Муллоҷон Амирбеков, сардори Хадамоти байтории Тоҷикистон рӯзи 17 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи корӣ рӯзи сешанбе бо раҳбарии муовинаш Холназар Одинаев ба маҳалли забҳи гов дар деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ рафта, сабабҳои аслии сирояти бемориро меомӯзад.
Насиб Икромов, муовини сардори Маркази беҳдошт ва вогиршиносии вилояти Суғд рӯзи сешанбе иттилоъ дод, ки бемории сӯхтанӣ ба 4 сокини бо ҳам хешу табори деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ аз як гови гирифтори ин беморӣ сироят кардааст. Аз ҷумла Зариф Исҳоқови 56-сола, ки гови бемори худро забҳ карда буд, бо нишонаҳои сӯхтанӣ даргузашт. Дар пайи ташхис табибон дар бадани подабон ва се хеши наздики ӯ низ аломатҳои сӯхтаниро ошкор карданд.
Муллоҷон Амирбеков афзуд, ки мутахассисони Хадамоти байторӣ ҳамаи подаҳои гов дар ин мавзеъро воксини «штамм-55» мезананд ва маҳалли забҳи говро семент мекунанд, ки дигар чоррво натавонад алафи онҷоро бихӯрад. Зеро ангезаи бемории сӯхтанӣ дар таркиби хок, ба гуфтаи Амирбеков, аз 70 ва 100 сол ҳифз мешавад: «Азбаски гови алафро бо решааш мехӯрад, дар сурати вуҷуди ангезаи «сибирская язва» метавонад сироят кунад."
Ба иттилоъи Хадамоти байторӣ, пас аз воксин задани молҳои деҳаи Саратоғи ҷамоати Фондарё, мутахассисони Хадамоти байторӣ ба деҳаи Хурмии ноҳияи Панҷакент мераванд ва подаи ҷамоати онҷоро низ воксин мезананд
Ба қавли Муллоҷон Амирбеков, вазъи минтақаҳои Тоҷикистон дар робита ба масъалаи бемории сухтанӣ комилан таҳти назорат қарор дорад ва феълан танҳо ҳоло дар ду деҳаи ноҳияи Айнӣ ва Панҷакент ин мушкил вуҷуд дорад, ки рафъ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16 июл ду мавриди нави гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сабт шудааст. То кунун дар ноҳияи Айнӣ 4 мавриди эҳтимолии гирифторӣ ба ин маризии қаттол ва дар Панҷакент ду маврид сабт шуда буд.
Насибҷон Икромов, муовини раиси Маркази беҳдоштии вилояти Суғд ба «Азия Плюс» гуфтааст, дар ноҳияи Айнӣ 33 нафареро, ки бо манбаъи беморӣ тамос доштаанд, ташхис кардаанд. Дар Панҷакент 28 нафар ва дар Бобоҷон Ғафуров 6 нафарро бо айни ҳолат таҳти назорати табибон қарор додаанд. Аз 8 нафари мубтало ба сӯхтанӣ дар вилояти Суғд якеаш рӯзи 8 июл дар бемористони марказии амрози сироятии шаҳри Хуҷанд даргузаштааст.
Сӯхтанӣ, ки бо номи сиёҳзахм, карбункул ва дар русӣ ҳамчун «сибирская язва» ҳам маъруф аст, як навъи хатарноки бемории сироятии чорвои хонагиву ваҳшист, ки ба одам низ сироят карда метавонад. Сӯхтанӣ маъмулан дар пӯсти инсон ё чорво реш давонда, дар як муддати кӯтоҳ маризро аз пой меафтонад ва ҳатто метавонад ба марг бирасонад. Дар аҳди қадим ин бемории қаттол бо номи "персидский огонь" ("сӯзоки форсӣ") низ маъруф будааст.