Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 17 000 қоидавайронкунӣ дар 6 соати назорати дурбинҳо


Дар давоми 6 соати рӯзи авали фаъолияти дурбинҳои назоратӣ дар кӯчаҳои Душанбе беш аз 17 ҳазор қоидавайронкунии ҳаракати роҳ ва 10 далели вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ сабт карда шудааст.

Тавре дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, вобаста ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гурӯҳҳои фаврӣ-тафтишотӣ фавран ба ҷойи ҳодиса фиристода шуда, қоидавайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони тарҳи «Шаҳри бехатар», ки аз як марказ назорат карда мешавад, давоми чанд соати фаъолияти ин дурбинҳо сабт шудааст, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе аз ҷумла, аз ҳама бештар дар боғи Рӯдакӣ ҷавонон тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда буданд ва мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ онҳо ҷаримабандӣ шудаанд.

Акс аз сомонаи mvd.tj гирифта шудааст.
Акс аз сомонаи mvd.tj гирифта шудааст.
Тарҳи «Шаҳри бехатар» рӯзи 31-уми октябр бо иштироки президенти кишвар ифтитоҳ ёфт ва соати 12:00-дақиқаи рӯзи 1-уми ноябр ба фаъолияти худ оғоз намуд.

Бо фаъол шудани ин дурбинҳо, масъулони ин марказ мегӯянд ронандагону шаҳрвандоне, ки қоидаи роҳ, ё тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, дигар наметавонад бо кормандони пулис баҳс кунанд, чунки дар дурбинҳо сабт мешаванд.

Қудратулло Шоев, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (БДА) ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шева ҳам кори маъмурони пулиси роҳро осон мекунад ва ҳам пеши роҳи фасодкориро мегирад. вай гуфт, «Маблағи ҷаримаро Кодекси маъмурӣ муайян кардааст. Барои ҳар як қоидавайронкунӣ ҷарримаи алоҳида пешбинӣ шудааст. Мисол, барои чароғаки роҳнаморо сурх гузаштан аз 3 то 5 маоши ҳадди ақал ҷарима дорад. Се маоши ҳадди ақал 120 сомонӣ мешавад, 5 маоши ҳадди ақал - 200 сомонӣ. Барои нақлиётҳои мусофиркашонӣ ҷаримааш аз як то ду нишондиҳанда муқаррар шудааст. Яъне аз 40 то 80 сомонӣ. Дар маҷмӯъ, андозаи ҷарима аз 20 сомонӣ оғоз шуда, то 700 сомон мерасад.»

Маҳбуба Гулова, корманди ин вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» бо техникаҳои пурқуввати замонавӣ муҷаҳаз аст, ки метавонад дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи масъулони БДА, ҳоло дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Шаҳри бехатар», ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» 855 адад камера ё дурбинҳои назоратиро дар роҳҳои пойтахт насб кардааст. Ин тарҳ 22 миллион доллар харҷ дошта, аз ҳисоби қарзи давлатии Тоҷикистон аз Чин амалӣ мешавад. Ҳадафи аслии иҷрои ин лоиҳа, таъмини амнияти сокинон ва назорат бар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG