Дафтари матбуоти БОР 4-уми ноябр дар хабарномае навишт, роҳи Данғара-Гулистон 49 километр буда, аз ду хат иборат аст ва баъди навсозӣ паҳноии роҳ то чор хат васеъ мешавад.
Ба қавли манбаъ, дар Тоҷикистон ин аввалин роҳ хоҳад буд, ки дар он унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим истифода мешавад. Дар назар аст, ки дар канори роҳ барои убури дучархасаворон ва шахсони имконияташон маҳдуд шароит фароҳам шавад.
Роҳи Данғара-Гулистон солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, бори ахир 50 сол пеш навсозӣ шудааст. Данғара зодгоҳи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши молӣ аст. Дафтари матбуотии БОР мегӯяд, ин ниҳоди молӣ баъди соли 1998 барои Тоҷикистон 2,7 миллиард доллар ҷудо кардааст, ки 2,2 миллиарди он маблағи бебозгашт буд.