Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти шаш нафар барои дуздии хар дар Хатлон


Шаш сокини ноҳияи Ховалинг ва вилояти Суғд бо ҷурми дуздии тақрибан шаст хар дар ин минтақа, ба дусолӣ ҷазои ғайриҳабсӣ, маҳкум шуданд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин афрод баҳори имсол, ҳангоми интиқоли даҳҳо хар аз ноҳияи Ховалинг ба Душанбе, дастгир шуда, то замони содир шудани қарори додгоҳ дар боздоштгоҳ буданд.

Ҳукми ин афрод аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Ховалинг эълон шудааст. Шариф Раҳмонзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Ховалинг, рӯзи 12-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин афрод дар пайи шикояти тақрибан 25 сокини ноҳия боздошт шуданд, ки аз якбора гум шудани харҳояшон нигарон буданд.”

Тибқи ҳисобҳои бойторӣ, ки соли 2015 анҷом шудааст, дар Тоҷикистон 184 ҳазор хар сабт шудааст.

“Он вақт дар ду мошини боркашони тамғаи “Дулан” 105 харро ба тарафи Душанбе бурданӣ буданд”, - афзуд додрас ва гуфт, "мақомоти тафтишотӣ муайян кардаанд, ки аз ин ҳисоб 57 хар дуздист."

Боздошту муҷозоти ин афрод ҳанӯз ба баҳси онки шаҳрвандон бо харҳо чӣ мекарданд, пурра рӯшанӣ наандохтааст. Боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки дар ивази пул харҳоро пайдо карда, ба баъзе муштариён аз вилояти Суғд медоданд ва аз сарнавишти ояндаи ин ҷонварон хабар надоштанд.

Ҷамшед Сайдалиев, сокини 36-солаи ноҳияи Ховалинг, ки ба ҷурми дуздии хар боздошт шуда буд, гуфт, ба дӯстонаш дар ин кор ёрӣ дод ва пояш ба парванда кашида шуд. Ӯ гуфт, "чанд нафар аз вилояти Суғд ба ноҳияи Ховалинг омада, хар хариданд. Чанд шиносам ба онҳо ҳар харро ба қимати 200 сомонӣ мефурӯхтанд. Ман низ ба онҳо кӯмак карда будам. Баъдан як-ду кӯдак харҳои дуздӣ оварданд. Ҳамон харҳо барои мо дарди сар шуданд.”

Қаблан бархе аз сокинони вилояти Хатлон аз гум ва кушта шудани даҳҳо хар дар ин минтақа нигаронӣ карда буданд. Онҳо гуфтанд, ки афроди ношинос харҳояшонро аз назди хонаҳо дуздида, баъди пӯсташро гирифтан дар ҷарӣ ё ғорҳо партофтаанд ё ба минтақаҳои дигар бурдаанд.

Баъзе аз сокинон гуфта буданд, ки тоҷирони чинӣ аз баъзеи онҳо харҳои аз по уфтодаашонро ба хотири пӯсташон харидаанд. Аз ин рӯ, бо ишора ба зиёд гум шудани харҳо ва куштори онҳо, ин ҳодисаҳоро ба ривоҷи тиҷорати пӯсти хар рабт доданд.

Дар бозори Чин нархи пӯсти як хар то 463 доллар боло рафтааст. Аз қадим дар тибби анъанавии чинӣ аз он давое месозанд, ки дар ҷаҳон бо номи Этсзяо машҳур аст. Онро барои хуб кардани гардиши хун, баланд бардоштани иммунитет ва нигоҳ доштани латофати инсон, истифода мебаранд.

Дар Чин талабот ба пӯсти хар рӯз ба рӯз меафзояд, аммо парвариши он коҳиш ёфтааст. Чин барои таъмини бозори дохилӣ аз кишварҳои гуногун ин ҳайвонро меорад. Агар аз Ҳиндустон ва Покистон онро зинда баранд, аз кишварҳое мисли Русия, Узбакистон, Украина, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон танҳо пӯсти онро ворид мекунанд.

Тибқи ҳисобҳои бойторӣ, ки соли 2015 анҷом шудааст, дар Тоҷикистон 184 ҳазор хар сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG