Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастархони наврӯзии тоҷикону қирғизҳо дар Бодканд ва Исфара


Ҷашни Наврӯз дар Бодканди Қирғизистон
Ҷашни Наврӯз дар Бодканди Қирғизистон

Мақомоти Бодканд ва Исфара якдигарро барои иштирок дар таҷлил аз маросимҳои Наврӯзӣ дар рӯзҳои 21- ум ва 22-юми март даъват кардаанд.

Мақомоти давлатии Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон якдигарро барои ширкат дар иди Наврӯз ба меҳмонӣ даъват кардаанд. Ҳарду тараф ширкатро дар ин маросимҳо тасдиқ кардаанд ва қарор аст, ҷашн дар Бодканд рӯзи 21-ум ва дар Исфара 22- юми март баргузор шавад.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин даъват аз ҷониби исфарагиҳо бо дилгармӣ пазируфта шуда, рӯзи шанбеи 21 – юми март як ҳайат аз мақомот ва афроди бонуфузу фаъолони ин ноҳия барои табрики наврӯзӣ ва иштирок дар маросимҳои ҷашнӣ озими Бодканд хоҳанд шуд. Ҳамчунин, рӯзи якшанбеи 22 - уми март, ки ҷашни Наврӯз дар шаҳри Исфара таҷлил мешавад, меҳмони бодкандиро даъват кардаанд ва он ҷониб омодагии худро изҳор доштааст.

Илова ба ин рӯзҳои 23-юм ва 25-уми март дар мавзеъҳои Чоркӯҳ ва Гулистони Исфара мусобиқаҳои гӯштин ва аспдавонӣ баргузор хоҳад шуд ва барои ширкат дар онҳо варзишгарони қирғиз аз Бодканд даъват шудаанд. Дар канори ин мақомот ва куҳансолони ҷамоатҳои Чоркӯҳи Исфара ва Самарқандак низ ҳамдигарро ба сари дастархонҳои наврӯзии худ даъват кардаанд. Интизор меравад дар ин ҳамоишҳои идона тарафҳо ҳамдигарро бахшанд ва пояҳои дӯстию ҳамсоягии некро тақвият диҳанд.

То сард шудани муносибатҳо миёни сокинони марзии Исфараву Бодканд дар соли гузашта дар пайи муноқишаҳои марзӣ сокинони ин ду минтақаи ҳамсоя ҷашну маросимҳои ҳамдигар, ба хусус ҷашни умумии солинавии ниёгон - Наврӯзро дар канори гирди як хони наврӯзӣ истиқбол мекарданд.

Ҳоло ба гуфтаи мақомоти Исфара, мушкилот ва моҷароҳои марзии соли гузашта дар ин минтақа бо роҳҳои созишу ҳамдигарфаҳмӣ паси сар гузошта шуда, Наврӯзи имсоларо мақомот ва сокинони одии Исфараву Бодканд бо рӯҳияи хушу умед ба ҳамзистиву ҳамкориҳои бештар дар оянда пешвоз мегиранд.

Қабл аз ин дар аввалҳои моҳи феврали соли равон мақомоти Исфараву Бодканд дар як мулоқот дар мавриди доир кардани вохӯриҳои доимӣ ба хотири таъмини оромиву субот дар марз ва ҳалли зуд ва саривақтии мушкилоти марзии пешмеомада тасмим гирифта буданд. Рӯзи 9 - уми феврал як ҳайат аз раисони Исфараву 3 ҷамоати марзии ин ноҳия барои нахустин дидор ва табрики раиси навтаъини Бодканд Кенеш Солеҳов ба Бодканд рафта, бо мақомоти қирғиз масоили беҳтар кардани муносибатҳои мардуми минтақаро баррасӣ карданд. Дар ин нишаст раисони Исфараву Бодканд гуфтанд, ки чанд моҳи охир сокинони марзии ин ду ноҳияи ҳамсояи сарҳадӣ ором ва бе ҷанҷолу муноқиша зиндагӣ доранд ва дар оянда ҳамзистиву ҳамкориҳои байни ҳамро густариш хоҳанд дод.

Бори охир мушкили марзӣ дар дар маҳаллаи “Баҳор”-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд. Пеш аз он дар марзи байни Исфара ва Бодканд чандин ҳодисае сар зад, ки ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон оид шуд. Сабаби ин ҳолро коршиносон дар он мебинанд, ки марзи байни ду давлат дақиқ нашудааст.

То ҳоло аз 976 километри марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 351 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад. Ҳарду тараф эълом медоранд, ки набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳарду ҷониб омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар кунанд.

XS
SM
MD
LG