Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майя Санду дар интихоботи президентии Молдова ғалаба кард


Майя Санду
Майя Санду

Дар даври дуввуми интихоботи президентӣ дар Молдова, ки 3-юми ноябр баргузор шуд, раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду ғалаба кардааст.

Ба эълони Комиссияи марказии интихоботи Молдова, баъди ҳисоби қариб 99 дарсади баргаҳой раъй маълум шудааст, ки Санду 55 ва рақиби ӯ собиқ додситони кулл Александр Стояногло 45 дарсади раъйҳоро ба даст овардаанд.

Дар интихобот, 54,3 дарсади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардаанд.

Майя Санду дар аввалин вокунишаш баъди эълони натиҷаҳои интихобот дар шабакаи X (Твиттер) навишт, “Молдова имрӯз ту ғалаба кардӣ. Мо якҷоя қувваи ваҳдат, демократия ва садоқат ба ояндаи арзандаамонро нишон додем.”

Санду дар охирин лаҳза аз ҳисоби овози ҷомеаҳои молдовӣ дар хориҷи кишвар ғалаба кард. Дар нуқтаҳои раъйдиҳии дохили кишвар Александр Стояногло 51,2 дарсади овозҳоро соҳиб шуд. Баъди оғози шуморидани баргаҳои раъй, Стояногло аз тарафдоронаш хост, ки сарфи назар аз натиҷаҳо, оромиро ҳифз кунанд. Собиқ додситони кулл умедворӣ кард, ки дар Молдова "минбаъд кинаву тафриқаи таҳмилшуда хотима хоҳад ёфт".

Дар даври аввали интихобот, ки 20-уми октябр баргузор шуд, Санду 42,3 ва Стояногло 26 дарсади овозҳоро соҳиб шуда буданд. Санду, ки аз соли 2020 президенти Молдова аст, тарафдори робитаи наздик бо Ғарб ва пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аст. Александор Стояногло бошад аз пуштибонии ҳизби тарафдори Русия бархурдор аст.

Рӯзи 3-юми ноябр, ҳукумати Молдова бори дигар Русияро ба дахолат дар интихоботи гунакҳор кард. Маскав борҳо чунин чизеро рад кардааст. Нозирони Promo-LEX ба бахши молдовии Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар рӯзи интихобот беш аз 220 қонуншиканиро сабт кардаанд. Пулиси Молдова аз 190 хилофкорӣ хабар дод.

Равобити Молдова бо Русия пас аз сари қудрат омадани Санду дар соли 2020 бадтар шуд. Ҳукумати ӯ, ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кард ва Маскавро ба сарнагунии ҳукумати Молдова муттаҳам сохт.

Мақомоти Молдова мегӯянд, Русия талоши дахолат ба интихоботи Молдова ва ноором кардани ин кишварро кардааст. Чанд нафарро низ бо гумони ҳамкорӣ бо Русия ба хотири баргузории тазоҳуроти хушунтаомез боздошт кардаанд.

Русия дахолаташ дар умури Молдоваро рад мекунад, вал ҳукумати ин кишварро ба “русбадбинӣ” муттаҳам мекунад.

Молдова, яке аз 15 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ ҳаст, ки солҳост, барои ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо талош мекунад. Русия ошкору ниҳон ба ин мухолифат дорад.

XS
SM
MD
LG