Бозии аввали дӯстона миёни футболбозони навраси то 17-солаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай 26-уми декабр доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагари дастаи ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Фирӯзҷон Шарифов ба самар расонд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомади таълимию тамринӣ футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боз як бозии дӯстона баргузор мекунанд, ки он дар Дубай рӯзи шанбеи 28-уми декабр доир мегардад.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Дубай барои наврасони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар марҳилаи интихобӣ мунтахаби Гуамро бо ҳисоби рекордии 33:0, дастаи мизбон – Сингапурро бо ҳисоби 3:1 ва тими Умонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, дар ҷадвали гурӯҳи «J» бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола роҳхат гирифт.