Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни "даъвои пайғамбарӣ". Парвандаи Шайх Темур дар роҳ ба додгоҳ


"Шайх Темур". Акс аз телевизиони Тоҷикистон
"Шайх Темур". Акс аз телевизиони Тоҷикистон

Мақомот таҳқиқи парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур"-ро, ки гӯиё "даъвои пайғамбарӣ" мекард, ба анҷом расонда, мунтазири хулосаи досдитони кулл будаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур"-ро, ки гӯиё "даъвои пайғамбарӣ" мекард, ба анҷом расондаанд ва қарор аст, барои муҳокима ба додгоҳ бифристанд. Мавлудҷон Солеҳов, яке аз вакилони Саидмаҳдихон Сатторов, рӯзи 9 май ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаро анҷом додаанд ва мунтазири хулосаи додситони кулл ҳастанд, то онро ба муҳокима бифристанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, эҳтимол муҳокимаи Саидмаҳдихон Сатторов аввалҳои моҳи июни соли ҷорӣ шурӯъ шавад. Мавлудҷон Солеҳов дар ҷавоб ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи ҷиноӣ гуфт, ба далели махфӣ будани он ҳаққи ифшои тафсилотро надорад. Аммо ба қавли ӯ, иттиҳомоти асосӣ дар парвандаи ҷиноӣ ҳамон иттиҳомотест, ки баъд аз боздошти "Шайх Темур" эълон шуд.

Мавлудҷон Солиҳов
Мавлудҷон Солиҳов

Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки муҳокима ошкор сурат мегирад ва ё паси дарҳои баста хоҳад гузашт, Мавлудҷон Солеҳов гуфт, шояд муҳокима ошкор сурат бигирад, зеро ҷиноятҳое, ки содир шудааст, ҷинояти махсусан вазнин ба ҳисоб намеравад. Ин вакили тоҷик дар гузашта аз ҳаққи Асадулло Иброҳимов, ки бо лақаби "муллои ҷодугар" ном баровард ва соли 2013 бо гуноҳи "қаллобӣ" ва озору азияти ҷинсии зане зиндонӣ шуд, ҳимоят кардааст.

Аммо Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла "тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон", "монеъ шудан ба таҳсили фарзандон" ва "бисёрзанӣ" муттаҳам мешавад. Ӯро рӯзи 16 феврал дастгир карданд ва ба гуфтаи додрасон ӯ иттиҳомот дар бораи монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва бисёрзаниро эътироф кардааст. Саидмаҳдихон Сатторов 10 рӯз баъд аз пахши як филми мустанади нимсоатӣ дар бораи ӯ дастгир шуд, ки зоҳиран аз тарафи маъмурони амниятӣ наворбардорӣ шудааст.

Дар ин филм гуфта мешуд, рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Дар ин филм ровӣ мегӯяд: "Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад. Ба эътиқоди бародарони аҳли ташайюъ Имом Маҳдӣ имоми дувоздаҳум буда аз насли Пайғамбар (с) аст. Ва ҳангоми омаданаш қиёмат фаро мерасад." Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" номида мегуфтанд, ӯ ва муридонаш, ки саллаи кабуд мебастанд, тавонистаанд, садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми ноогоҳ зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Дар ин филми мустанад зери унвони “Ривояти Шайх Темур” гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда ва барои як ҳамсараш хона сохтааст. Ҳамчунин занеро нишон доданд, ки гӯиё ҳамсари Шайх Темур будааст ва ӯро баъдан бемори рӯҳӣ гуфта, ба тимористон овардаанд.

Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд. Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст.

Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст. Маълум нест, рӯҳонии 65-солаи тоҷик чӣ ҳукме мегирад, вале барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон дар Тоҷикистон ҷаримаҳои бузург, барои бисёрзанӣ дар Тоҷикистон то 2 соли зиндон ва барои тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми бузург аз 15 то 20 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG