Овозхони 17-солаи тоҷик Шоҳрух Юунусов чанде пеш бо иҷрои як тарона дар сабқати ҷаҳонии "Азия Мейкин"-и Қирғизистон ҷойи сеюмро ба даст овард. Ӯ аз ҷавонтарин иштирокдори ин озмун буд. Аммо ин нахустин ҷоизаи Шоҳрух нест. То расидан ба ин саҳна ҳунари Шоҳрух дар саҳнаҳои дигари байналмилалӣ эътироф шуд.
Чор сол пеш Шоҳрух Юунусов шоҳҷоизаи озмуни "Беҳтарин сурудҳои туркӣ"-ро, ки дар он 130 довталаб иштирок дошт, дар Туркия соҳиб гардид ва акнун меҳмони фахрии ин озмун аст, ки ҳар сол баргузор мешавад. Баъд аз пирӯзӣ дар ин озмун, раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ӯро ба меҳмонӣ даъват кард.
Аммо муҳимтарин озмуне, ки дари пешрафтҳоро ба рӯи Шоҳрух Юунусов боз кард, озмуни маъруфи Sanremo Junior дар Итолиё буд. Ӯ дар ин озмун бо таронаи машҳури Неополитании "О sole mio" ё "Офтоби ман" ҳунарнамоӣ кард ва ҷойи аввалро гирифт. Ба дунболи ин, беҳтарин ҷоизаҳоро дар сабқати таронаҳо дар Русия, Қазоқистон, Белорус ва давлатҳои дигар ба даст овард.
Шоҳрух дарси мусиқӣ нахондааст. Ҳунари ӯро дар оғоз устодонаш дар мактаби туркиву тоҷикӣ кашф карда ва гуфтанд, ки ин ҳунари худододро қадр кунад ва рушд бидиҳад. Ҳоло устоди ӯ ҳунарманди маъруфи тоҷики муқими Итолиё Адҳам Холиқов аст, ки ҳар сол дар фасли тобистон ба Душанбе омада, нозукиҳои операро ба Шоҳрух меомӯзонад.
Шоҳрух Юнусов зодаи шаҳри Конибодоми шимоли Тоҷикистон аст ва дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯро асосан падарбузурги муаллимаш тарбия кардааст. Шоҳрух ба ҷуз забони модариаш боз бо се забони дигар - туркиву англиси ва русӣ - озодона сӯҳбат мекунад. Баъди 3 соли таҳсил дар мактаби туркии шаҳри Хуҷанд, соли 2014 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ пуштибонӣ кард ва барои идомаи таъсил ба Душанбе даъват намуд.
Шоҳрух Юнусов ҳоло як орзу дорад. Ӯ мехоҳад, баъд аз хатми мактаби байналмилалии президентӣ таҳсилро дар Академияи "Belcanto"-и Итолиё идома диҳад ва хонандаи опера шавад. Ӯ мехоҳад, дар саҳнаҳои Ла Скала ва Ла Финичи ҳунарнамоӣ кунад. Шоҳрух бовар дорад, ки раисиҷумҳур ба аҳдаш вафо мекунад ва ӯро барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар мефристад.
Айни видео дар Ютуб: