҳам аз нархи муайншуда бештар талаб мешавад аксар сокинон шикоят мекунанд. Махсусан дар фасли гармо, истифода аз ин маршруткаҳои серодам барои мусофирон мушкил аст. Дар бархе ҷодаҳои шаҳр мардум ба ҷуз истифода ин маршрут, ки аз мусофирон 2 сомонӣ роҳкиро талаб мешавад, илоҷе надоранд.
Аммо аксарият ҳоло ба таксиҳои «се сомона, ки фақат як сомон аз машршруткаҳо фарқ мекунанд, бартарӣ медиҳанд. Мунира, як сокини шаҳр, ки дар хонае ба ҳайси фаррош кор мекунад, мегӯяд,. «Ман ҳамон 3 сомонӣ дода бароҳат бо мошини майда меравам то кор ё хона, дар ин маршруткаҳо, ростӣ, сарам чарх мезанаду бехуд мешавам. Ҳаво ва ҷойи нишаст хеле танг аст. Нарх ҳам қариб баробар ба таксӣ.»
Ронандаҳо дар навбати худ мегӯянд, хароҷи онҳо ҳам зиёд аст ва бояд даромаде ба даст оранд, то зиндагии худро пеш баранд. Аммо Фирӯз Мирзоев хушҳол аст, ки тавонистааст бо дарёфти роҳи нави даромад бо ҳамон «старекс»-аш аз ҷанҷол бо мусофирону милисаҳо халос шавад.