Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар рӯз 7 зан дар Суғд қурбони хушунат мешавад (ВИДЕО)


Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон аз санаи 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро роҳандозӣ мекунанд.

Дар чорчӯби маъракаи "16 рӯзи зидди зӯроварӣ" дар Тоҷикистон як идда чорабиниҳои маърифативу иттилоотӣ ба хотири коҳиши хушунат дар оила ва ҷомеа доир хоҳад шуд. Меҳринисо Салимова, аз он ҷавонзанони суғдиест, ки зарарҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ дар оиларо дар ҷисму ҷони худашу кӯдаконаш эҳсос кардааст. Хонум Зоирова, ки ному насабашро бо хоҳиши худи ӯ дигар кардем, мегӯяд, шавҳараш зиёд шароб менӯшид ва ӯву фарзандонашро лату кӯб мекард: “Шавҳарам вақте беҳад зиёд шароб нӯшида ба хона меомад, маро дар пеши чашми кӯдаконам зери мушту лагад мегирифт. Писари калонии 12-солаам тарсида, забонаш лакнат пайдо кард”, мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи хонум Салимова, шавҳараш дар синни 37 бо роҳи худкушӣ тарки дунё кард.

Саноат Бобоева, дигар модари суғдист, ки мегӯяд, шавҳараш болои ӯ ҳамсари дигар гирифт ва зану ду фарзандашро дар фасли сармо аз хонаашон ба кӯча ронд. Хонум Бобоева мегӯяд: “Ман бо ду фарзандам дар кӯча мондам. Ҳар шабро дар хонаи ягон хешу шиносамон ё хайрхоҳон рӯз мекунем. Духтарам сармо хӯрда бемор шуд. Писарам як моҳ ба мактаб нарафт”.

Аммо ин зани суғдӣ баъди чанд моҳи ҳақталошӣ тариқи додгоҳ тавонист ҳаққи худро аз шавҳараш рӯёнад ва як хонаи якҳуҷраии шавҳарашро ба даст орад. Ҳоло вай бо духтараш дар ошхонае кор мекунад ва писарашро ҳам ба мактаб додаанд.

Малика Мирзобаҳодурова, раҳбари созмони занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, мисли Меҳринисову Саноат занони хушунатдида ба онҳо зиёд муроҷиат мекунанд. Вай мегӯяд: “Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки хушунат ва зӯроварӣ дар оила барои ҷомеа паёмадҳои манфӣ дорад. Пош хӯрдани оила, костани муҳаббат байни аъзои оила ва бад шудани муносибат байни онҳо, ки ҳатто бархеро то худкушӣ мерасонад, оқибати манфии зӯроварию хушунат дар оила аз сӯи шавҳар ё зан аст”.

Хушунат ва ҷанҷолҳои оилавӣ аз сабабҳои асосии афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ ва ҷинояткории ноболиғон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон унвон мешавад. Маркази занони “Гулрухсор” дар Хуҷанд ягона созмонест, ки ба афроди мавриди зӯроварӣ ва хушунат қароргирифта муваққатан сарпаноҳ медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти онҳо ба таври ройгон ёриҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад.

Ба маълумоти масъулони ин марказ, дар 10 моҳи аввали соли равон тавассути телефони “Боварӣ”-и онҳо, ки давоми шабонарӯз фаъол аст, беш аз 2 ҳазор 200 афроди мавриди зӯроварӣ қароргирифта ё муҳтоҷи маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дар мушкилоти мухталифи оилавӣ ва иҷтимоӣ муроҷиат кардаанд. Ин, ба ҳисоби миёна, 7 ҳодиса дар 1 рӯз аст. Сабоҳат Бобоҷонова, равоншиноси ин марказ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба 62 нафар занон ва кӯдакони дар оила ва ҷомеа мавриди зӯроварӣ қароргирифта сарпаноҳи муваққатӣ додаанд.

Хонум Бобоҷонова баргузории маъракаҳои алайҳи зӯроварию хушунатро аз он нигоҳ, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ҳалли ин мушкил ҷалб мекунад, муҳим медонад: «Корҳои дохилӣ, беморхона ё кумитаи маҳалла меоянд. Бояд ки корбарӣ ба таври дастҷамъона бошад. Бояд мо ҳама бар зидди зӯроварӣ дар оила аз як гиребон сар бароварда кор барем. Ғайр ин ин мо бояд бо воситаҳои ахбори умум ҳамкории зич дошта бошем. Чунки як сабаби асосии ҷой доштани хушнат дар оила ва ҷомеаи мо, аз надонистани қонун ва ҳуқуқҳои худамон аст”.

Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ» дар "Кохи Ҷомӣ"-и Душанбе бо намоиши аксҳо дар мавзӯи рӯзгори зани имрӯзаи тоҷик ва конфронсу консерт бо иштироки бархе ситораҳои мусиқӣ ва дар шаҳри Хуҷанд - бо баргузории як маҳфил дар маркази занони “Гулрухсор” оғоз ёфт. Бино ба иттилоияи ин марказ, ин маърака дар вилояти Суғд бо тақсими варақаҳои иттилоотӣ дар байни сокинон, мулоқоти мақомоти масъул, ҳуқуқшиносону равоншиносон бо табақаҳои мухталифи аҳолӣ ва баргузории аксия алайҳи хушунат идома хоҳад дошт.

Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аз рӯзи 25 ноябр то 10 декабр бахшида ба қабули Эъломияи бартарафсозии ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон, маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи зӯроварӣ» доир мегардад. Соли 1999 Созмони Милали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон, ба хотири куштори хоҳарон - Мирабэллаҳо аз кишвари Доминикан эълон намуд. Баъди 16 рӯз хотима ёфтани ин маърака ба он хотир аст, ки 10 уми декабр Рӯзи байналхалқии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон аст.

"16 рӯзи зидди хушунат"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

XS
SM
MD
LG