Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои маъмурӣ барои зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ


Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонун дар бораи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила"-ро ба тасвиб расонданд.

Вакилони парлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагиро, ки ду сол пеш ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонданд. Вакилони маҷлис мегӯянд, қонуни нав ба коҳиши зӯроварӣ ва ноҳаққиҳо дар оила мусоидат хоҳад кард ва бештар хосияти пешгирикунанда дорад ва ёрии ҷомеаро ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ пешбинӣ мекунад.

Насрулло Маҳмудов, яке аз муаллифони ин тарҳ, гуфт, ин қонун ҷазои хосеро барои хушунати хонаводагӣ пешбинӣ накардааст. Вале мегӯяд ӯ, вакилон бо назардошти қонуни нав ба қонунҳо дар бораи "милиса" ва "ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" баъзе тағйирот ворид карданд, ки бино бар онҳо гунаҳкорони хушунати хонаводагӣ аз 80 то 200 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. “Дар сурати такрори амалашон онҳоро аз 200 то 400 сомонӣ ҷарима ё аз 5 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ интизор аст”,-гуфт вакил.

Ҷаноби Маҳмудов мегӯяд, қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ чораҳои пешгирӣ аз хушунат ва роҳҳои расондани кумаки тиббию равонӣ ва ҳуқуқӣ ба афроди осебдидаро муайян кардааст, ки муҳимтаринашон инҳоянд: “Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта, ба мақомоти умури дохилӣ овардани омили хушунат, амрномаи муҳофизатӣ, дастгиркунии маъмурӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, васоят ё парасторӣ ва ғ.”

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар ҷараёни муҳокимаи ин тарҳ гуфт, қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ хуб аст, вале набояд баъзе одати тоҷикон аз миён бурда шавад. Ӯ мегӯяд, “мо нагузорем, ки ин самт моро ба Аврупо бибарад, ки барои як торсакии сабукак кӯдаконро аз падару модар ҷудо мекунанду онҳоро ба интернат медиҳанд. Мо бояд дар ин маврид эҳтиёт бошем. Ин дар Ғарб ҳаст, дар Финландия ҳаст, мо онро дидем. Мо бояд аз ин ҳама пешгирӣ кунем.”

Яке аз нуктаҳои дигари муҳим, аммо баҳсбарангези ин тарҳ, ташкили паноҳгоҳҳо барои занони хушунатдида аст. Насрулло Маҳмудов, вакили парлумон, мегӯяд, аз сабаби он ки ба паноҳгоҳҳо рафтани занон метавонад баъзан бо талоқ анҷом ёбад, онҳо дар қонун таъкид кардаанд, чунин паноҳгоҳҳо беҳтар аст дар бемористонҳои марказии шаҳру навоҳии кишвар ташкил шавад. Нурулло Орифов, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки дар Маҷлиси намояндагон суҳбат мекард, гуфт, дар ҳоли ҳозир бо кумаки молии созмонҳои хориҷӣ наздик ба 30 маркази ёрмандӣ ба занони хушунатдида ва паноҳгоҳҳо дар Душанбеву Хуҷанд ва Хатлон фаъоланд. Ба қавли ӯ, ба дунболи таъсиси чунин марказҳо ва паноҳгоҳҳо шикояти занон аз озору азият дар хонавода афзуда, танҳо дар соли ҷорӣ 55 мавриди хушунати занон сабт шудааст.

Назари Гулҷаҳон Бобосодиқова ба Қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки бархе аз занон мегӯянд, зӯроварию ноҳаққиро дар хонавода ба хотири ҳифзи оила ва ояндаи фарзанд тоқат мекунанд. Қонуни нави Тоҷикистон дар бораи пешгирии хушунати хонаводагӣ бо омӯзиши таҷрибаи чанд кишвар, аз ҷумла Қазоқистон таҳия шудааст. Аммо коршиносони қазоқ мегӯянд, ду соли татбиқи қонуни мазкур дар пешгирии хушунати хонаводагӣ дар ин кишвар натиҷаҳои назаррасе ба бор наовардааст.

Навор аз бойгонии "Озодӣ": То кай хушунат мекунем?

То кай хушунат мекунем?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:55 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG