Додгоҳе дар Қрим рӯзи 22-юми сентябр журналисти ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Микола Семенаро бо иттиҳоми ҷудоиандозӣ гунаҳкор эълон кард ва ӯро ба мӯҳлати 2,5 соли шартӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Ин парвандаро дар Ғарб ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ интиқод карданд.
Қазияи Семена аз тамоми дигар таҷрибаҳои хомӯш кардани садои мунаққидон дар Қрим ёдоварӣ мекунад
Бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, ки Микола Семенаи 66-сола инчунин ба мӯҳлати се сол аз ҳақи фаъолияти ҷамъиятӣ маҳрум шуд ва зоҳиран ин ҳукм ба кори журналистии ӯ ҳам дахл дорад.
Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин қарори додгоҳро маҳкум ва онро "бахше аз маъракаи мақомоти Русия барои пахши садои афроди мустақил" номид. Ӯ рӯзи 22-юми сентябр дар як изҳорот гуфт, "муҷозоти Семенаро муассисаҳои байналмилалӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, аъзои порлумону ҳукуматҳо маҳкум карданд. Ин муҷозот имкон надод, Семена аз ёрии таъҷилии тиббӣ, ки ниёз дошт, баҳраманд шавад. Ин ҳукм ҷиддитар аз ҳабс ва поймол намудани ҳуқуқи озодии баён ва меъёрҳои байналмилалӣ аст. Мо айбномаи ӯро беасос хонда, интизор дорем, ки ҳукмаш аз эътибор соқит хоҳад шуд."
Вакили дифои Семена Александр Попков гуфт, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мекунад. Иттиҳоми ҷудоиталабӣ ба мақолаи Семена рабт мегирад, ки соли 2015 дар вебсайти Krym.Realii нашр шуд. Додситоне, ки аз ҷониби Русия таъин шудааст, ин мақоларо ба нақзи тамомияти арзии Русия муттаҳам мекунад.
Семена гуфтааст, ки ин иттиҳом дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, мақомоти Русия матни ӯро аз украинӣ нодуруст тарҷума кардаанд.
Изҳороти видеоии президенти Радиои Озодӣ:
Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалии мудофеи озодии баён дар робита ба ин қазия изҳори нигаронӣ кардаанд. Дуня Миятович, намояндаи озодии матбуот дар САҲА, оғози соли ҷорӣ гуфта буд, ки “қазияи Семена аз тамоми дигар таҷрибаҳои хомӯш кардани садои мунаққидон дар Қрим ёдоварӣ мекунад”.
Созмони Human rights advocates гуфт, Русия ва мақомоте, ки аз ҷониби Маскав дар Қрим нишонда шудаанд, маъракаи фишорро ба роҳ мондаанд ва ин маърака мухолифони ишғоли Қрим, аз ҷумла тоторҳои Қрими бумии ин қаламрав, матбуоти мустақил ва журналистонро ҳадаф қарор додааст.
Моҳи майи соли 2014 як фаъоли ҷамъиятӣ ва филмсоз Олег Сентсов аз ҷониби хадамоти амнияти Русия боздошт ва каме баъдтар бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Сентсов, ки дар Қрим таваллуд ва бузург шудааст, мухолифи ишғоли Қрим, як нимҷазираи Украина садо баланд кардааст.