Шайхи ҷомеаи Ал-Азҳар дар Миср Аҳмад Ат-Таййиб мегӯянд, нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико на танҳо бояд бо гурӯҳи Давлати исломӣ, балки бо тамоми гурӯҳҳое, ки боиси бадномии ислом ва динҳои дигар мешаванд, мубориза кунанд.
Шайх Аҳмад Таййб ин матлабро рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси уламои 120 кишвари ҷаҳон, ки дар Қоҳира -- пойтахти Миср баргузор шуд, баён кард. Дар ин нишаст даҳҳо тан аз уламои динҳои мухталиф иштирок карда ва гурӯҳҳои тундравро ба бадномии динҳо маҳкум намуданд.
Шайхи Ал-Азҳар дар ин конфронс гуфт, гурӯҳи тундрави Давлати исломӣ ки бо номи ислом хушунат карда ва даст ба куштор мезанад, боиси бадномии мусалмонон дар саросари ҷаҳон мешавад. Вай афзуд, аъмоли ин гурӯҳ ба арзишҳои исломӣ дар сароси ҷаҳон латма ворид мекунад.
Конфронси уламои динӣ дар Қоҳира дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳамакнун дар бисёре аз нуқоти Ховари Миёна нооромиҳо идома дорад ва гурӯҳҳое таҳти шиорҳои динӣ ба куштор ва хушунат даст мезананд.
Дар гузашта низ олимони бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла бархе аз рӯҳониёни тоҷик алайҳи хушунат ва куштор ба номи ислом, фатвоҳо содир карда буданд.