Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси ширкати мобилии Тселл (Tcell) бо Кумитаи андозро ба фоидаи ахирӣ ҳал кардааст.
Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, рӯзи 19-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки қаблан Додгоҳи иқтисодии пойтахт ин баҳсро ба нафъи Кумитаи андоз ҳал карда буд ва онҳо аз ин қарор ҳимоят намуданд.
Навори видеоӣ инҷост:
Ширкати Тселл моҳи январи имсол бо нашри як изҳорот гуфт, ки мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар, ҷарима бастанд. Ин ширкат гуфт, мақомоти андози Тоҷикистон даъвои худро бар асоси “даромадҳои наандӯхта” пеш овардаанд. Яъне даромадҳое, ки ширкати Тселл метавонист бигирад.
Аммо масъулони ширкати Тселл мегӯянд, дар Кодекси андози Тоҷикистон чунин мафҳум вуҷуд надорад ва таъкид карданд, барои муқоиса он маблағе, ки мақомоти андоз аз онҳо талаб доранд, аз даромадҳои ширкат дар соли 2015 бештар аст.
Қаблан Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар шарҳи ҷаримаи 155-миллион сомонии ширкати Тселл аз сӯи ин ниҳод гуфт, ин маблағ дар пайи санҷиш муайян шудааст ва пурра дуруст мебошад. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта буд, Тселл танҳо ширкате нест, ки ҷарима шудааст ва ба гуфтаи вай, дар пайи санҷиш дар соли гузашта, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ ва "Мегафон" 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.
Тселл, ки ҳоло саҳмияҳояшро Бунёди рушди Оқохони чаҳор дар ихтиёр дорад, дар баробари Бабилон яке аз ширкатҳои сермуштарӣ дар Тоҷикистон аст.