Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Нуробод сокинони як деҳа гирифтори маризии сӯхтанӣ шудаанд


8 сокини ноҳияи Нуробод ба маризии сӯхтанӣ (сибирская язва) гирифтор шудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, гирифторон ҳамагӣ сокини деҳаи Ғофилобод, наздикии шаҳри Роғун ҳастанд. Ба қавли ин манбаъ, манбаи сироят гови як нафар будааст, ки аз маризӣ фавтидааст ва соҳибаш гӯшти онро бо ҳамсояҳояш бо ҳам дидаанд.


Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, маризӣ танҳо дар қисмати болоии пӯсти гирифторон зоҳир шудааст, аз ин хотир, онро навъи оддӣ меноманд ва барои нигаронӣ аз сироят ёфтани он асосе намондааст. Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир тамоми говҳои деҳаи Ғофилобод ва гирду атрофи шаҳри Роғун аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд, аммо мавриди дигари ин маризӣ ошкор нашудааст.
Мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир аз 8 нафар чор нафар дар беморхона ва бақия рухсат шудаанд.


Хуруҷи сӯхтанӣ дар гузашта низ дар Тоҷикистон иттифоқ афтодааст, аммо густарда нашудааст.
XS
SM
MD
LG