Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон зидди 7 тоҷики боздоштшуда парванда боз мекунад


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, зидди 7 шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки се тани онҳо афсарони Оҷонсии зидди маводи мухаддиранд, парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.

Намояндагони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон мегӯянд, ба муқобили 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷумлаи 3 афсари Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ва талоши қочоқи 180 килограмм симоб парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Се шаҳрванди Қирғизистон низ ҳамчун шарикони ҷиноят боздошт шудаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳо феълан дар маҳбаси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин мақомот гуфтаанд, ки маъмурони интизомии Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро рабуда, ба шаҳри Хуҷанд бурдаанд ва онҳоро ба қочоқ муттаҳам мекунанд. Қарор аст, рӯзи 2 май намояндагони расмии ду кишвар ин воқеаҳоро баррасӣ кунанд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон то ҳанӯз дар робита ба боздошти 4 шаҳрванд ва 3 афсар вокуниши расмӣ нишон надодаанд. Танҳо як манбаъ дар Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон ба шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, афсарони Оҷонсии зидди маводи мухаддир ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ боздошт шудаанд

Аз ин пеш Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълон кард, ки ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла се корманди Оҷонсии зидди маводи мухаддирро боздошт кардааст. Гулмира Борубаева – намояндаи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон 1 май ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо се қирғиз барои қочоқи 180 кило симоб муттаҳам мешаванд.

Ӯ афзудааст, "дар маҷмӯъ, нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон буда, аммо ҳангоми дидани марзбонҳои қирғиз ду нафарашон пинҳон шудаанд." Ин мақоми марзбонии кишвари ҳамсоя иддао дорад, сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир, ғайриқонунӣ сарҳади Қирғизистонро убур кардаанд.

Дар оғоз мақомоти Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба дуздӣ ё асир гирифтани ду сокини рустои Қарабоғи вилояти Бодканди ҳаммарз бо Исфара муттаҳам карданд. Онҳо гуфтанд, гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон шоми 30 апрел ғайриқонунӣ ба ҳудуди Қарабоғ ворид шуда, Темирбой Маматқулов ва Бекҷон Бекишевро бо худ бурдаанд. Сокинони рустои Қарабоғ низ ба хабаргузориҳо, аз ҷумла "Турмуш" гуфтаанд, “дарҳол марзбонҳои Қирғизистон расида омаданд ва чаҳор нафари онҳоро боздошт намуданд.” Ин хабар ҳоло бо қочоқи 180 кило симоб иваз шудаааст.

Пештар талоши қочоқи симоб тобистони соли 2012 ба боздошти се шаҳрванди Қирғизистон ва аз тарафи наздикони онҳо гаравгон гирифта шудани гурӯҳе аз сокинони Исфара дар рустои Қарабоғ мунҷар шуда буд. Он вақт низ зиёда аз 100 шаҳрванди Қирғизистон бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо даст ба тазоҳурот зада буданд.

Чанд моҳи охир вазъ дар арзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ором буд ва тарафҳо дар чандин даври гуфтушунид шеваи таъин ва аломатгузории марз, бунёди роҳ ва пулҳои нав барои осон кардани убуру мурури шаҳрвандони худро баррасӣ мекунанд.

То ҳоло аз 976 километри марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 351 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад.

Ҳарду тараф эълом медоранд, ки набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳарду ҷониб омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар намоянд.

Бори охир мушкили марзӣ дар дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд. Пеш аз он дар марзи байни Исфара ва Бодканд чандин ҳодисае сар зад, ки ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон сабаб шуд.

XS
SM
MD
LG