Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Сомон: "Хушбахтам, ки фарзандам миллатро муаррифӣ кард" ВИДЕО


Моёншо Маҳмадбеков
Моёншо Маҳмадбеков

Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш манзили волидони ӯро дар Тоҷикистон пур аз меҳмон кардааст. Бисту чаҳор соати ахир Моёншо Маҳмадбеков фақат паёмҳои табрикотӣ мегирад ва бо онҳое, ки ба табрикаш меоянд, мулоқот мекунад.

Писари 21-солаи ӯ Сомон Маҳмадбеков шаби 17-уми октябр қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон шуд. Ин нахустин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар қаҳрамонии ҷаҳон аст.

"Бовар кунед, шаб нахобидаам. Бештар барои ман хурсандиовар ин аст, ки аз тамоми минтақаҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва почтаҳоям табрикнома меояд. Хеле хушбахтам, ки фарзанди ман тавонист, миллатро муаррифӣ кунад", -- гуфт Моёншо Маҳмадбеков рӯзи 18-уми октябр ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.

Хонаводаи Сомон Маҳмадбеков аз ӯ пирӯзиро интизор доштаанд. Дастёбӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон, ба гуфтаи падар, орзуе буд, ки тамоми ин солҳо Сомон барои он талош дошт. Аммо тамошои лаҳзаҳои муҳорибаи Сомон дар мусобиқаи ҷаҳонӣ чун ҳамеша барои падар ва хонавода осон набудааст.

Моёншо Маҳмадбеков мегӯяд, "дирӯз дидам, хеле лаҳзаҳои пурэҳсос буд. Ростӣ, то охир тамошо карда наметавонам. Вақте рақобат тамом мешавад, баъд мепурсам, ки натиҷа чӣ шуд? Имшаб ба ӯ занг задам, бисёр хушҳол буд. Ин беҳтарин лаҳза барои Сомон буд. Ӯ тавонист, парчами давлаташро боло бардорад".

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Падари Сомон Маҳмадбеков: "Пирӯзияшро интизор доштем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Пирӯзии Сомон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Марокаш барои сокинони Тоҷикистон ҳам хабари хуш буд. Онҳо ин ҳодисаро барои варзиши тоҷик дастоварди муҳим мехонанд. Сайдалӣ Мусофиров, варзишгари собиқ ва раиси пешини ноҳияи Дарвоз гуфт, "агар Саидмуъмин Раҳимов моро муаррифӣ карда бошад, имрӯз ман ифтихор мекунам, ки Сомони мо чемпион шуд".

Гуштигири шинохтаи тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола дар Марокаш, дар миёни беш аз 80 кишвари дунё бо шикаст додани панҷ рақибаш дар вазни то 73 кило ғолиб шуда, ба медали тило ва 2500 доллар сарфароз гашт.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии муррабиён ё амакҳоаш -- Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо -- тамрин мекунад. Ӯ аз хонаводаи варзишгарони маъруфи тоҷик Маҳмадбековҳо аст, ки солҳои охир дар Иркутски Русия ба сар мебаранд.

Аммо дар тамоми мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ин паҳлавони тоҷик аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Ба гуфтаи худи Сомон, борҳо пешниҳод гирифтааст, ки аз Русия намояндагӣ кунад, вале ҳамеша ба ин дархост посухи рад додааст. Ӯ аксаран дар замони таътили худ, ба назди хонавода ва бародаронаш ба Тоҷикистон меояд.

Ду соли ахир Сомон Маҳмадбеков, Тоҷикистонро дар сабқатҳои ҷаҳонӣ аз номи клуби ба номи Ҳоҷӣ Шариф муаррифӣ мекунад. Ҳоло клуби мазкур дар Душанбе толори варзишии худро таъсис додааст.

Мураббиёни ин мактаби варзишӣ мегӯянд, Сомон ҳам ҳангоми сафарҳояш ба Тоҷикистон дар ин толор тамрин хоҳад кард. Тимур Манозов, роҳбари Клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф" умед дорад, ки Сомон ҳангоми омаданаш ба кишвар бо варзишгарони наврас тамрин хоҳад кард.

Сомон Маҳмадбеков феълан дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 1844 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дорад. Вай мавқеашро дар раддабандии олимпӣ низ хеле беҳтар кард ва бо 1366 имтиёз дар ҷойи 22-юм мебошад.

Қарор аст, паҳлавони тоҷик ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо, Сомон Маҳмадбеков дар аввали моҳи ноябри имсол ба Тоҷикистон биояд. Мухлисону дӯстдорони варзиш аз ҳоло барои истиқболи ботантанаи ӯ изҳори омодагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG