Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов гуфт, минтақаҳои баҳснок "50/50 тақсим карда шуданд"


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон. Акс аз соли 2023
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон. Акс аз соли 2023

Бархилофи хомӯшии мақомоти Тоҷикистон, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) баъзе аз нуктаҳои созиши марзиро байни ду кишвар шарҳ дод.

Ӯ гуфт, минтақаҳои баҳсноки марзӣ дар байни ду ҳамсоя баробар (50/50) тақсим карда шуданд: “Баъзе аз қитъаҳо бо шароити баробар иваз карда шуданд. Ҳоло кори санадгузорӣ дар ҳоли анҷомёбист.”

Содир Ҷабборов (Жапаров) аз нуқтаҳои баҳснок ном нагирифт. Ду кишвар то ин дам дар мавриди роҳи Воруху чоркӯчае байни Исфараву Бодканд ва гӯшаҳои дигар ҷанҷол доштанд.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабри имсол марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳадро пурра ба поён расонданд, вале тафсилоти онро нагуфтанд. Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Кабар” гуфт, масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон “бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар ҳал шуд”.

“Ҳангоми таъйини хати сарҳад бартарӣ додан ба як тараф ғайриимкон аст. Усули баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ду ҷониб бояд риоя карда шавад”, -- афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол созиши марзиро бо Қирғизистон шарҳ надодаанд. Ҷабборов гуфтааст, баъд аз поёни кори кумисюни байниҳукуматӣ, санадҳоро вазирони умури хориҷӣ имзо, порлумонҳои ду кишвар тасвиб ва раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон имзо ва ниҳоӣ хоҳанд кард.

Вай афзудааст, пас аз поёни кори кумисюни байниҳукуматӣ гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам боз хоҳанд шуд. Ин гузаргоҳҳо аз соли 2021, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона, бастаанд.

“Кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ талаби аҳолии маҳаллӣ низ ҳаст. Аз баста будани марз ҳарду тараф зарари иқтисодӣ дид. Робитаҳои тиҷоратӣ қатъ шуд. Ҳоло ҳадафи мо кушодани гузаргоҳҳи сарҳадӣ ва ба сатҳи баландтарин расонидани додугирифт аст," – илова кардааст Содир Ҷабборов (Жапаров).

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Пас аз он ду тараф ба кашидани хати сарҳад сар карда, вале аз баррасии хатти марз бар пояи харитаҳои замони Шӯравӣ даст кашидаанд. Бар пояи онҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин соли 2022 аз минбари Созмони Милал гуфта буд, ки “2110 километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон аз тарафи кишвари ҳамсоя ишғол гаштааст”.

Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст. Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, низ ҷузъиёте надоданд.

XS
SM
MD
LG