Бориши барфи аввал дар Тоҷикистон равуо миёни пойтахт ва шимоли кишварро мушкил карда, себу пахтаи сокинонро таҳти хатар гузошт. Ба қавли ронандаҳо, дар роҳи Душанбе-Чаноқ резиши санг низ мушоҳида шудааст.
- Ширкати IRS, масъули нигоҳубини ин роҳ эълон кард, ки аз ин ба баъд дар сурати дарёфти ҳушдори хатар ба ҳаёти одамон ҳаракат дар ин ҷодаро ба таври муваққат қатъ хоҳад кард.
Ҳифзи ҳаёти ҳатто як сокини кишвар аз даромади молии ширкат муҳимтар аст
Аз субҳи 9-уми октябр таваққуфгоҳи таксиҳо ба самти шимоли Тоҷикистон камодам буд. Мусофирон бо шунидани хабарҳо дар бораи баррезӣ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб аз сафар худдорӣ мекунанд. Зеро тарси зери тарма мондан дар ин роҳ монеи сафарашон мешавад. Зимистони соли 2016-2017 дар бораи зери тарма мондани мошинҳои сабукраву борбар чандин гузориш расида буд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Сангрезӣ ҳам буд"
Муҳиддин Қулматови 42-сола, ки чаҳор сол боз дар роҳӣ Душанбеву Хуҷанд мусофир мекашонад, гуфт, шоми дирӯз аз шимол ба пойтахт баргашт ва дар роҳ шоҳиди барфрезиву сангрезӣ шуд. “Дар баъзе аз минтақаҳо сангрезӣ шуда буд ва мушоҳида мешуд, ки кормандони IRS наметавонистанд зуд роҳро аз сангрезаҳо тоза кунанд. Дар баъзе аз бахшҳои роҳ тумани ғафс нишаста буд ва водор мешудам мошинро оҳиста биронам”, - гуфт ӯ рӯзи 9-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Анварбек Раҳматов, нозири таваққуфгоҳи “Маром”, ки мусофирон аз ин маҳал бо таксӣ озими шимоли Тоҷикистон мешаванд, гуфт, бо намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон тамоси доимӣ доранд ва ронандаҳоро аз вазъи роҳ огоҳ месозанд.
Ӯ гуфт, “аз ширкати IRS ба мо иттилоъ медиҳанд, ки дар кадом минтақа тарма фаромадааст ё сангрезӣ сурат гирифтааст. Мо ин иттилоъро ба ҳар як ронанда мерасонем. Агар аз IRS хабар диҳанд, ки роҳ баста аст, мо ба сафари мусофирон ва ҳам ронандагон иҷоза намедиҳем”.
"Ҳаёти сокинон муҳимтар аз даромад аст"
Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, масъули нигоҳубини ин роҳи пулакӣ, рӯзи 9-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омодагӣ ба фасли зимистон дар ин ширкат дар чаҳорчӯби қарори ҳукуматӣ сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, ба ин манзур даҳҳо ҳазор метри мукааб маводи зидди лағзиш ва беш аз 250 ҳазор литр сӯзишворӣ захира шудааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи Далери Абдулло, ширкат мошинҳои калони зидди оқибатҳои тармафароиро харидааст, ки дар сурати зарурӣ зуд ба маҳалли ҳодиса интиқол меёбад.
“Дар ҳузури мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҷараёни омодагӣ ба фасли зимистон баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа тасмим шуд, дар сурати вуҷуди иттилои хатар ба зиндагии инсон ҳаракати нақлиёт дар ин масир ба сурати муваққат масдуд карда мешавад. Зеро ҳифзи ҳаёти ҳатто як сокини кишвар аз даромади молии ширкат муҳимтар аст”, - афзуд ӯ.
Мавҷи сардӣ аз Урал меояд
Қаблан ҳатто дар сурати вуҷуди ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи хатари тармафароӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳаракати мошинҳоро дар роҳи Душанбе-Чаноқ манъ намекарданд. Ҳамакнун ширкат мехоҳад, аз ин таҷриба дигар истифода накунад. Зеро, дар зимистони соли 2016 ва 2017 даҳҳо сокини Тоҷикистон зери тарма дар ин масир ҷони худро аз даст дода ва санги маломат асосан ба сӯи ширкати IRS фиристода мешуд, ки ҳаракат дар роҳро мутаввақиф накардааст.
Далери Абдулло афзуд, ки тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон зимистони имсол тӯлониву сард хоҳад буд. Ба ин далел, сухангӯи IRS аз ронандаҳои масири Душанбе – Чаноқ даъват кард, ки дар сурати рух додани офатҳои табиӣ дар ин ҷода қоидаҳои роҳро риоя карда, ба танбашавии нақлиёт роҳ надиҳанд.
Масъулини Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон низ 9-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нахустин барфрезӣ дар кишвар дар пайи вуруди мавҷи сард ё сиклон аз минтақаи Урали Русия сурат гирифтааст. Гуфта шуд, ки аз ин ба баъд ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон тадриҷан пойин рафта, сокинонро зимистони тӯлониву сарде дар пеш аст.
"Себу пахта ва чормағзи заминӣ зери барф монд"
Дар ҳамин ҳол, аз маркази матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сардшавии ҳаво пешгӯӣ шуда буд ва кишоварзон то ин вақт қисме аз ҳосили парваридаашонро ҷамъоварӣ кардаанд. Вале бо ин вуҷуд, ҳанӯз ҳосили зиёди пахта ва бархе аз анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ нашудааст.
Зоҳирҷон Бойматов, раиси хоҷагии деҳқонии “Сангин Бойматов” аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сардии рӯзҳои охир аз як сӯ ҳам фоида доштанд ва аз тарафи дигар зарар.
Ӯ гуфт, “дар хоҷагии деҳқонии ман асосан пахта ва чормағзи заминӣ (арахис) кишт шудааст. Дар замин ҳанӯз ҳосили пахтаву чормағзи заминӣ пурра ҷамъоварӣ нашудааст. Агар ҳаво дубора гарм шавад, пахта хушк мешавад, вале хушк шудани ҳосили чормағзи заминӣ душвор аст. Аммо ин боришот барои ҳосили соли оянда заминаи хубе мегузорад, зеро имсол заминҳо бо камборишӣ ва камобӣ дучор шудаанд”.
Аз сӯи дигар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое аз боғҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Файзободу Ванҷ нашр шудаанд, ки ҳосили ночидаи себ зери барфу дар оғӯши сардӣ мондааст.