Аксаран, нархи маҳсулоте баланд рафтааст, ки дар Афғонистон истеҳсол мешаванд ва онро тоҷирон барои фуруш вориди Тоҷикистон мекунанд.
Тоҷирони афғонистонӣ бештар обҳои ташнашикан, маҳсулоти ороишии дастсохт барои занҳо, навъҳои гуногуни собун ва ширинӣ вориди бозори наздимарзӣ мекунанд. Сокинон мегӯянд, дар чанд моҳи ахир болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Агар се моҳи пеш як зарфи хурди нушокии ташнашикани истеҳсоли кишвари ҳамсоя чор сомонӣ буд, ҳоло нархи он ба ҳафт сомонӣ расидааст.
Дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, барои назорати бозор ва танзими нарх шакли фаъолияти бозорро тағйир медиҳанд.
Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, тасмим доранд, ки бозорро давлатӣ кунанд.
"Яке аз сабабҳои боло рафтани нарху наво аслан ҳамон яклухт харидорӣ кардани молу маҳсулот аз ҷониби баъзе аз соҳибкорон мо ҳаст. Мо фуруши яклухтро манъ кардем, чунки онҳо диданд, ки мо бисёр талабот дорем, нархи молу маҳсулоташонро дар вақти воридот баланд бардоштанд,”—гуфт ӯ.
Саидвалӣ, як тоҷири афғонистони аз ноҳияи Хоҳони Афғонистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бозори наздимарзӣ тағйири хубе дар зиндагии онҳо ворид кардааст. Ӯ гуфт, дар ин бозор ашёи лозимашонро аз Тоҷикистон мехаранд ва молу маҳсулоташонро мефурушанд. Дар гузашта, ба гуфтаи ӯ, онҳо чунин имкон надоштанд, чун аз деҳоти наздимарзии Афғонистон роҳ ба марказ мушкилгузар аст. Ин тоҷир аз муносибати нохуби марзбонон ва кормандони гумруки Тоҷикистон шикоят кард.
"Вақте фасод зиёд шуд ва аз тоҷир ҳам марзбону ҳам корманди гумрук пул мегирад, ӯ маҷбур аст, нархро боло бардорад. Мо фақат аз раиси ҷумҳурии шумо мехоҳем, ки ҳамин рафтори марзбонон ва кормандони гумрукро тафтиш кунанд. Муносибаташон бо мо дағалона ва таҳқиромез аст. Пора талаб мекунанд ва агар пора надиҳӣ ба бозор роҳ намедиҳанд. Дигар мо аз ҳама чиз розием ва хурсандем, ки бародарони тоҷикистонӣ ба мо чунин имконияти хуб додаанд,"--гуфт ӯ.
Бозори наздимарзии Шамсиддини Шоҳин яке аз панҷ бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон аст, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ҳақ доранд, ба он бидуни раводиду иҷозае биёянду харид кунанд ва молу маҳсулоти хешро бифурӯшанд.
Гуфтугӯ